ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. ТАШРИФИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА РУШДИ САНОАТ ТАКОНИ ҶИДДӢ БАХШИД

ВМКБ. ТАШРИФИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА РУШДИ САНОАТ ТАКОНИ ҶИДДӢ БАХШИД

29 сентябр 2023, Ҷумъа
13
0


То 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ ва навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони 92 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин корхонаҳо  1437 ҷойи нави кор фароҳам оварда мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори  “Ҷумҳурият” Ҳабиб Чоршанбеев,  мудири шуъбаи саноат, энергетика ва  коммуникатсияи МИҲД-и вилоят, иттилоъ дод. 
Номбурда,  ҳамчунин,  зикр кард, ки  танҳо соли 2023 дар вилоят ба истифода додани 29 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ бо 374 ҷойи нави корӣ дар назар аст. Таъкид гардид, ки дар арафаи ташрифи навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят, рӯзҳои 9 ва 10-уми август дар шаҳру ноҳияҳо 10 корхонаи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд. Дар асоси дастуру супоришҳои  Пешвои муаззами миллат рӯзҳои 11 ва 12-уми августи соли равон дар шаҳри  Хоруғ Форуми байналмилалии  соҳибкориву сармоягузории “Помиринвест-2023”  баргузор гардид, ки дар он 36 созишнома ва тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ ба имзо расид. Як сол пеш дар ин Форум 28 шартномаву тафоҳумнома  дар ҳаҷми наздики як миллиард сомонӣ баста шуд. То ҳол 12 созишнома бо маблағи 210 миллион сомонӣ амалӣ гардид ва кор дар самти татбиқи 14 лоиҳа идома дошта,  оғози роҳандозии 2 лоиҳаи дигар ба маблағи  8,6 миллион сомонӣ то охири соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Дар  арафаи Ҷашни Истиқлоли  давлатӣ дар ноҳияи Мурғоб бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 600 кВт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. Барои амалисозии ин лоиҳа  аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд беш аз 1 миллиону 379 ҳазор  доллари амрикоӣ  равона  гардид. 
Дар соҳаи саноати дорусозӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахши аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ дар вилоят 4 корхонаи дорусозӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш (коркарди ангат) фаъолият менамояд. Ин имкон медиҳад, маҳсулоти худӣ, ки то ҳол бештар дар шакли коркардношуда ба хориҷи кишвар интиқол меёфт, дар  вилоят коркард шуда, боз чандин нафар бо ҷойи кор таъмин гардад. ҶДММ “Гулчеҳра” аз ҷумлаи чунин коргоҳҳо мебошад, ки дар ноҳияи  дурдасти  Ишкошим фаъолият дорад. Ин корхона имсол 500 килограмм равғани ангат ба бозор баровард ва имкон дорад маҳсулоташро бамаротиб зиёд намояд. Бо мақсади таъмини корхонаҳои мазкур бо маҳсулоти хом ва афзоиши иқтидори истеҳсолии онҳо  Алишер Мирзонабот, раиси вилоят, ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, идораву муассисаҳои дахлдор супориш дод, ки ҷамъоварии хучу ангат ва дигар гиёҳҳои шифобахшро, ки дар ҳудуди вилоят хеле зиёданд,  вусъати тоза бахшанд.
Солҳои охир дар вилоят, ҳамчунин,  ба ташкили  корхонаҳои дӯзандагӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Имрӯз дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят  коргоҳҳои дӯзандагӣ фаъоланд, ки аксари онҳо ба дӯхти либоси мактабӣ махсусгардондашуда мебошанд. Масалан, дар ноҳияи  Мурғоб бо дастгирии  Пешвои  миллат коргоҳи дӯзандагии “Салтанат” иловатан бо 16 мошини дӯзандагӣ таъмин гардид. Имрӯз дар ин ҷо 20 нафар зани хонашин соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид. Корхона  дар нуҳ моҳи соли равон  бештар аз 500 либоси мактабӣ ва зиёда аз 100 либоси тиббиро ба фурӯш бароварда, истеҳсоли маҳсулоти он рӯ ба афзоиш дорад.
Барои таъмини талаботи бозори дохилӣ бо сангҳои бинокорӣ ва дар ояндаи наздик истихроҷ кардан ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани сангҳои ороишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои муайян анҷом дода шуданд. Айни ҳол  дар самти истеҳсоли маҳсулоти бинокорӣ ва сангҳои ороишӣ дар вилоят 11 корхона  фаъолият дорад. Соли равон  дар  ҳузури  Пешвои миллат боз як корхонаи нави коркарди сангҳои ороишӣ ва бинокорӣ дар шаҳри Хоруғ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин имкон медиҳад, ки дар бунёди иншооти вилоят аз маҳсулоти худӣ  бештар истифода шавад.
Мавриди зикр аст, ки дар 9 моҳи соли равон 94 корхона ва коргоҳи саноатии вилоят, тибқи ҳисоботи оморӣ, ба маблағи беш аз 110 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Ба рушди саноат, раванди созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳру деҳоти  ВМКБ,  махсусан  ташрифи қарибулвуқуи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба вилоят такони ҷиддӣ бахшид. Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ҳақиқат,  ба  марҳалаи нави рушд ворид гардид.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 28.09.2023 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив