ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САЙЁҲӢ.  ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТИ САМТИ ОМОДАСОЗИИ КАДРҲО

САЙЁҲӢ.  ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТИ САМТИ ОМОДАСОЗИИ КАДРҲО

29 сентябр 2023, Ҷумъа
54
0

Солҳои охир дар мамлакат дигаргуниҳои ҷиддие ба амал омаданд, ки ба соҳаи сайёҳӣ бетаъсир намонданд. Ин соҳаи наву бо суръат рушдёбанда зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи нави рушд ворид шуд, ки ба ҳамагон рӯшан аст. Вале, бо вуҷуди пешравию дастовардҳои назаррас, соҳа ҳоло ҳам ба мутахассисони ҳирфаӣ ниёз дорад. Сабаби инро мо кӯшиш кардем ба хонандагон равшан намоем.

ДАСТОВАРДҲО ЗИЁДАНД, АММО…
Соҳаи сайёҳӣ чанд соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳиши бузург кард. Пас аз таъсиси сохтори ваколатдори рушди соҳа, дар кишвар якбора зиёд шудани шумораи сайёҳони хориҷӣ ба мушоҳида расид. Тибқи маълумоти оморӣ ин рақам дар соли 2019 ба беш аз 1 миллион нафар ва баъдан, пас аз пандемия ҳам, нишондиҳандаҳои воридшавии сайёҳон хуб арзёбӣ шуд. Чунончи, соли 2022 теъдоди шаҳрвандоне, ки ба ҳайси сайёҳ ба ҷумҳурӣ ворид шуданд, 999,3 ҳазор нафарро ташкил дод. Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ низ, ин шумора рӯ ба афзоиш дошта, 487 ҳазору 403 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 214 ҳазору 314 нафар ё 34,2 фоиз зиёд мебошад.  Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи ваколатҳои худ дар ин муддати кӯтоҳ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, сайёҳиро дар кишвар ба марҳалаи сифатан нави рушду пешрафт ворид намуд. Вале, бо вуҷуди ҳамаи ин пешравиҳо, ҳоло ҳам коршиносон аз норасоии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.

САБАБҲОИ НОРАСОИИ КАДРҲОИ СОҲА
Моҳира Қодирова, дотсенти кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мегӯяд, ки аксар вақт духтарон баъди хатми Донишгоҳ ба шавҳар мебароянд ва бинобар вазъи оилавӣ шояд 20 фоизи онҳо ба кор раванд. Писарҳо бошанд, баъди хатм барои адои хизмат мераванд. Баъди бозгашт, аллакай, фикррониашон дигар шуда, бисёриҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Лекин, дар хориҷи кишвар ҳам бошад, онҳо, асосан, дар соҳаи сайёҳӣ – бештар дар меҳмонхонаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, маҷмааҳои сайёҳии Россия, Туркия, Дубай кор мекунанд. 
Чунин дониста мешавад, ки агар 60 дарсади хатмкардаҳои Донишгоҳ дар соҳаҳои таҳсилкардаашон кор кунанд, ин нишондиҳандаи хуб аст. Бо назардошти ин нишондиҳанда ва омилҳои болозикр мо наметавонем гӯем, ки бо мутахассисони соҳибтахассус бозори хизматрасонии сайёҳии кишварро таъмин менамоем, зеро, аз ҳамон 60 дарсад, тақрибан 50 фоизашон аз кишвар баромада мераванд. 
Сабаби дигар ин, ки маош ночиз аст. Ғайр аз ин, ширкатҳои сайёҳӣ ҳамаашон шахсианд ва аксаран танҳо барои гирифтани иҷозатнома мутахассисони маълумотдорро даъват мекунанд. Баъди як муддат кор кардани мутахассис, бастани шартномаҳо, омодасозии турпакет дигар мутахассис лозим намешавад. Боқӣ мутахассисро ҷавоб медиҳанд. Дигар ин, ки баъди додани иҷозатномаи фаъолият ба ширкати сайёҳӣ, назорат аз ҷониби давлат бурда намешавад. Дар ҳамин ҳол, вазъ дар меҳмонхонаҳо беҳтар аст. Хатмкардаҳо дар меҳмонхонаҳо ба таври доимӣ кор мекунанд. 
Коршиносон бар он назаранд, ки дар соҳа на ҳамеша мутахассисони соҳибтахассус кор мекунанд, зеро аксаран сайёҳӣ ба бахши хусусӣ тааллуқ дорад ва кормандон ба хоҳишу завқи соҳибмулкон ба кор қабул карда мешаванд, ки на ҳамеша мувофиқи мақсад аст. Чунончи, Фаридун Ҳамроев, менеҷери ширкати сайёҳии «Расул Тур», мегӯяд, ки норасоии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ маҳз дар кам будани роҳбаладон, менеҷерон ва, ҳатто ронандагони касбӣ зоҳир мешавад. Ба гуфтаи ӯ, кормандони объектҳои сайёҳӣ аз пешхизмат сар карда то менеҷерон бояд соҳибтахассус бошанд.  

ОЁ ХАТМКАРДАГОН ҶАВОБГӮИ БОЗОРИ ХИЗМАТРАСОНӢ ҲАСТАНД?
Имрӯз дар аксари донишгоҳҳои ҷумҳурӣ кадрҳои риштаи сайёҳӣ омода карда мешаванд. Ба андешаи коршиносон, бо вуҷуди он ки феълан аксари донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат факултет ё кафедраҳои вобаста ба соҳаи сайёҳӣ доранд, на ҳамаи хатмкардаҳои ин донишгоҳҳо ба талаботи бозори хизматрасонии сайёҳӣ ҷавобгӯанд. 
Бино ба гуфтаи Моҳира Қодирова, аввалан, онҳо ягон базаи таҷрибаомӯзӣ надоранд. Дуюм ин, ки худи устодону муаллимон тайёр нестанд: якеаш иқтисодчӣ, дигаре забондон, сеюмин географ ва ғайра. Яъне, аз нозукиҳои сайёҳӣ дур, ба ин восита мутахассиси комил тайёр намешавад. Дар ҳамин ҳол донишгоҳҳое, ки бо корфармоҳо (субъектҳои хизматрасонии соҳа) (кумита, меҳмонхонаҳо, комплексҳои сайёҳӣ, инчунин бо хориҷиён) шартнома доранд, онҳо мутахассисони хуб тайёр мекунанд. Масалан, донишҷӯёне, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро хатм мекунанд, албатта нафарони фаъол, ба бозори хизматрасонии сайёҳӣ ҷавобгӯанд, вале боқимонда хатмкардагон ҳам назар ба хатмкардагони дигар донишгоҳҳо бамаротиб беҳтаранд, зеро ин ҷо тамоми шароити таълиму илмомӯзӣ фароҳам оварда шуда, беҳтарин устодон барои омӯзондани онҳо ҷалб гардиданд. 

ЧӢ МЕТАВОН КАРД?
Моҳира Қодирова мегӯяд, ки дар тадқиқоти чанд сол пеш бурдаашон, танҳо базаи сайёҳии Варзоб 400 нафар коргарро дар бар мегирифт. Шуруъ аз менеҷер, то аниматору ғайраҳо. Ҳозир чунин нест. Ҳамин пойгоҳи сайёҳӣ холӣ аст. Мумкин як-ду нафар кор мекунад. Ин танҳо як мисол аст. Чунин объектҳои мо бисёранд. Агар ҳамаи онҳо пурра фаъолият мекарданд, мумкин ки ҳам донишҷӯён ҷойи кор меёфтанд, ҳам сифати хизматрасонӣ баланд мешуд. 
Воқеан ҳам, мавзеъҳои сайёҳии кишвар имкони фаъолият дар тамоми солро доранд, на танҳо дар мавсими гармо. Дар сурати аз рӯйи иқтидори мавҷуда фаъолият бурдани бинову мавзеъҳо ҳам давлат ва ҳам мардум фоида медиданд. 
Бино ба гуфтаи Фаридун Ҳамроев, барои бартарафсозии норасоии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ бояд дар мавзеъҳои истироҳативу фароғатӣ ва дигар объектҳои хизматрасонӣ курсҳои омӯзишӣ, тренингҳо гузаронда, ба кормандоне, ки ба хизматрасонӣ машғуланд, нозукиҳои кор бо мизоҷону сайёҳонро фаҳмондан лозим аст. 

ХУЛОСА 
Дар ҷаҳони муосир дар баробари пешравии ҷомеа, тараққиёти босуръати илму техника, иқтисоди бозоргонӣ сайёҳӣ низ, пеш меравад. Талабот ба мутахассисони соҳа имрӯз бамаротиб зиёд аст. Барои таъмини соҳа бо чунин мутахассисони баландихтисос таваҷҷуҳ ба таълими онҳо дар ҷойи аввал меистад. Бо назардошти ин, дар ҷумҳурӣ Доишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташкил шуд. Имконият ва шароитҳои Донишгоҳ рӯз ба рӯз зиёд шуда, ҳамкориҳояш ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар таҳкиму густариш ёфта истодаанд. Ин омил имкон медиҳад, ки таълими донишҷӯён дар кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ шавад. Кумитаи рушди сайёҳӣ тариқи барномаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи мазкур курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯи самтҳои гуногуни роҳбалад, пешхизмат, фарҳанги дастархондорӣ бо фарогирии кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, тарабхона ва донишҷӯён ташкил менамояд. Илова бар ин, Кумита бо шарикони рушд дар доираи санадҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории татбиқшаванда ин самтро идома доданӣ аст. Тавре мебинем, давлату Ҳукумати мамлакат барои рушди ҳамаҷиҳатаи соҳа ва таъмини он бо мутахассисони соҳибтахассус чораҳои мушаххасу муассир меандешад. Танҳо соҳибкороне, ки дар ин самт фаъолият мебаранд, соҳибмулкон ва сармоягузорон бояд мутахассисонеро ҷалб намоянд, ки соҳиби маълумоту малакаи муайянанд. Корфармоҳо ба кормандоне, ки бевосита бо мизоҷону сайёҳон кор мебаранд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд, ҳангоми қабул ба кор малакаҳои кории мутахассис ба назар гирифта шавад, зеро танҳо мутахассиси соҳибтахассусу қобилиятноку боистеъдод метавонад боиси рушди соҳа бошад. 

Шаҳноз ҚУРБОН, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 28.09.2023 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив