ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛ

ИСТИҚЛОЛ

29 сентябр 2023, Ҷумъа
7
0

Дари анвори Меҳан бошад Истиқлол!
Дили бедори Меҳан бошад Истиқлол!
Таҷаллои баҳори бехазони мост,
Фари рухсори Меҳан бошад Истиқлол.

Дурахши партави иқболи халқи мост,
Фурӯғи рӯзу моҳу соли халқи мост.
Пас аз зулмоти рӯзу шоми навмедӣ
Тулуи субҳи неки ҳоли халқи мост.

Булӯрин сафҳаи бахти башар бошад,
Шукӯҳи миллати соҳибҳунар бошад.
Миёни сангари номусу шаъну ор
Парафшон парчами фатҳу зафар бошад.

Ҳазорон сол ҷаҳди родмардон буд,
Дурахши руҳи поки он бузургон буд.
Фурӯғе, ки раҳи моро мунаввар кард,
Зи армони ниёкон, аз дилу ҷон буд.

Зи милодаш, ки милоди сурури мост,
Зуҳури ӯ ҳамеша дар ҳузури мост.
Биҷӯшад дар раги мо хуни нангу ор,
Ки бунёдаш зи бунёди ғурури мост.

Кунун мо вориси озодагон ҳастем,
Ки аз чоҳи раҳ, аз зулмот ворастем.
Дигар моро ҳаросе нест дар дунё,
Ки садди душманони хеш бишкастем.

Зи Истиқлол моро қуввати ҷон аст,
Аз ӯ дар хони мо нони фаровон аст.
Баҳори гулфишони зиндагии мо -
Баҳори гулфишони Тоҷикистон аст.
 
ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ

Омад ба дилам башорати Истиқлол,
Пайки фараҳу саодати Истиқлол.
Ҳар субҳ чу Офтоб бо гармии меҳр
Хезам ба салому тоати Истиқлол.

Меҳан зи ҷамоли ӯ шаҳомат дорад,
Гулбоғи ҳавас, хушо, тароват дорад.
Ҳар фасли умеди мо чу милоди баҳор
Дар пайкари гул ҳазор накҳат дорад.

Ӯ ҳаст, ки ҷовидон ҷаҳони Аҷам аст,
Пурнур зи васфи ӯ сиришти қалам аст.
Шодон бирасидем ба сарманзили бахт,
Ин синаи мо дигар на ҷойи алам аст.

Дар чеҳраи ӯ зуҳури бахти миллат,
Худ ӯст наҷоти тоҷу тахти миллат.
Бархост чу офтоби партавафшон
Дар зулмату рӯзгори сахти миллат.

Дар дидаи мо нури умеди Ватан аст,
Дар толеи мо бахти сафеди Ватан аст.
Гарм аст дилу манзили мо аз меҳраш,
Ӯ гармии меҳри поки шеди Ватан аст.

Мо дар талаби бахту бақояш ҳастем,
Подор ба ҷабҳаи вафояш ҳастем.
Бо синаи саршор зи меҳри покаш
Дар зикри ситоишу санояш ҳастем.

Нури фараҳ асту Қамар аст Истиқлол
Дар рӯйи Ватан ҷилвагар аст Истиқлол.
То бар дари фардои тарабзо бирасем,
Бо халқи Ватан ҳамасафар аст Истиқлол.

Рудоба МУКАРРАМ

Санаи нашр: 28.09.2023 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив