ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БО «ДУОИ МОДАР» БА ОРЗУҲОИ ДЕРИНА РАСИДАМ

БО «ДУОИ МОДАР» БА ОРЗУҲОИ ДЕРИНА РАСИДАМ

02 октябр 2023, Душанбе
40
0

  
Дуои модар дуоест, ки аз Замин сӯйи осмонҳо танинандоз аст ва бар гӯши Худованд мерасад. Дуои модар сипарест аз тамоми офату ғамҳо, дуои модар моро то олами хушбахтиҳо мебарад. Дуои модар буд, ки ман тавонистам, дар ин озмуни бошукӯҳ иштирок ва сазовори ҷойи ифтихорӣ гардам.
Ҳанӯз фасли зимистони соли 2022 буд, ки чашмам ба эълоне, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият», нашр карда буд, афтод. Озмун «Дуои модар» унвон гирифта буд, бароям ҷолиби диққат афтод ва ба озмун якчанд чакидаҳои хомаамро фиристодам. Ҳеҷ бовар надоштам, ки дар байни 500 мақола ва шеърҳои адибони номвари кишвар навиштаҳои шогирдонаи ман ҳам диққати ҳакамонро ба худ ҷалб мекунад. 
Вақте хабар доданд, ки шумо бояд ба Хуҷанд барои ҷамъбасти озмун равед, маро ҳаяҷони зиёд фаро гирифт ва бе ягон дудилагӣ розӣ шудам.
Раҳ ба раҳ кӯҳҳои баланд, табиати зебои Тоҷикистонро тамошо мекардам ва меҳру муҳаббатам нисбат ба Ватан бештар мегардид. Бори аввал ба вилояти Суғд мерафтам. Мо аз ағба гузашта ба шаҳри Истаравшан расидем, моро мардуми шарафманд пешвоз гирифтанд. Аз ин дидор ва истиқболи гарм хеле шод гаштем. Баъдан Қалъаи Муғро тамошо кардем. Пас аз он шоми хотирмонеро дар шаҳри бостонии Хуҷанд гузарондем. Ободиҳои шаҳр, биноҳои барҳавову меҳмонхонаи машҳури «Суғдиён», дарахту гулҳои зебо, боғи Камоли Хуҷандӣ – ҳама бароям ошнову пайванд буданд, гӯё ба Хуҷанд борҳо омада бошам. Ниҳоят рӯзи фаромӯшнашаванда ва пур аз эҳсос фаро расид. Мо ба Қасри таърихиву тақдирсози Арбоб ворид шудем.
Барномаи фарҳангии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Дуои модар» дар сатҳи хеле баланд омода шуда буд. Бо таронаҳои пурсӯз ва саҳнаҳои таъсирбахши ҳунарпешагони вилоят аксари ҳозирон мегиристанд ва ман ҳамчун як ҷавондухтари замони истиқлол дар зери танини кафкӯбиҳои аҳли маҳфил «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравӣ гирифтам. 
Барои хушбахт шудан, талошу кӯшиш дар ҷойи аввал аст, вале боз касе ё чизе сабаб мешавад, то инсон ба хостаҳои дилаш расад. Барои ман «Ҷумҳурият» сабаб гашт, то бо устодони шеъру адаб, олимон, сиёсатмадорон, ҳунармандон, ба мисли Кароматулло Олимов, Абдулҳамид Самад, Ҳақназар Ғоиб, Камол Насрулло, Сайдаҳмади Зардон бори нахуст дидор бинам ва бо онҳо ҳамсуҳбат шавам. Яке аз орзуҳои деринаам мушарраф шудан ба дидори устод Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон буд ва хушбахтона, ба ин орзуи дерина низ расидам. Барои ҳама наҷобату саодати дурӯза як умр сипосгузор хоҳам буд.
Мактабу роҳбари бузург шогирди шоиста тайёр мекунад ва мо инро дар симои сардабири рӯзномаи «Ҷумҳурият» устод Қурбоналӣ Раҳмонзода мебинем, ки пайрави ҳақиқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Поянда бод модар, сарчашмаи ишқу шеъру мусиқӣ!

Анисаи МАННОН, эҷодкори ҷавон аз ноҳияи Рӯдакӣ

Санаи нашр: 29.09.2023 №: 194
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив