ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АРТИШ ВА ФАЗИЛАТИ РОДМАРДӢ

АРТИШ ВА ФАЗИЛАТИ РОДМАРДӢ

21 феврал 2023, Сешанбе
73
0
30 соли мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як марҳилаи томи таърихӣ буда, саршори азму талоши ватанхоҳона дар ҷодаи садоқатмандиву сарфарозӣ, матонат, ҷасорату шуҷоатмандӣ ва корнамоиву ҷонфидоӣ баҳри дифои сарзамини муқаддас, амнияту осоиши мардуми шарафманд ва сулҳу оромии Ватани маҳбуб аст. Ин ҳарфҳо сатҳиву бебунёд набуда, асоси воқеӣ доранд. Зеро агар ба таърихи мавҷудияти Артиши миллӣ назар афканем, равшан мегардад, ки он ҳамеша посдори дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ буда, дар мушкилтарин лаҳзаҳои таҳдид ба амнияту суботи давлат, ҷомеа ва миллат дар сафи пеш қарор мегирад.
Аз ин рӯ, бо ҳисси ифтихор метавон иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан, сипари боэътимод, рукни муҳими давлатдорӣ, бозуи қавӣ, руҳи шикастнопазир, ҳомии амният, муҳофизу мудофеи пояҳои мавҷудияти давлату миллатамон будани худро борҳо собит намудааст. Дар сангинтарин лаҳзаҳои таърихӣ, ки ба пойдории сохтори конститутсионии кишвар хатару таҳдид вуҷуд дошт, он тавонист фазои амну субот ва осоишу оромиро таъмин созад. Таҷрибаи таърихии бунёд ва ташаккули он як саҳифаи тобноки  таърихи муосири кишварамон аст. 
Қабл аз ҳама, сиёсати дуруст ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи таконбахши дар муддати на чандон тулонӣ камол ёфтани Артиши миллӣ гардид. Ин дар ҳолест, ки дигар давлатҳои собиқ шуравӣ раванди ташкил намудани Қувваҳои Мусаллаҳи худро дар шароити орому босубот ва дорои заминавии хуб оғоз намуда, танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷараёнро дар вазъияти печидаи сиёсиву амниятӣ ва заминаи холӣ шуруъ кард. 
Онҳое, ки дар саргаҳи таъсиси Артиши миллӣ қарор доштанд, зинаҳои аввали фаъолияти худро бинобар набудани шароитҳои зарурии будубоши низомӣ, аз қабили техникаи низомӣ, лавозимоти ҷангӣ ва ғайра, бо мушкилӣ паси сар намуданд. Аммо дар асоси таҳияи барномаи созанда марҳила ба марҳила асосҳои фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ тақвият ёфт ва маҷрои бебозгашту  умедбахши таҳкими омодагии ҷангии он ҳақиқати том гардид.
Барои ташаккули ҳайат ва сохтори Артиши миллӣ нахуст, маҷмуи чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, марҳила ба марҳила ниҳодҳои тобеи низоми мудофиавии кишвар таъсис шуданд. Дар марҳилаи аввал ҳамчун қадами нахуст ҷузъу томҳои ба хатарҳои мусаллаҳона муқовиматкунанда ташкил ёфтанд. Ин зерсохторҳои навтаъсис бо вуҷуди аз ҷиҳати сохторӣ ва омодагӣ камтаҷриба будан дар як давраи ҳассос тавонистанд, ки дар роҳи ҳимояи ҳокимияти конститутсионӣ муборизаи хастагинопазир бурда, воқеан, ба сипари эътимодноки давлату миллат табдил ёбанд. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари сулҳхоҳ буда, бо ҳеҷ як субъекти муносибатҳои байналмилалӣ ғарази низомӣ надорад. Аз ин ҷост, ки дар Доктринаи ҳарбии кишвари мо хусусияти мудофиавӣ доштани сиёсати низомии Тоҷикистон таъкид ёфтааст. Мутобиқи талаботи он, ҳамаи барномаҳои низомии кишвари мо ба ҳифзи истиқлол ва таъмини тамомияти арзӣ, суботу амният равона шудааст. Тамоми машқу тамринҳои низомие, ки дар ҳудуди Тоҷикистон гузаронда мешаванд, ба муқобили ягон кишваре равона нашуда, танҳо хусусияти дифоӣ доранд. 
Ватандӯстӣ бе дониши муайяни ҳарбӣ, иродаву руҳияи далерона, дар вазъияти барои Ватан таҳдидовар гирифтори шикаст хоҳад буд.  Дӯст доштани Ватан шиор  ё эътирофи безамина нест, он як эҳсоси муқаддас аст, ки аз ифтихори баланд, номуси миллӣ ва шарафи ҳифзи марзу буми худӣ бори маънӣ мекашад. Меҳанпарастӣ муҳаббатест, ки мисли муҳаббат ба модар  ҷовидонӣ ва табдилнопазир мебошад. Аз ин ҷост, ки дар муҳити озодиву истиқлоли Меҳан насли нави ҷавонони замиру сиришташон саршори ҳисси ватандорӣ ба камол мерасанд. Онҳо рӯи саҳнаи амали фаъол ба хотири Ватан миёни худ паймони иттиҳод бастаанд, барояшон ватандӯстӣ танҳо шиори пурифтихор ва эҳсоси фитриву гароиши ботинӣ нест, балки нидои ғулғулаангези пурхурӯш аст, ки аз синаи  қалбҳои  номуспарварашон  берун меояд ва ҷавҳари таҳсилу таълим, тарбияву худшиносӣ ва кору амали ободгари онҳоро ташкил медиҳад.
 
Абдурақиб  ҚОДИРОВ, 
сардори хадамоти матбуоти
Ташкилоти мададгори мудофиа
Санаи нашр: 16.02.2023 №: 37
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив