ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

02 октябр 2023, Душанбе
33
0

 ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.


КРОССВОРД
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1. Шоири маорифпарвари тоҷик, ки соли 1919 ба иғвои  аксулинқилобчиён паронда шуд. 2. Ноб. 3. Воситаи техникии алоқа. 4. Яке аз шоҳони Сомониён. 5. Фан, савод. 6. Нишон. 7. Зулол. 8. Пойдевор. 10. Нагир. 11. Идона. 12. Гов. 16. Фозил, донишманд. 18. Падар. 20. Дидашаванда (русӣ). 21.Фарзанди падар. 25. Андак. 26. Лаҷоми хурд. 27. Харидори бино. 28. Вафо. 30. Судхӯр. 31. Дарё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 33. Амири об. 34. Аллоҳ. 35. Пӯшок. 38. Тамом. 39. Базм. 41. Ашё. 44. Собиқ чемпиони ҷаҳон дар соҳаи шатранҷ аз СССР. 46. Намоиши тантанавии сарбозон. 48. Дарё дар Тоҷикистон. 50. Боди форам. 52. Рӯидан. 53. Охири дав. 55. Шаҳр дар Эрон. 56. Чӯби ҷувоз. 57. Иттиҳоди давлатҳо бо Хитой (ихтисоран). 59. Шоири классики форсу тоҷики асри XVI. 60. Зар. 63. Шахс. 64. Авлод. 65. Зидмаънои биё . 67. Калон. 69. Муҳтоҷ. 71. Таппончаи Токарев. 75. Ҷашн.
АЗ ЧАП БА РОСТ:
3. …- новости, навиди Россия. 7. Асл. 9. Шоири асри XV форсу тоҷик . 12. Дарахтзор. 13. Рамз. 14. Момо. 15. Чӯб барои нишасти кабӯтарон. 17. Маъракаи ҷамъоварии найшакар дар Куба. 19. Кати хоб. 21. Навъи харбуза. 22. Гулоб. 23. Нисбатӣ. 24. Осоишгоҳи машҳури Белгия. 25. Лақаби Аҳмади Дониш. 29. Гӯшаву канор. 32. Зоти тӯтӣ. 33. Маъдан. 36. Шарм, ҳаё. 37. Пешонӣ. 40. Ходим. 42. Ҳаштуми март иди … . 43. Қаҳрамони Тоҷикистон. 45. Бути насрониён, ки барояш кӯдаконро назр мекарданд. 47. Гуфтор. 49. Мана. 51. Баръакс. 52. Шоири асри XIII форсу тоҷик, муаллифи асари «Маснавии маънавӣ». 54. Хаста . 57. Шарора. 58. Тарс. 59. Мурғобӣ. 61. Исм. 62. Сайд. 64. Ӯ пайрави ягон дин нест. 66. Оғози мусобиқа. 68. Дарозӣ. 69. Тез. 70. Асъори Латвия. 72. Лӯлидухтар. 73. Асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон. 74. Забони тиб. 76. Номи қаблии давлати Чин.
Таҳияи Абдуҷалил ЮСУФОВ,
сокини шаҳри Ваҳдат
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 
238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


ФАРРУХ АВЕЗОВ
ЧӢ ХЕЛ ТАБИБИ ТОҶИК МУСОФИРЕРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД...
Табиби тими миллии футболи Тоҷикистон ва клуби футболи «Истиқлол» Фаррух Авезов ҳаёти мусофиреро дар ҳавопаймо наҷот дод. Ин воқеа 5-уми сентябр дар ҳавопаймое, ки аз Истамбул ба Сингапур парвоз мекард ва дар он ҳайати тими миллии Тоҷикистон ҳузур дошт, рӯй дод. 
Дар дохили тайёра эълон мекунанд, ки фавран духтур лозим аст. Дар ҳамин ҳол, пизишки тоҷик сари вақт ба ёрӣ шитофта, беморро аз ҳолати вазнин мебарорад. 
Фаррух Авезов дар суҳбат гуфт: “Ман танҳо рисолати касбиямро иҷро кардам. Вазифаи аввалиндараҷаи мо – табибон, ёрӣ расондан ба бемор аст”.
Қаҳрамони мо беш аз 25 сол аст, ки ҳамчун табиб дар футболи тоҷик кор мекунад ва имсол ӯ барои дастовардҳои шоён дар соҳаи тибби варзишӣ бо ҷоизаи тиллоии Конфедератсияи футболи Осиё қадр гашт. 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН


ИЗДИВОҶИ ДУ ОШИҚ ПАС АЗ 60 СОЛИ ХОСТГОРӢ
Дар Британияи Кабир дар синни 79 ва 78-солагӣ зану мард ақди никоҳ бастанд, ки дар ҷавонӣ зодмандонашон якҷоя будани онҳоро манъ карда буданд.
Соли 1963 Лен Олбрайтони 19-сола ба дӯстдоштаи 18-солааш Ҷанет Стир пешниҳоди издивоҷ намуд, аммо волидон ба ин зид баромаданд. Ошиқон мақсад гузоштанд, ки ба Австралия фирор кунанд.
Писар ба кишвари дигар кӯчид ва дар он ҷо духтарро интизор шуд, аммо волидон монеи рафтани ӯ ба Австралия гаштанд.
Дар натиҷа, Лен бо австралиягие издивоҷ карда, соҳиби се фарзанд шуд. Ҷанет дар ватанаш монд ва ҳамсари марди дигар гашт ва аз ӯ ду фарзанд ба дунё овард.
Соли 2015, Олбрайтон аз ҳамсараш ҷудо шуд ва ба ҷустуҷӯи ишқи аввал баромад. Ба хонаи Ҷанет, ки дар ҷазираи Уайт зиндагӣ мекард,  омад.
"Вақте дидам, ки ӯ дар назди девори боғи мо истодааст, қариб дилкаф мешудам. Аз он ки ӯ маро меҷуст, шод будам. Он вақт дар бораи ӯ бисёр фикр мекардам", - гуфт пиразани 78-сола.
Мулоқоти дуюми онҳо соли 2017, вақте ки шавҳари Ҷанет аз бемории саратон даргузашт, сурат гирифт. Пас аз як сол, Олбрайтон ва Стир ҷуфт шуданд.
Аҷиб он аст, ки зан ангуштарии хостгориро, ки дар 18-солагӣ аз маҳбубаш гирифта буд, нигоҳ доштааст. Ҷашни арӯсиву домодии онҳо дар шоҳидии фарзандону набераҳо ва абераҳо баргузор гардид.

Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ


“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
ХОА ХАКАНАНАЙА
Хоа Хакананайа яке аз муҷассамаи машҳури Осорхонаи Бритониё дар шаҳри Лондон мебошад. Муҷассама ҳамчун шоҳасар эътироф гардида, онро соли 1868 аз ҷазираи Пасха аз экипажи киштии бритониёии HMS Topaze пайдо намудаанд.  Капитани киштӣ Ричард Пауэлл ба адмирали Бритониё нома навишта, муҷассамаро ҳамчун туҳфа пешниҳод кард. Адмирал онро ба малика Виктория супурд , вале малика хост, то он  дар Осорхонаи Бритониё нигоҳ дошта шавад. Сарфи назар аз андозаи нисбатан хурд, он хоси ҳайкалҳои ин ҷазира ба ҳисоб рафта, бо кандакорӣ дар пушт, ки ба парастиши одами ҷазира алоқаманд аст, фарқ мекунад.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ


НИМШӮХИВУ   НИМҶИДДӢ
ИМТИҲОН
Корманди БДА руҳониеро, ки мошинро хеле шубҳанок меронд, дошта мепурсад:
–  Ҳазрат, шумо чӣ нӯшидаед?
–  Танҳо оби соф, писарам.
–  Аз димоғатон бӯи шароб меояд-ку.
–  Эй Худоҷон, ту боз маро имтиҳон кардӣ? 

Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


40 ДАРСАДИ НАМУДИ ГУНОГУНИ РУСТАНИҲО ДАР ҲОЛАТИ НОБУДШАВИАНД
Бино ба маълумоти Боғи ботаникии Британияи Кабир тақрибан 40 дарсади намудҳои рустанӣ дар сайёра дар ҳолати нобудшавианд. Ин нишондод дар таҳқиқоти шабеҳи соли 2016 доманаи 20 дарсад буд.
«Меъёри нобудшавии ҷангалҳо хеле баланд шудааст, зеро мо мекӯшем заминҳои бештарро ишғол намоем, то шумораи зиёди одамон бо ғизо таъмин шаванд. Партовҳои гулхонаӣ системаи иқлимро хароб мекунанд, патогенҳои (зарарҳои) нав ба зироатҳо ва саломатии мо таҳдид менамоянд, тиҷорати ғайриқонунӣ зиёдшавии як гурӯҳи рустаниҳоро ба боди фано бурд ва омилҳои беруна набототи маҳаллиро пахш намуданд», – омадааст дар гузорише, ки ба таҳқиқоти 210 олим ва 42 давлат такя мекунад…
Дар гузориш омадааст, 723 намуди рустаниҳо, ки дар саноати доруворӣ истифода мешавад, дар ҳолати нобудшавӣ аст. Ба қавле, танҳо 15 намуди рустаниҳо тақрибан 90 дарсади ғизои инсонро, ки бештар аз биринҷ, ҷуворимакка ва гандум иборатанд, таъмин месозад.
Таҳияи Умар АЛӢ


РЕКОРД. БО ЧАШМҲОИ ПӮШИДА
Духтараки боистеъдоди 10-сола аз Малайзия дар ҷобаҷогузории муҳраҳои пайти шоҳмотбозӣ бо чашмони пӯшида рекорди наверо рақам зад. Ӯ дар муддати 45,72 сония муҳраҳои сафеду сиёҳро ба ҳолати шуруи бозӣ гузошта, аз иҷрои вазифа баромад.
Пунитамалар Раҷашекар ба бозии шатранҷ аз панҷсолагӣ шуруъ кард. Вай дар мактаб шоҳмотбози беҳтарин буда, мунтазам дар мусобиқоти умумимиллӣ ширкат меварзад ва узви Федератсияи байналмилалии шоҳмот мебошад.   
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


  

СОЛМАНДТАРИН МАРДИ  МОТОТСИКЛРОН ДАР ПОЙГА 
Лесли Харрис аз Зеландияи Нав ба Китоби рекордҳои Гиннесс шомил шуд. Чанд ҳафта қабл аз 98-солагӣ, вай дар фестивали мототсиклронон, ки дар шаҳри Окленд сурат гирифт, ширкат намуд. Бо ӯ дар ин ҳамоиш писари 64-солааш Род ва набераи 21-солааш Оливия ҳузур доштанд.
Тибқи муқаррарот, иштирокдорон мебоист вақти ҳадди аксари бардавомро дар даврзанӣ нишон медоданд.
Дар натиҷа мототсиклрони калонсол аз ақрабои худ пеш гузашта, мақоми чорумро соҳиб шуд. Писараш ҷойи ҳаштум ва наберааш дар зинаи 21-ум қарор гирифтанд.
Тавре хабаргузории  UPI  менигорад, Лесли Харрис бори аввал пушти чамбарак соли 1953 нишаста, дар синни 93-солагӣ ғолиби мусобиқа гардида буд. Ин мард ният дорад дар мусобиқаҳои оянда низ, ширкат варзад. 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


СОЗҲОИ МУСИҚӢ
ДУМБРА 
Сози думбра яке аз асбобҳои машҳури миллии халқи тоҷик буда, дар баъзе мавзеъҳо онро дуторча низ меноманд. Думбра дар вилоятҳои Сурхондарёву Қашқадарёи Ӯзбекистон, Қазоқистон ва шимоли Афғонистон низ, маъмул аст. 
Дарозиаш 70-80 сантиметр буда, аз қисмҳои зерин иборат аст: гӯшак, даста, коса, тахта, харак, парда. Аз чӯби тут ва ё зардолу тарошида, тор ва зеҳашро аз рӯдаи буз тайёр мекунанд. Думбра асбоби якканавозӣ ва ҳамовозшаванда аст. Дар гӯрғулихонӣ думбра сози ягона ва асосист. 
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ


ОМӮЗГОРИ БОЗНИШАСТА
Писари ҷавон навиштаеро дар рӯи либоси падари пираш насб кард. Пас аз он пирмард ба ҳар ҷо ки мерафт, эҳтиромаш мекарданд. Ронандаҳо дар наздаш қарор дода, хоҳиш мекарданд, ки ба ҳар ҷое, ки майл дорад, мебарандаш. Вориди дуконҳо, мағозаҳо ҳам, ки мешуд, фурӯшандаҳо дар нармкурсиҳо нишонда, ба хидматаш камар мебастанд. Ғизоҳо ва колаҳоро барояш арзон мефурӯхтанд. 
Ба растаи гӯштфурӯшон ҳам, ки мерафт, азизтарин касаш мехонданд ва бо муҳаббату садоқати бепоён ба ӯ дар такаллум мешуданд.
Дар растаи гулфурӯшон барояш гул тақдим карда, таҳсинаш мехонданд. Оё медонед, ки писар чӣ навишатеро дар  либоси падар насб карда буд?
Оре. Навишта буд: «Ман як омӯзгори бознишастаам». 
Китобати Абдуқодири РАҲИМ


“НАМОИШҲОИ ОСМОНӢ”
Моҳи октябри соли равон сокинони Замин шоҳиди  якчанд ҳодисаҳои муҳими астрономӣ мегарданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Планетарияи Москва  (Московсий Планетарий) хабар медиҳад.
14-уми октябри соли равон аз соати 18:05 то 23:55 дақиқаи  вақти  Москва гирифтани Офтоб ба таври даврагӣ оғоз меёбад.  Минтақаҳое, ки марҳилаҳои гирифтани Офтобро мушоҳида менамоянд, Аврупо, Осиё, Австралия, Африқо, уқёнусҳои Ором, Атлантик, Ҳинд ва Арктикаю Антарктида мебошанд.
28-уми октябр аз соати 23:36 то 23:53 дақиқаи вақти Москва  қисман гирифтани Моҳ низ, ба амал меояд. Дар ин лаҳза 6 дарсади майдони диски Моҳ ба замин меафтад. Гирифтании Моҳ дар ҳар ҷое, ки шаб аст, намоён хоҳад шуд.
Гирифтани Офтоб ва Моҳ ҳар сол як маротиба ба амал меояд. 
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА


«МЕРОС» АЗ ВАВИЛОН
Дар Вавилон, бузургтарин шаҳри Байнаннаҳрайни Қадим, системаи ҳисобии шастрақама истифода мешуд, ки асоси онро рақами 60 ифода мекард, на 10, мисли системаи муосир. Мо аз он замонҳо як соат аз шаст дақиқа ва як дақиқа аз шаст сония, инчунин, 360 дараҷа дар доираро «мерос» гирифтем.   

Таҳияи 
Ш. ҚУРБОН


ОЁ МЕДОНЕД?
* Наҳанг ҳеҷ гоҳ бемор намешавад.
* Баҳри Сурх гармтарин баҳри дунёст.
* Ҳаштпо се дил дорад.
* Лаклак вақти парвоз метавонад хоб равад.
* Инсон аз бехобӣ назар ба гуруснагӣ зудтар мемирад.
* Шер дар як шабонарӯз 20 соат хоб меравад.
* Мор ҳангоми иваз кардани пӯст муваққатан нобино мешавад.
* Баъзе намуди каждумҳо то 12 чашм доранд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


ҶАВОБИ АҶОИБИ МОТСАРТ
Ҷавоне назди Мотсарт омада, хоҳиш мекунад, то ки ба ӯ навохтани мусиқиро омӯзонад. Баъд аз пазируфтани хоҳиши ӯ, ҷавон дарҳол ба нобиға суол медиҳад:
– Чӣ  тавр симфонияро меофаранд?  
– Лекин шумо барои симфонияро сарфаҳм рафтан хеле ҷавонед, –ҷавоб медиҳад Мотсарт ва меафзояд, чаро аз ягон чизи осонтараш оғоз намекунӣ, масалан, аз балладаҳо?
– Аммо худатон замоне, ки симфонияро офаридед, ҳамагӣ 9 сол доштед- ку, – мегӯяд ҷавон. 
– Ҳа, розиёна сар меҷунбонад Мотсарт ва мегӯяд: "Вале ман аз ягон нафар напурсидаам, ки онро чӣ гуна меофаранд?".
  Таҳияи Нигина РАҲМОН


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
32 ДОЛЛАР ДАРОМАДИ ҶОШУА БЕЛЛ АЗ ЯК "КОНСЕРТ"
Соли 2007 хабарнигори газетаи «Вашингтон пост» Ҷин Вайнгартен, бо мақсади баҳо додан ба завқи мусиқидӯстдории сокинон, таҷрибаи аҷибе роҳандозӣ намуд. Ӯ аз машҳуртарин скрипканавози муосир Ҷошуа Белл хоҳиш кард, ки бо либоси одӣ дар роҳрави метрои «Ланфан-Плаза», ҳангоми серодамии пагоҳирӯзӣ, ҳунарнамоӣ кунад. Бовар нокарданист, вале Белл дар 45 дақиқае, ки машҳуртарин оҳангҳои Крейслер, Шуберт, Массне ва Бахро бо скрипкаи Страдивариаш навохт, ҳамагӣ 32 доллару 17 сент «кор» кард. Ҳунармандеро, ки имрӯз як чиптаи консерташ аз 100 то 415 доллар арзиш дорад, касе нашнохт ва ба навозишаш ҳам гӯш надод. Дар ҳоле ки ҳангоми ҳунарнамоӣ, дар ним соат аз наздаш 1070 нафар гузашт. 
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА 

ЗАНЕ, КИ ДАР 70-СОЛАГӢ 
ТАВАЛЛУД КАРД
Сокини Ҳиндустон Раҷо Деви Лоҳан дар ҷавонӣ хушбахтии модариро эҳсос карда натавонист. Аммо таваллуд намудани кӯдак орзуи ҳамешагияш   буд. Ӯ баъди издивоҷ барои ҳомиладор шудан аз ҳама усулҳо истифода намуд, вале ҳамааш бенатиҷа анҷом меёфт. 
Баъдтар, вақте ки ҳамсарон дар бораи IVF (Бордоркунии сунъӣ) маълумот пайдо карданд,  Раҷо ба онҳо муроҷиат намуда,  фаҳмид, ки имкони таваллуди фарзандро дорад. Зану шавҳар ба клиника рафтанд, то ин амалиётро гузаронанд. Дере нагузашта, Раҷои 70-сола духтарча таваллуд намуда, куҳансолтарин модар дар таърих шуд. Имрӯз духтарча, аллакай, 14-сола аст. 
 Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ 
АРЗ
Бегоҳӣ дар утоқи сардор:
–  Иҷозат диҳед арз кунам, рафиқ капитан,–  даст ба чакаи сар бурда, мепурсад корманди қатории БДА.
Сардор саросема нашуда, дарро пӯшида, абруҳоро ба ҳам кашида, ҷиддӣ шуда ва ниҳоят тугмаи кисаи пеши куртаашро кушода, иҷозат медиҳад:
–  Арз кунед.

Аз русӣ тарҷимаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


10 БОНУИ САРВАТМАНДИ ОЛАМ
7. АЙРИС ФОНТБОНА 
Айрис Фонтбона соли 1942 дар пойтахти Чили – шаҳри Сантяго таваллуд шудааст. Ин бонуи эҳсонкор дар саноати кӯҳкорӣ фаъолият мекунад. 
Тавре гуфта мешавад, ӯ дороияшро аз шавҳараш Андронико Лукшич, ки дунёро тарк кардааст, ба мерос мебарад.   
Ширкати ҳолдингии «Antofagasta Plc» таҳти роҳбарии Айрис Фонтбона дар Чили ва як қатор кишварҳои олам ба истихроҷи мис машғул аст.
Маҷаллаи молиявии «Форбс» сарваташро 21,5 миллиард доллари ИМА арзёбӣ менамояд.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ»
ПИРЯХИ ОКТЯБР
Октябр – пиряхи сершохаи водигиест, ки дар Помири шарқӣ (ноҳияи Мурғоб)  дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Паси Олой ва нишебии шарқии қаторкӯҳи Зулумарт воқеъ аст.
Дарозии пиряхи мазкур 19 километр  ва масоҳати умумиаш 88 километри мураббаъ буда,  нуқтаи баландтарини он 6780 метр ва пасттарин 4440 метрро ташкил медиҳад.  Хатти барф дар баландии 5200 метр мушоҳида мешавад.
Аз пиряхи Октябр дарёчаи Кӯксой сарчашма мегирад. Пиряхро аввалин бор соли 1933 иштирокчиёни Экспидитсияи комплексии Помир ва дигар ноҳияҳои Тоҷикистон кашф кардаанд. 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


ЁРИИ АВВАЛИН ҲАНГОМИ ЗАРАР ДИДАНИ ЧАШМ
Олимон тавсия медиҳанд, ки корҳои барои чашм хатарнокро бо айнаки шишаҳояш муқаррарӣ иҷро кардан лозим аст. Он ҳар як зарбаро суст карда, чашмро аз дохил шудани моддаҳои кимиёӣ эмин нигоҳ медорад. Агар нохушие рӯй диҳад, чунин ёрии аввалин расондан  лозим аст:
1. Агар ба чашматон гарде дарояд, чашматонро шуста, гардро бо пахта ё дастрӯймол тоза карда, аз пилки чашматон бароред. Пеш аз ҳама, дастатонро шуед.
2. Ҳангоми латхӯрӣ ба чашм пахта ё дастрӯймоли тозаи ба оби хунук таркардаро гузоред.
3. Дар вақти сахт осеб дидани чашм (дар сурати даридани пардаи он) онро шустан ё кӯшиши гирифтани ҷисми бегона хатост. Дар ин ҳол чашмро бо бандинаи тоза баста, ҷабрдидаро ба беморхона фиристодан лозим аст. Ёрии дуруст оқибати вазнини захм ва нобиноиро пешгирӣ мекунад.
4. Ҳангоми ба чашм ворид шудани ишқор, кислотаҳо, моддаҳои заҳрнок зуд чашмро бо оби тозаи равон 15-20 дақиқа шуста, ҳатман ба духтур муроҷиат бояд кард.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ

Санаи нашр: 29.09.2023 №: 194
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив