ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХИЗМАТИ ҲАРБӢ.  ДИЛОВАРОНИ РАШТОНЗАМИН АЗ АВВАЛИНҲО ШУДА НАҚШАИ ДАЪВАТРО ИҶРО КАРДАНД

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ.  ДИЛОВАРОНИ РАШТОНЗАМИН АЗ АВВАЛИНҲО ШУДА НАҚШАИ ДАЪВАТРО ИҶРО КАРДАНД

04 октябр 2023, Чоршанбе
25
0

 
Субҳи 1-уми октябри соли равон маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт фазои идона дошт. Дар  қисми ҳарбии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Тоҷикистон, ба пеш!» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гашт. Зимнан, бояд гуфт, ки ноҳияҳои минтақа – Лахш, Нуробод, Сангвор, Рашт ва Тоҷикобод, дар рӯзи якум нақшаи даъватро иҷро намуданд. 
Дар ҳамоиш раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиа, волидони даъватшавандагон, собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Муқимӣ Раҳимҷон Набизода номаи шодбошии худро ба ин муносибат баён дошт.
Сипас, Шамсиева Назригул, раиси Ҷамоати шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод, зимни суханронии худ чунин иброз дошт: “Фарзанди ман – Рустамҷон Сиямардов, мисли шумо ҷавонмардона ба сафи Артиши миллӣ пайваста, бо сари баланд хизмати Модар-Ватанро адо намуда истодааст. Ба ҳайси як модар гуфта метавонам, ки имрӯз дар қисмҳои низомӣ беҳтарин шароит муҳайёст ва ҳамеша афсарону роҳбарон аз ҳоли сарбозон бохабаранд. Аз ин лиҳоз, падару модаронро зарур аст, ки масулияти баланди ватандорӣ ҳис намуда, барои ҳифзи нангу номуси миллии хеш фарзандонашонро барои хизмати Ватан фиристанд, то онҳо қарзи мардонагии хешро дар назди Ватан иҷро намоянд».
Инчунин, чанде аз даъватшавандагон ифтихормандона баромад намуда, гуфтанд, ки дар ноҳияҳои минтақа, чун анъана, ҷавонони синни даъватӣ бо масъулияти баланд ҷиҳати иҷрои уҳдадории конститутсионии худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мепайванданд. Хушбахтем, ки мо ҳам мисли дигар ҷавонмардони Ватан ихтиёрӣ ба Артиши миллӣ сафарбар мегардем. Бояд гуфт, ки аз масъулиятшиносии мо – ҷавонон, ҳамасола сари вақт нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ноҳияҳои минтақа сад дарсад иҷро мегардад. Изҳори бовар менамоем, ки сарбаландона Ватани хешро ҳифз намуда, ба назди падару модар бармегардем.
– Имрӯз мо – модарон, аз он ифтихор менамоем, ки фарзандонамон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, барои ҳифзи марзу буми Ватани азизамон камари ҳиммат баста, ба сафи Артиши миллӣ шомил гардиданд. Мо – модарони Раштонзамин, сиёсати Сарвари давлатро содиқона дастгирӣ намуда, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия менамоем, – иброз доштанд модарони даъватшудагон. 
Дар ҳамоиш ба 140 наваскаре, ки курси ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа»-ро аз ҳисоби Вазорати мудофиа ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт хатм намуда буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супурда шуданд.
Ҷамъомади тантанавӣ бо намоиши машқҳои ҳарбӣ ва барномаи ҷолиби консертӣ хотима ёфт. 

Худодод ЗАЙНИДДИН, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.10.2023 №: 196
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив