ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАНҒАРА.  НАҚШАИ ДАЪВАТ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ИҶРО ШУД

ДАНҒАРА.  НАҚШАИ ДАЪВАТ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ИҶРО ШУД

04 октябр 2023, Чоршанбе
20
0

 
Дар баробари ВМКБ, ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ноҳияҳои Вахшу Фархор, ноҳияи Данғара низ, нақшаи ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро иҷро кард.
Дар рӯзҳои аввали гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳо баргузор шуд. Дар шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, ноҳияҳои Варзоб, Балҷувон ба гусели наваскарон собиқадорони ҷангу меҳнат ва падару модарон омаданд. Даъватшудагон, инчунин донишҷӯёну хонандагони синфҳои болоӣ, бо роҳпаймоӣ садоқат ва омодагии хешро ба хизмати Ватан изҳор карданд.
Дар маросими татанавии шаҳри Ҳисор зикр шуд, ки таърихи давлату давлатдорӣ собит менамояд, ки истиқлол ба даст овардан оғози соҳибдавлатӣ буда, пойдориву таҳкими пояҳои давлат ба тартибу низоми дохилӣ, бехатарии марзу бум пайванди мустақим дошта, танҳо бо доштани артиши пуриқтидору тавоно ба ин ҳадафҳо ноил гардидан мумкин аст. Барои истодагарӣ намудан ба хавфу хатарҳо ва таъмини суботу амнияти мамлакат, ҳифзи хоки муқаддаси Ватан Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҷавонони ҷасуру шуҷоъ, худогоҳу ватандӯст, содиқу далер ва бонангу номус эҳтиёҷ дорад. 
Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода дар чорабинии тантанавӣ изҳор дошт, ки ҷавонони ноҳия дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлатро дарк ва ҷонибдорӣ намуда, бо иродаи қавӣ ва ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд. Дар муроҷиат ба даъватшудагон таъкид шуд, ки дӯстдори Ватану сарзамини биҳиштосои худ бошанд, ҳеҷ гоҳ зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, худшиносу худогоҳ бошанд.
Дар ҳамоиш волидон ва даъватшудагон сухан гуфта, ба роҳбарияти олии мамлакат барои фароҳам будани шароити хуб дар қисмҳои ҳарбӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. 
Раиси ноҳияи Балҷувон Бахтиёр Сафарзода зимни суханронӣ дар маросими гусели ҷавонон, аз ҷумла, иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷасорату матонати шумо – ҷавонони қавиирода ва далеру шуҷоъ, дар роҳи ҳифзу ҳимояи Ватани азизамон эътимоди комил доранд. Ҷавононро мебояд, ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ омода бошанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз созанд.
Чунин чорабинӣ дар шаҳри Турсунзода низ баргузор шуд. Таъкид гардид, ки маҳз бо тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан сол ба сол сафи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ меафзояд.
Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба даъватшудагоне, ки тариқи ройгон курси омӯзиши ронандагиро гузаштаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид. 
Бояд гуфт, ки ҳамасола 1 октябр бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни  ҳарбие, ки муҳлати  муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар саросари мамлакат маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сурат мегирад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.10.2023 №: 197
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив