ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮШОНИЁН. 200 ҶАВОН ИХТИЁРӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТ

КӮШОНИЁН. 200 ҶАВОН ИХТИЁРӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТ

06 октябр 2023, Ҷумъа
9
0

2-юми октябр, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 - уми августи соли 2023, № 621, “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндаи Ҳукумати мамлакат – вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Саидзода Раҳим, роҳбарони ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, раисони шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат, падару модарон ва ҷавонон чорабинии идонаи “Рӯзи даъватшаванда” баргузор ва 200 ҷавон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуд. 
Раиси ноҳия Икромиддин Вализода дар суханронӣ, аз ҷумла зикр намуд, ки мардуми шарафманди ноҳия, имсол 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукргузорӣ аз оромию осудагӣ бо руҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдорӣ таҷлил намуданд. Артиши миллӣ дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ, ҳарбию сиёсии кишвар бо андешидани тадбирҳои зарурӣ аз  ҷониби  роҳбарони давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Мардуми кишвар дар симои шумо – ҷавонон, фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинад, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша вафодор ҳастанд. Ҳамчунин, раис миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба тамоми зодмандони даъватшудагон баён намуда, ба ҷавонони сарбаланд баҳри адои содиқонаи хизмати ҳарбӣ комёбӣ, тансиҳатӣ ва некномӣ таманно кард. 
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода зикр намуд, ки таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор рафта, омили асосии нигоҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Артиши миллӣ бо дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат дар муддати кӯтоҳтарин ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфта, намегузорад душманони нотавонбин ниятҳои ғаразноку нопоки хешро дар сарзамини аҷдодии миллати куҳанбунёди тоҷик амалӣ намоянд. 
Сипас, собиқадорони ҷангу меҳнат, волидон ва ҷавонони сафарбаршуда баромад намуда, миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шароити мусоид фароҳам овардан дар қисмҳои низомӣ ва дастгириҳои пайваста иброз доштанд. 
Дар анҷом ба ҷавононе, ки курси ронандагиро хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ супурда шуд. 

Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 05.10.2023 №: 198
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив