ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

09 октябр 2023, Душанбе
40
0

 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
Муаммои «Панҷгона»
(Ҳамаи саволҳои муаммо  бо панҷ ҳарф ҷавоб мешаванд)
1. Ҷинси латиф, ки ба эҷод машғул аст. 2. «*** одам набинад, аз куҷо одам шавад?» (Бедил). 3. Шакли ҷамъи вожаи адиб. 4. Шоири зуллисонайни асри 19 – 20.  5. Собиқ президенти АМИТ. 6.Номи буте дар Арабистони пеш аз ислом. 7. Раҳм, меҳр, шафқат, нармӣ, нармдилӣ.  8. Қаҳрамони романи «Актёр»-и Сорбон. 9. «Сару сомони ***ӣ сар омад» (М. Қаноат). 10. Як хел алафи табобатӣ. 11.Оромӣ, дамгирӣ, роҳат, нағма ва суруд.   12. Як навъи гуфторҳои Радиои Тоҷикистон.

Мураттиб Ҳотами ҲОМИД, сокини ноҳияи Фирдавсӣ  

Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru

Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40


«ТИМСОҲ ДАНДИ»
ФИЛМЕ, КИ ОНРО 1500 НАФАР МАБЛАҒГУЗОРӢ КАРДААСТ
Филми «Тимсоҳ Данди» («Crocodile Dundee», Австралия, соли 1986), ки нақшҳои асосиро дар он ҳунармандон Пол Ҳоган (Австралия) ва Линда Козловски (ИМА) бозидаанд, яке аз беҳтарин филмҳои мазҳакавӣ-моҷароҷӯёнаи тамоми давру замонҳо шинохта мешавад. 
Боиси тазаккур аст, ки филм метавонист рӯи оламро набинад, зеро таҳиягарони он ба мушкилоти ҷиддии молиявӣ рӯ ба рӯ шуданд.  Аммо, пас аз саъю кӯшишҳои зиёд, ба гурӯҳи эҷодӣ муяссар гардид, ки 8 миллиону 800 ҳазор доллари австралиягӣ (тақрибан 6 миллион доллари ИМА) ҷамъ оварад. Қобили зикр аст, ки барои ба навор гирифтани филми мазкур 1500 нафар пули худро «қурбон» намуд. Аз ҷумла, Пол Ҳоган 600 ҳазор доллар пардохт. 
Ин иқдом самараи нек ба бор овард. Тамошобинону мунаққидон «Тимсоҳ Данди»-ро бо хушнудӣ пазируфтанду он дар намоишҳои ҷаҳонӣ 328 миллиону 203 ҳазору 506 доллари ИМА ҷамъ овард. Пол Ҳоган бошад, барои беҳтарин иҷрои нақши мардона бо ҷоизаи Ассотсиатсияи матбуоти хориҷии Ҳолливуд «Глобуси тиллоӣ» сазовор гардид. 

Таҳияи Ш. ШОКИР



“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
СОАТИ МЕХАНИКИИ ТОВУС
Ин дастгоҳи аҷиби механикиро заргари маъруфи лондонӣ Ҷеймс Кокс сохта,  тарҳрезии соатро устои олмонӣ Фридрих Урей анҷом додааст. Он аз соли 1797 дар Эрмитажи давлатӣ, воқеъ дар шаҳри Санкт-Петербург, нигоҳ дошта мешавад. Тибқи маълумот, ин соати тиллоро ба Россия шоҳзода Григорий Потемкин барои дӯстдоштаи худ малика Екатеринаи II ҳамчун туҳфа овардааст. Дар ин сафари дароз соат пора шуда, механизми он аз кор монд ва дар қасри Потемкин чанд сол нигаҳдорӣ мешуд. Ниҳоят, дар соли 1794 баъди таъмир он ба кор даромад ва таъсири он ба ҳамзамонон чунон буд, ки дар васфаш шеърҳо навиштанд. Дар ин соат парандаҳо, аз қабили бум, товус, хурӯс ва ғайра, чунон моҳирона сохта шудаанд, ки дар вақти ҳаракат гумон меравад, зинда бошанд.                                                                                    
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ



НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ХУДАШ ҚОИЛ ШУД  
Бостоншиносон дар қаъри биёбон аҳроми боҳашамате пайдо карданд, вале ба киву кадом сулола тааллуқ доштанаш, барояшон муаммо буд. Баъди андешаи тулонӣ ба хулосае меоянд, ки аз масъулони андоз кумак хоҳанд. Се нафар аз хадамоти андоз бо шиму костюми сиёҳ се соат даруни аҳром монда, машварат мекунанд. Ниҳоят, хеле мондаву хаста берун омада, мужда медиҳанд, ки аҳром ба Амонхотап XXIII дахл доштааст.
– Мебахшед, инро чӣ гуна маълум кардед?
– Худаш қоил шуд. Ҳатто, гуфт, ки бобояш то ҳол аз андоз қарздор аст! 
 Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ АРКАДИЙ РАЙКИН
1. Артисти халқии СССР, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, барандаи мукофоти ленинӣ Аркадий Райкин аз маҳбубтарин ширинкорон (комик)-и Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳисоб мерафт ва ҳамин буд, ки халқ ӯро бо навозиш Чарли Чаплини рус мегуфт.
2. Роҳбарони аввали вақти давлати абарқудрати шуравӣ Иосиф Виссарионович Сталин ва Леонид Илич Брежнев мафтуни ҳунари волои Аркадий Райкин буданд ва, аз ин рӯ, бисёр шӯхиҳои намакини ӯро нисбат ба камбудиҳои ҷойдошта дар аввалин мамлакати шуроҳо мебахшиданд.
3. Ҳангоми сафари ҳунарӣ ба пойтахти Британияи Кабир – шаҳри Лондон, ширинкори шинохта махсус барои ширкати машҳури олам “ВВС” ба забони тозаи англисӣ барномаи 45-дақиқагии мазҳакавӣ сабт намуд. Аҷибаш он ки, ӯ забони англисиро тамоман намедонист. 
      
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ



ПУЛҲОИ АҶИБУ ҒАЙРИОДӢ 
Таҳти ин унвон ба хонандагони саҳифаи «Шоми шанбе» роҷеъ ба пулҳои аҷибу ғайриодӣ маълумот манзур мегардад.
Пулҳои чӯбии Тенино
Дар замонҳои таназзули бузург дар ИМА анқариб 1000 бонк баста шуд. Дар шаҳраки начандон калони Тенино низ, фаъолияти ягона бонк қатъ гардид.
Дар   шаҳр  камбудии  пул  дар муомилот ба вуҷуд омад. Проблемаро мебоист, ҳал намуд, вале ҳукуматдорон идеяе надоштанд. Алорағми онҳо соҳиби рӯзномаи маҳаллӣ Дон Мэйҷер идеяеро дарёфт. Ӯ пешниҳод намуд, ки ба мардум ҷиҳати хариду фурӯш пули муваққатӣ бидиҳанд. Ба сифати маводи истеҳсолӣ чӯби одӣ пешниҳод гардид. Андозаи чунин пул ба номиналҳои ошно барои мардум 25, 50 сент ва 1 доллар буд. Дар ҳар сабикача (чӯбчаи чортарош) имзои ҳомиёни Палатаи савдо гузошта мешуд. 
Соли 1933 ҳамаи асъори ғайриодиро ҳукумат бояд аз муомилот мебаровард. 
Вале дар Тенино ҳанӯз ҳам, дастгоҳи чопи пули коғазӣ мавҷуд аст ва он харидори зиёд дорад. 
Харидорони пули «таназзулӣ» низ, дар Амрико кам нестанд.

Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


БОЗИИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА «АЛ-НАСР»  РЕКОРД ГУЗОШТ
Бозии ин ду тим аз ҳисоби тамошобин сербинандатарин бозии Лигаи чемпионҳои Осиё ба ҳисоб рафта, онро беш аз 200 миллион нафар тамошо карданд. Ба иттилои телевизиони «Варзиш», бозии «Истиқлол» ва «Ал-Наср», ки 3-юми октябри соли равон дар шаҳри Риёз доир шуд, дар Лигаи чемпионҳои Осиё аз ҳисоби тамошобини бештар рекорд гузошт.
Таҳияи Лола РИЗОӢ



ДУ ҚОНУНИ АҶИБТАРИН ДАР ОЛАМ
Дар Италия бо абрӯвони гирифта сайр карданро қонун иҷозат намедиҳад. Бояд ҳамеша бо табъи хуш ва чеҳраи хандон буд. Ин меъёрро қонуне муқаррар менамояд, ки ҳанӯз дар асри 19 қабул гардида, то ҳол амал мекунад.
* * *
Дар Олмон рӯзҳои якшанбе алафдаравӣ, таъмири мошинҳо, шунидани мусиқӣ бо садои баланд ва, ҳатто истифодаи мошини ҷомашӯйӣ дар хонаҳои истиқоматии баландошёна манъ аст.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 


10 БОНУИ САРВАТМАНДИ ОЛАМ
6. Рафаэла Апонте-Диамант 
Бонуи кордони швейтсарӣ соли 1970 ҳамроҳи шавҳараш Ҷанлуиҷи ширкати киштиҳои боркашони «Mediterranean Shipping Company» таъсис дод, ки айни ҳол дар олам аз муваффақтаринҳо ба ҳисоб меравад.
Ба гуфтаи иқтисоддонон, ба зиёдшавии сармояи Рафаэла ва ҳамсараш пандемияи COVID-19 мусоидат намуд. Тавре гуфта мешавад, ширкат дорои 730 киштӣ мебошад, ки қудрати интиқоли 4,8 миллион контейнерро дорад. 
Тибқи иттилои маҷаллаи молиявии «Форбс», дороии Рафаэла Апонте-Диамант 31,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА



ҶИНС ЧӢ ТАВР  ПАЙДО ШУД?
Матои ҷинс – деним тасодуфан ихтироъ шудааст. Дар асри 17 бофандагони Ними Фаронса кӯшиш намуданд, ки матои нави машҳурро бо номи сарҷа истеҳсол намоянд. Маводи ҳосилшуда бо забони фаронсавӣ «serge de Nimes» номида шуд ва тоҷирон, ки паҳн кардани ин матоъро бар уҳда доштанд, ин номро ба «деним»-и ҳозира табдил доданд.

Таҳияи Ш. ҚУРБОН


МАНТИҚ, ДИАЛЕКТИКА ВА ФАЛСАФА ЧИСТ? 
Ду нафар суҳбат мекарданд. Яке мепурсад: 
– Гӯш кун, мантиқ чист?
– Инро чӣ тавр фаҳмонам, – мебинӣ он ду марди меомадаро, яке чиркин асту дигарӣ олуфта, кадоме аз онҳо ба ҳаммом меравад?
– Маълум, ки марди чиркин.
– Дуруст. Вай чиркин аст, барои ҳамин ба ҳаммом меравад. Инро мантиқ мегӯянд.
– Диалектикааш чист?
– Ҳмм, аз ҳамон ду марди меомада, кадомаш ба ҳаммом меравад?
– Марди чиркин-ку! 
– Ана, нодуруст! Марди олуфта. Марди чиркин, ӯ бе ин ҳам чиркин, маълум аст, ки ба ҳаммом намеравад. Инро диалектика меноманд. 
– О чӣ хел, набошад, фалсафааш чист?
– Аз ҳамон ду марди меомадаи чиркину олуфта, кадомаш ба ҳаммом меравад? 
– Ҳамоне ки ҳаммомро медонад. 
– Ана, инро философия меноманд. 
  
Таҳияи Нигина РАҲМОН



МАЪЛУМОТИ ҶОЛИБ  ДАР БОРАИ ФУТБОЛ 
1. Бар пояи баъзе фарзияҳо, футболи муосир ба шарофати варзиши Калчо Флорентино (Calcio Fiorentino) пайдо шудааст. Ин риштаи варзиши итолёӣ, ба бозии футбол монанд мебошад. Таърихи пайдоиши онро ба асри 14 рабт медиҳанд. Ҳатто, тахминҳое вуҷуд доранд, ки футбол дар Чин ба вуҷуд омадааст. Аҷоибаш дар он аст, ки ин риштаҳои варзиш ба футболи муосир ҳеҷ рабте надоранд.
2. Футбол яке аз варзишҳои маъмултарин дар ҷаҳон мебошад, ки 4,1 миллиард мухлис дорад. Ин беш аз нисфи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад.
3. Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол соли 1930 дар Уругвай баргузор шуд ва ин кишвар аввалин ҷоми ҷаҳонро ба даст овард.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА


ДОРОТИ ҲОФФНЕРИ  104-СОЛА МЕХОҲАД  РЕКОРД ГУЗОРАД
Рӯзномаи «The Guardian» менависад, ки  сокини 104-солаи Чикаго (ИМА) Дороти Ҳоффнер бо мақсади ворид шудан ба Китоби рекордҳои Гиннесс ҳамчун куҳансолтарин парашутгар ҷаҳиш анҷом дод.  
«Синну сол танҳо як рақам аст», – менависад рӯзнома баъди фуруд омадани Ҳоффнер.
Ҷаҳиш дар якҷоягӣ бо инструктор аз баландии тақрибан 4,1 ҳазор метр сурат гирифт, ки он наздик ҳафт дақиқа давом кард.
Рекорди қаблии Гиннессро Линниа Ингегард Ларссони 103-сола аз Шведсия гузошта буд, аммо ҳоло ширкати «Skydive Chicago» талош дорад, ки Ҳоффнер ҳамчун рекордгузори нав эътироф гардад.

Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ЧАРО ОДАМОН БА ТАВРИ ГУНОГУН МУЗД МЕГИРАНД?
(Масал)
Як коргар ба назди хӯҷаинаш омада мепурсад:
– Чаро шумо ба ман ҳафтае як рубл медиҳед, дар ҳоле ки Элисей понздаҳ рубл мегирад?
Хӯҷаин ба тиреза нигоҳ карда мегӯяд:
– Мо бояд барои зимистон хошок харем. Бароед ва бубинед, ки ин корвон хошок меорад?
Коргар меравад, бозгашта мегӯяд:
– Бале.
– Аз куҷо? Шояд аз марғзорҳои Лукяновский?
– Намедонам.
– Пас, равед ва пурсед.
Вай рафту, боз ворид шуд:
– Бале, маҳз, аз Лукяновский.
– Кадом дарав бошад – якум ё дуюм?
– Намедонам.
– Пас, равед ва бифаҳмед!
Коргар рафт. Бозгашт:
– Хӯҷаин, дарави аввал!
– Намедонед нархаш чанд аст?
– Намедонам.
– Пас, равед ва бифаҳмед.
Коргар рафт. Баргашту гуфт:
– Барои як ароба бист рубл.
– Магар арзонтар намефурӯшанд?
– Намедонам.
Дар ин лаҳза Элисей ворид шуда, мегӯяд:
– Хӯҷаин, аз марғзорҳои Лукяновский хошок оварданд. Дарави якум будааст. Барои як ароба 20 рубл талаб карданд. Ба 17 рубл розӣ шуданд.
Онҳоро ба ҳавлӣ бурдам, ҳоло бор холӣ мекунанд.

Таҳияи У. САФАРАЛӢ



ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
БИЛЛ ГЕЙТС ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО АЗ ЧӢ ҲУШДОР МЕДИҲАД?
Билл Гейтс, муассиси “Microsoft”, ки соли 2015 пандемияи COVID-19 ва чанд воқеияти замони имрӯзи моро пешгӯӣ карда буд, ҷомеаи ҷаҳонро аз буҳрони экологии марбут ба тағйирёбии иқлим ҳушдор медиҳад. Ба гуфтаи миллиарддор, дар даҳсолаҳои наздик рух додани фалокати иқлимие эҳтимол дорад, ки агар перомуни он дар саросари ҷаҳон чораандешӣ нашавад, то соли 2100 сатҳи фавт бар асари афзоиши ҳарорати ҳаво аз коронавирус панҷ маротиба зиёдтар хоҳад шуд. 
– Бо бад шудани вазъи экологӣ, мушкилоти иқтисодӣ башариятро бештар аз пайомадҳои пандемия ранҷ хоҳад дод, – мегӯяд Гейтс.
Ин ҳушдори миллиарддори амрикоӣ дар ҳолест, ки кишвари мо дар шахси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим ташаббусҳои сатҳи ҷаҳониро ба амал бароварда, ҷомеаи байналмилалиро дар ин самт ба ҳамоҳангӣ ва андешидани тадбирҳои муштарак фаро мехонад.
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ



ДУ ПАНД
Доштани илм беҳтар аз доштани сарват аст, вале надоштани сарват бадтар аз надоштани илм мебошад.
* * *
Лаҳзаҳоро гузарондем, ки ба хушбахтӣ бирасем, ғофил аз он ки лаҳзаҳо ҳамон хушбахтӣ буданд.
Таҳияи Абдулқодири Раҳим


СУХАНИ ТААҶҶУБОВАРИ ОЛИМ
Олиме ҳангоми мавъизааш чунин гуфт: «Беҳтарин солҳои умрамро дар оғӯши зане гузарондам, ки ҳамсарам набуд». 
Ҳозирон инро шунида, тааҷҷуб карданд. Баъдан суханашро идома дод: «Дар оғӯши модарам тарбия ёфтам». 
Аҳли нишаст ба ҳаяҷон омаданд ва дар чашми баъзеҳо ашк ҳалқа зад.
Баъд аз маҷлис яке аз ҳозирон ба хонааш рафта, ба ҳамсараш гуфт:
– Занак, медонӣ чӣ?
– Ман беҳтарин солҳои умрамро дар оғӯши зане гузарондам, ки ҳамсарам набуд.
Зан гуфт: 
– Чӣ?... ва мард қабл аз он, ки ҳарфашро комил кунад, аз зарбаи кафгир беҳуш шуд.
Таҳияи Мафтуна  БАХТИБЕКОВА


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
СИЁСАТ
Сталин кӯчаҳои Москваи баъдиҷангиро тамошо мекард, ки чашмаш ба тали ҳезум дар назди калисои масеҳӣ Спаса на Бору, ба қавле, шоҳкории асри XV меафтад.
– Зуд аз пеши чашмам нобуд кунед,– амр медиҳад ӯ.
Масъулони шахшуда дарк намекунанд, ки Сталин чиро дар назар дошт. Барои ҳамин ҳезумҳоро ҳамон лаҳза ба мошин бор мекунанду калисоро субҳи барвақт мекӯчонанд.

Аз русӣ тарҷимаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ЭЙНШТЕЙН  ПРЕЗИДЕНТИ ИСРОИЛ?
Алберт Эйнштейн бо ҳама бузургие, ки шарафёб гардидааст, то нуҳсолагӣ ҳарфҳоро дуруст талаффуз карда наметавонист. То ҳадде, ки падару модар фикр карданд, фарзандашон ноқисулақл аст. Вале бинед, ки бо мурури замон Эйнштейн ба боақлтарин одамони сайёраи Замин табдил ёфт. Бовар нокарданист, вале далел аст, ки боре аз Эйнштейн хоҳиш намуданд, то номзадияшро ба мансаби Президенти Изроил пешниҳод намояд. 
– Ман худро сиёсатмадори ботаҷриба намеҳисобам,– гуфта, олими ҷаҳоншумул таклифи ҷонибдоронашро рад кардааст. 
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА 

Санаи нашр: 06.10.2023 №: 199
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив