ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО

ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО

09 октябр 2023, Душанбе
23
0


Маҷрои пурталотуми таърих ҳамеша гузаштаро бо имрӯз ва имрӯзро бо оянда мепайвандад, ҳалқаи васли наслҳо, асрҳо, халқҳо ва давлатҳоро мустаҳкам менамояд ва роҳро ба сӯи оянда равшан месозад. 
Эмомалӣ РАҲМОН

Онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд, аз лаззати хоси ифтихори миллӣ маҳрум шуда, зуд асири фарҳанги дигар мегарданд. Тоҷикон халқи қадим ва дорои таъриху тамаддуну фарҳанги бой мебошанд. Таъриху тамаддуни мо ҷузъи таъриху тамаддуни умумибашарӣ буда, дар рушди он саҳми босазое дорад.
Осорхонаҳо ҳамчун оинаи пурҷило инъикосгари таърихи халқ, дастовардҳои илму фарҳанг мебошанд. Осорхона давлат, театр ва забони ашё низ, мебошад. 
Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз осорхонаҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба шумор рафта, моҳи октябри соли 1958 ба муносибати 1100-солагии султони шоирони тоҷику форс таъсис ёфтааст. Ҳамон сол Осорхона ҳафт толори намоишӣ дошт. Аз рӯзи аввали таъсисёбӣ кормандони он таъриху тамаддуни халқи тоҷикро ба меҳмонони хориҷиву ватанӣ муаррифӣ менамоянд.
Бо ибтикор ва сиёсати фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008-ум 1150-солагии устод Рӯдакӣ бо шукӯҳу манзалати хоса ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат тарҳи бинои Осорхона ва толорҳои он ба таври замонавӣ азнавсозӣ шуда, як толори нав бо номи «Истиқлол» таъсис ёфт, ки дастовардҳои давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. 
Осорхонаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун муассисаи илмиву тадқиқотӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаҳои кории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, баҳри пешбурд, тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ хизмат менамояд. Дар муассиса шурои илмӣ мавҷуд аст, ки рӯзноманигорон, олимон ва бостоншиносон аъзо мебошанд. Дар ҷаласаҳои шуро маърӯзаҳои кормандони илмӣ, ки мавзуъҳои таърихию осорхонашиносиро дар бар мегиранд, баррасӣ мешаванд. 
Яке аз вазифаҳои муҳими Осорхона ҷамъоварии ашёҳои арзиши таърихидошта мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ он ашёҳои арзишманд, аз қабили китобҳои дастнавису чопи сангӣ, зарфҳои мунаққаши нуқрагиву мисӣ, либосҳои мардонаву занонаи миллӣ, кашидадӯзиҳои гуногун, зарфҳои сафолӣ ва чӯбӣ, ороишоти занона, сиккаҳои мансуб ба давраҳои гуногуни таърихиро харидааст. 
Маъмурият ва кормандони Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Рӯдакии шаҳри Панҷакент моҳи ҷорӣ 65-солагии таъсисёбиро ҷашн гирифта, дар муаррифӣ, эҳё ва рушди таъриху фарҳанги миллат саҳми арзанда хоҳанд гузошт. 

Насиба ЗОИРОВА 

Санаи нашр: 09.10.2023 №: 200
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив