ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

16 феврал 2023, Панҷшанбе
42
0
 
ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ
Ҷинояткорӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст
 
– Таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ, ки Президенти кишвар дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022) супориш доданд, барои пешгирии ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир мешаванд, хело муфид ва зарурист. Ҳоло гурӯҳи корӣ дар ин самт фаъолият намуда истодааст,– гуфт вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар ҷавоб ба саволи “Ҷумҳурият”. 
Тибқи иттилоъ, соли рафта аз ҷониби ин мақомот 17 ҷинояти киберӣ ва 500 ҳодисаи дигар вобаста ба истифодаи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар амалӣ намудани ҷиноятҳо сабт гардидааст. 
Соли гузашта дар кишвар 22481 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба соли 2021-ум 1637 ҳолат кам мебошад. Аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 14612 ҷиноят ошкор гардидааст, ки кушодашавии ҷиноятҳо 82,3 дарсадро ташкил медиҳад. 
Ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон низ, коҳиш ёфтааст, аз ҷумла ноболиғон 737 (дар соли 2021 – 763) ва ҷавонон 3572 (2021 – 4759), ҷиноят содир кардаанд.   
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
 
 
 
 
ЗАМИН 
Вайронкунии қонунгузорӣ аз масъалаҳои доғ боқӣ мемонад
 
Соли сипаришуда аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва сохторҳои он дар маҳалҳо 12717 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва барои бартарафсозии чунин ҳолатҳо 11140 дастур дода шуд. 
Зимни нишасти матбуотӣ Ориф Хоҷазода, раиси Кумита, иброз дошт, ки илова бар ин, нисбат ба 11020 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи беш аз 5,6 миллион сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гаштанд. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 868 мавод ба прокуратура, 1000 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситондани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол ёфта, 9791 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал рафъ шуд. 
Яке аз самтҳои муҳими дигари фаъолияти Кумита назорати самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва гирифтани ду – се ҳосил аз ин заминҳо мебошад.Ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов, холимонда ва корами обӣ, ки ҳамчун заминҳои лалмӣ истифода бурда мешаванд, корҳои муайян ба сомон расиданд. 
Ба таъкиди Ориф Хоҷазода, соли рафта аз чунин намуд заминҳо майдони умумии 2166 гектар, аз он обӣ 1769 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла, майдони 1437 гектар, аз он обӣ 1180 гектар аз ҳисоби заминҳои партов, чарогоҳ ва дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда ва заминҳои кораме, ки аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд 729 гектар, аз он обӣ 589 гектар ба гардиш ворид карда шуданд. 
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”
 
 
 
 
Ноҳияи Рӯдакӣ
369 иншооти ҷашнӣ бунёд мешавад
Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёду азнавсозии 369 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то ҳол 49 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Дар ин бора Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Номбурда зикр намуд, ки 55 банди нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди муассисаҳои таълимӣ, биноҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои томактабӣ, марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ ва забономӯзӣ, нигаронда шудааст.
Ҳамзамон, раиси ноҳия изҳор дошт, ки соли гузашта 242 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 4,8 километр ва аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша 3,2 километр роҳ пурра мумфарш гардид.
 
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
 
 
 
Зафар Гулзода: 
“Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  рӯ ба афзоиш дорад”
Соли рафта нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 110,6 дарсад таъмин гардида, 20727987 сомонӣ ба хазина ворид шуд, ки нисбат ба дурнамо 1986625 сомонӣ бештар мебошад. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 60960730 сомонӣ пешбинӣ гашта буд, иҷрои он 62413886 сомонӣ таъмин шуд. Маблағҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ омада низ, мақсаднок истифода гардиданд. Ин нуктаро раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зафар Гулзода  дар нишасти матбуотӣ баён кард.  
 Мавсуф иброз дошт, ки соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 100520700 сомонӣ расид, ки дар қиёс ба соли 2021-ум 37,5 дарсад зиёд аст. Ба гуфтаи Зафар Гулзода, порсол дар ноҳия як корхонаи истеҳсоли хишти пухта, як коргоҳи истеҳсоли масолеҳи пластикӣ ва ҶДММ “Содиқзода Анвархон” дар самти истихроҷи тилло мавриди истифода қарор гирифтанд ва  80 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд.  
 
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.02.2023 №: 37
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив