ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОМАҲОИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ

НОМАҲОИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ

21 феврал 2023, Сешанбе
33
0
17 феврал дар робита ба оқибатҳои фоҷиабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номаҳои изҳори тасаллӣ ворид гардиданд.
Чжан Мин, 
Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай: 
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Хабари фаромадани тарма дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки боиси талафоти одамон ва харобиҳои зиёд гардид, бо эҳсоси андуҳи амиқ дарёфтам.
Умед дорам, ки оқибатҳои ин офати табиӣ дар минтақаҳои зарардида ҳарчи зудтар бартараф карда хоҳанд шуд.
Муҳтарам  ҷаноби  Президент,  таслияти амиқи маро ба наздикони ҷонбохтагон ва таманниёти шифои оҷили инҷонибро ба осебдидагон қабул фармоед».
 
Александр Лукашенко, 
Президенти Ҷумҳурии Беларус:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Мо дар Ҷумҳурии Беларус хабари талафоти одамон ва харобиҳои зиёдро бар асари тармафароӣ дар манотиқи гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсосоти изтироб ва ҳамдардӣ дарёфтем.
Аз номи мардуми Беларус ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқ арз менамоям.
Хоҳишмандам суханони самимии ҳамдастӣ ва таманниёти шифои комили маро ба осебдидагон бирасонед.
Умед дорем, ки оқибатҳои ин офати табиӣ ҳарчи зудтар рафъ хоҳанд гардид ва манотиқи зарардида ба маҷрои муътадили зиндагӣ хоҳанд баргашт».
Сайид Иброҳим Раисӣ, 
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон:
«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Салом алайкум.
Хабари фавт ва маҷруҳ шудани теъдоде аз  мардуми азизи Тоҷикистон  бар асари  фуромадани  тарма дар Вилояти Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  моро  сахт  андуҳгин кард.
Зимни ибрози таслияти ин воқеаи ҷонсӯз ба Ҷаноби Олӣ, мардуми кишвари бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргоҳи Худованди мутаол барои даргузаштагон раҳмати фаровон ва барои бастагон сабру шикебоӣ ва барои маҷруҳон шифои оҷил ва комил орзу менамоям».
 
Қосим-Жомарт Токаев, 
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидани одамон бар асари тармафароӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боиси андуҳи зиёди мо гардид.
 Дар робита ба ин талафоти ҷуброннопазир зимни изҳори ғамшарикӣ хоҳишмандам аз номи мардуми Қазоқистон ва шахсан аз номи ман ҳамдардии амиқ ва суханони тасаллиомези моро ба пайвандон ва наздикони фавтидагон, инчунин, таманниёти ҳарчи зудтар шифо ёфтанро ба зарардидагон расонед».
Гурбангулӣ Бердимухамедов, 
Пешвои миллии халқи туркман, 
Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Хабари талафот ва захмӣ гардидани одамон, ҳамчунин, харобиҳои зиёд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари фаромадани тарма боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар ин лаҳзаи душвор хоҳишмандам аз номи Халқ Маслаҳатии Туркманистон ва, ҳамчунин, шахсан аз номи худам суханони ҳамдардӣ ва дастгирии инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамзамон, таманниёти шифои оҷилро ба осебдидагон бирасонед».
 
Сердар Бердимухамедов, 
Президенти Туркманистон:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Таслияти амиқи маро дар робита ба талафоту ҷароҳат бардоштани одамон ва хисороти зиёд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.
Дар ин лаҳзаҳои мушкил хоҳишмандам аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин, шахсан аз номи худам ба тамоми пайвандону наздикони ҷонбохтагон суханони ҳамдардиву ҳамбастагӣ ва таманниёти шифои оҷилро ба осебдидагон бирасонед».
 
Санаи нашр: 20.02.2023 №: 39
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив