ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 23 ФЕВРАЛ. ҶОН БА РАҲИ ВАТАН ФИДО МЕКУНЕМ!

23 ФЕВРАЛ. ҶОН БА РАҲИ ВАТАН ФИДО МЕКУНЕМ!

21 феврал 2023, Сешанбе
391
0
Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди беназири таърих барои мардуми тоҷик ба осонӣ муяссар шуд, вале душманони мо барои ноором сохтани вазъи сиёсии кишвар нақшаҳои муғризонае тарҳрезӣ намуда, мехостанд Тоҷикистонро ба нестӣ баранд. Баъди ба эътидол омадани вазъ низ, як зумра нотавонбинон садди рушди мамлакат шуданд. Шуруъ аз воқеаҳои солҳои навадуми асри ХХ, то муноқишаҳои марзӣ собит гардид, ки  Артиши мо пушту паноҳи кишвар ва умедгоҳи занону модарон аст. 
Дар ҳолати мураккаби сиёсӣ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 декабри соли 1992 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба тасвиб расонда, барои ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварданд. Пас аз ду моҳи тасдиқи ин ҳуҷҷати муҳим 23 феврали соли 1993 дар майдони марказии Душанбе аввалин паради низомии артиши Тоҷикистон баргузор гардид ва ин рӯз дар таърихи кишвари соҳибистиқлол Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имсол 30-юмин солгарди таъсисёбии худро, ки дар ин давра ба як неруи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфт, ҷашн мегиранд. 30 сол барои Артиши миллии Тоҷикистон давраи талошу кӯшишҳо, ранҷу заҳмат ва ҷоннисориҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафу мақсадҳои дерина буд. 
Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он артише, ки бо теъдоди ночизи яроқу техникаи ҳарбӣ боқӣ монда буд, ҳоло тавоно ва замонавӣ гардидааст. Он дорои техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз, варзишгоҳу машқгоҳҳо ва мутахассиони баландпояи ҳарбӣ мебошад. Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷо оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд. Афзудани хатарҳои ба сулҳу суботи сайёра, бахусус минтақа таҳдидкунанда, яъне терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва авҷ гирифтани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои реаксионӣ, ки қасди ноором сохтани вазъи сиёсиро доранд ва имрӯз раванди рушду инкишоф ва тараққиёти кишварамонро халалдор карданӣ мешаванд, кормандони тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз сарбози қаторӣ то афсари олирутбаро водор месозад, то барои рафъ ва барҳам задани ҳадафҳои душманон омода бошанд. 
Моҳи сентябри соли ҷорӣ шоҳид будем, ки сарбозони мо, яъне фарзандони ҷоннисори мо дар муноқишаҳои марзӣ корномаҳо нишон доданд ва нагузоштанд, ки марзи давлативу миллии мо рахна гардад. Ҷавонписарони огоҳ аз асрори ҳарбӣ дарк карданд, ки Тоҷикистонро ба ҷуз аз онҳо каси дигар ҳифз намекунад. Имрӯз ба шарофати заҳмату ранҷи онҳое, ки дар набардҳо ва муборизаҳо баҳри расидан ба Истиқлоли давлатӣ иштирок карда, сулҳу оромиро пойдор намуданд, Тоҷикистон рӯз ба рӯз ободу зебо ва тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум рушду инкишоф меёбанд. 
Ҳар як фарди ватандӯст, масъули таълиму тарбия ва нафарони бонангу номус бояд дар қалби ҷавонон эҳсоси садоқат ба Ватан, ба давлату миллат ва сокинони онро бедор намуда, онҳоро раҳнамоӣ созанд, то хизмати худро дар сафҳои Артиши миллӣ сарбаландона ба ҷо оранд. Баҳои сазовори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин рӯзи фараҳбахш ёдрас шудан, бамаврид аст: «Хидматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат ва мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ, ки пешрафту тараққиёти кишварамон бевосита аз онҳо вобаста мебошад, нақши барҷаста ва бузург доранд».
Ҷавонписарони мо ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта, пайи ҳифзи кишвари хешанд.  Имрӯзҳо донишҷӯёни мактабҳои оливу касбӣ низ, бо ихтиёри худ ба ҳимояи Модар – Ватан камар бастаанд ва роҳбарияти донишгоҳу донишкадаҳо барои онҳо имтиёзҳо муқаррар кардаанд. Бовар дорем, ки оянда парвардагони мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо садоқат ба Меҳани хеш марзу буми моро дифоъ мекунанд ва дар сари як ваҷаб хоки сарзамини аҷдодӣ истодагарӣ менамоянд.
 
Гулшан МАМАДҚУЛОВА, 
омӯзгори Гимназияи «Ҳиммат» 
Санаи нашр: 20.02.2023 №: 39
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив