ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАН ХАТИ МАРЗИ АМОНИИ ТУЯМ

МАН ХАТИ МАРЗИ АМОНИИ ТУЯМ

12 октябр 2023, Панҷшанбе
12
0
Тоҷикистон! Сарҳади ту мекунад 
аз ман убур
Аз дил, аз ҷонам ба дури дури дур.
Ман худам ин сарҳадам, ҳадди 
амонии туям,
Хати марзи бекаронии туям,
Ҳадди ҳадди охирини ормонии туям,
Дар харита марзи ту ин қадр маҳдуд аст
Дар мани ту беҳисобу беҳудуд аст,
Ҳеҷ кишвар ончуноне, ки ту ҳастӣ дар дили ман
Паҳновар нест,
Ҳеҷ мулки дигаре дар арзу тӯлаш 
Пеши ман бо ту баробар нест.
Олам – олам дар ту гунҷида шаҳоматҳои ин дунё,
Олам – олам соҳати вақту фазо...
“Маснавӣ”-ву “Хамса”-ву, “Шаҳнома”-ҳое
Сарҳадатро бурда то авҷи фалакҳо,
Мекунад  Симурғи бемарги ту парвоз 
Дар фалакҳо, бо малакҳо.
Сарҳади ту мерасад то гунбади мино 
Бо фурӯғи номи Сино
Тоҷикистон! 
Сад ҷаҳони дигаре дорад ҷаҳони ту,
Осмонҳои фарохи дигаре дорад 
Осмони ту,
Офтобу моҳу ахтарҳои бисёре,
Дар фарози шаҳрҳоят
Каҳкашонҳои пуранворе ...
Мулки андарзу футувват, сарзамини дӯстдорӣ.
Мулки некӣ, мулки ҳиммат, хоки ёрӣ...
Водии фазлу фазилат,
Водии ишқу муҳаббат...
Хоки виҷдон,
Меҳани имон...
Ин туӣ сарчашмаи оби зулол,
Не фақат бо тармаҳову чашмаҳову рӯдборонат,
Чашмаҳову рӯдҳое ҳаст аз меҳри фузун андар  равонат.
Обшори хайрхоҳӣ,
Чашмаи поки футувват,
Рӯдбори меҳри покӣ 
Ҷӯйборони муҳаббат
Аз дили ту то ҳама дилҳо 
Мебарад пайки сафову накҳати нусрат..
Тоҷикистон! 
Эй ту қақнуси раҳида з-оташи сӯзони таърих,
Инчунин поку мунаввар мон, 
Дар дилу дар ҷони таърих.
Ман рисолат дорам аз тақдир
Чун саломи ту, каломи ту, паёми ту,
Нестам чизе агар,
Як ҳуҷҷати ихлосу имонам ба номи ту.
Сарҳади ту мекунад аз мағзи ҷони ман убур,
Ман хати марзи амонии туям 
Бо ҳамин як ҷавшани дил,
Бо ҳамин ҷисми сипар,
Бо ҷони сангину сабур....
МИЛЛАТИ ПОКИВУ  НЕКӢ – МИЛЛАТИ БЕМАРГ 
Миллати тоҷик,
Миллати ғоратшуда дар тӯли таърихи гарон,
Ҳарчи бо худ дошт доду доду дод,
аммо надод
Асли худро.
Ҳаст оё як чунин халқе, ки ҷӯяд 
Аз адам, аз нестиҳо васли худро!?
Миллати эъҷози таърих!
Бо Ҳумое, ки набуда, 
Мезад ӯ ҷавлон ба гардунҳо,
Болу пар бикшода бо Симурғи дар андешаҳояш офарида 
Дар фарзи каҳкашонҳо, 
Муждаҳо  мебурд сӯи осмонҳо,
Сӯхта дар худ чу қақнусе, ки рамзи ҳастии ӯст,
Мешуд эҳё аз равонҳо...
Миллате, ки сар ба кайҳон дошт, 
Аммо аҷнабиёни ҷаҳолаткеш
Дасту пояш баста буданд,
Қомати шамшодворашро
Борҳо бишкаста буданд.
Болу пар бикшод аз дониш,
Болу пар бикшод з-эъҷози сухан
То Ватанро бар алайҳи теғу шамшер
Бо фазилат, бо муҳаббат, хайру некӣ
Аз балоҳо дорад эман.
Инак, он як пора дил аз ҷисму ҷони Ориёнои бузург,
Аз сиришти бегазандаш  ҷон гирифт,
Инак, он як пора дил аз меҳр оламтоб гашт,
Инак, он як пора дил хуршед шуд, маҳтоб гашт
Инак, он як пора дил бо номи тоҷик
Тоҷикистон шуд,
Охирин уммеди тоҷикони олам,
Сарзамини ору армон шуд.
Хоки захминаш, ки хоки родмардон буд,
Боз аз фазлу футувват ҷон гирифт,
Халқи некоину заҳматдидааш эҳёи нав ёфт,
Боз оламро ба ишқу меҳру бо эҳсон гирифт.
Миллати шоир, 
Миллати фозил,
Миллати дар рӯи каф як пора дил.
Он қадар дар бандҳои аҷзу кина,
Он қадар дар кунҷи девори хусумат,
Он қадар дар чоҳи ғафлат, сарзамини ҳирс,
Зист бо хориву зиллат.
Дасту пояш баста буду хаста буд,
Лек  ирода, эътимодаш, бовараш нашкаста буд. 
Миллате, к-озодамардони бузургаш
Бо ҳунар карданд тасхири ҷаҳон,
Миллате, ки фатҳи дунё кард бо фарҳангу ишқ,
Бо фари нобиғагон.
Боз собит шуд, ки ин миллат,
Миллати ишқ аст, миллати шеъру китоб аст,
Миллати равшангарост,
Миллати адл асту одоб аст.
Миллати некӯхисоле
Бо сиришти хайрхоҳона,
Миллати шеъру тарона...
... Инак, Истиқлол ӯро болу пар бахшид,
Инак, озодӣ шукӯҳу тоҷи сар бахшид, 
нерӯи дигар бахшид..
Инак, акнун боз з-амвоҷи қурун
Бо муҳаббат хест,
Бо Сада, бо Меҳргон, бо пайкари Наврӯзи гулафшон,
Бо фари тирукамони Тиргон
Ин ҷаҳонро кард тасхир
Не ба тӯпу не ба тир,
Бо суруду бо наво бо меҳри оламгир.
Бо табъи равон.
КАМОЛ НАСРУЛЛО, 
Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 12.10.2023 №: 203
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив