ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КҲФ.  ҲОДИСАҲОИ ТАБИӢ БЕШ АЗ 53 МИЛЛИОН СОМОНӢ ХИСОРОТ ОВАРДАНД

КҲФ.  ҲОДИСАҲОИ ТАБИӢ БЕШ АЗ 53 МИЛЛИОН СОМОНӢ ХИСОРОТ ОВАРДАНД

21 феврал 2023, Сешанбе
41
0
Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 697 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар 46 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо зарар расидааст. Маблағи умумии хисорот 53 миллиону 261 ҳазору 500 сомониро ташкил дода, дар натиҷа 8 нафар ба ҳалокат расидааст.
Тавре Умеда Юсуфӣ, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” хабар дод,        бар асари офатҳои табиӣ, дар маҷмуъ, 572 хона, аз ҷумла 88 хона пурра, 54 қисман ва 430 зарари сабук дидаанд. Илова бар ин, 3 мактаб, 4 дармонгоҳ, 403,2 км роҳҳои нақлиёт, 23 кӯпрук, 19,9 км хатти интиқоли барқ, 32 истгоҳи фаръии трансформаторӣ, 692,72 км хатти обёрӣ ва каналҳо, 2,201 ҳазор гектар заминҳои кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ ва 164 сар чорво талаф ёфтааст.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида ёрии яквақтаинаи моддӣ дар намуди масолеҳи сохтмонӣ ва ҷиҳози рӯзғор аз ҳисоби захираҳои моддии давлатӣ ва Кумита, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҷудо гардида, ба аҳолӣ тақсим карда шуд.
Дар баробари ин, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ёрии яквақтаинаи моддӣ барои шаҳрвандоне, ки манзили истиқоматиашон бар асари офатҳои табиӣ пурра ва қисман зарар диданд, ба маблағи 47400 сомонӣ, кумаки яквақтаинаи моддӣ барои шаҳрвандоне, ки бар асари офатҳои табиӣ ба ҳалокат расидаанд, ба маблағи 9000 сомонӣ ҷудо гардид.       
Ба 106 оилаи пурра ва 194 оилаи қисман зарардида дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафуров масолеҳи сохтмонӣ ва хӯрокворӣ ҷудо гардид.
 
1209 МАВЗЕИ ХАВФНОКИ ТАБИӢ ДАР ҶУМҲУРӢ
Тибқи таҳлилҳои ниҳоӣ дар ҷумҳурӣ 1209 минтақаи хавфнок ба қайд гирифта шудааст, ки қисми зиёди онҳо мавзеъҳои аз ҷиҳати селу обхезӣ, ярч, сангрезаву тармафароӣ хатарнок мебошанд. Аз ин шумора дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 515 мавзеи хатарноки аввалиндараҷа, муайян шудааст, ки гузарондани корҳои пешгирикунанда ва соҳилбандӣ зарур мебошад. Аз ҷумла, дар ВМКБ 140, вилояти Хатлон 46, вилояти Суғд 88, НТҶ 237 ва шаҳри Душанбе 4 мавзеъ. Соли 2023 аз нав санҷиш ва баҳогузории минтақаҳои хавфноки табиӣ пешбинӣ гардидааст.
 
ЗАХИРАИ 1451 ТАХТАСАНГ БАРОИ СОҲИЛБАНДӢ
Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои пешгирикунанда аз офатҳои табиӣ ва таъмини корҳои соҳилбандӣ ҷиҳати рехтани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва бофтани симтӯрҳо ба роҳ монда шуд. Соли гузашта аз ҳисоби масолеҳи сохтмонии аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ харидоришуда 1501 тахтасанги оҳану бетонӣ рехта шуда, 4146 м2 симтӯр бофта шуд.
Бо мақсади иҷрои корҳои пешгирикунанда ва дар асоси дархости раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ миқдори муайяни масолеҳи сохтмонӣ ҷудо гардида, ба шаҳру ноҳияҳои зерин дастрас гашт. 
Дар анборҳои Кумита 1451 тахтасанги оҳану бетонӣ, 2370 м2 симтӯр ва 1160 метр симтаноб дар захира қарор доранд. Ғайр аз ин, дар ҳудуди вилояти Хатлон 4309 тахтасанги оҳану бетонӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Кӯшониён 175 адад, Панҷ 728 адад, Фархор 1564 адад, Темурмалик 335 адад, Кӯлоб 56 адад захира шудааст. Инчунин, дар захираҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз ҳисоби лоиҳаи “Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ” – 11280 тахтасанг мавҷуд мебошад, ки дар маҷмуъ, 15 ҳазору 589 ададро ташкил медиҳад.
 
ҒАРҚШАВИИ 160 НАФАР ДАР КӮЛУ ДАРЁҲО
Соли сипаришуда дар кӯлу дарёҳои ҷумҳурӣ 160 нафар ғарқ шуд. Дар натиҷаи гузарондани корҳои наҷотдиҳӣ дар иншооти обӣ 34 нафар наҷот дода шуд. Тибқи таҳлилҳо сабабҳои асосии ба ғарқшавӣ дучор гардидани шаҳрвандон, ин оббозӣ намудан дар ҷойҳои манъшуда, беэҳтиётӣ ва беназоратии волидайн мебошад. 
 
БЕЗАРАРГАРДОНИИ 170 МИНА ВА 516 МУҲИМОТИ ҶАНГӢ
Давоми соли 2022 хизматчиёни ҳарбӣ ба курсҳои омодасозӣ ва безараргардонии минаҳо ва машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ҷалб ва баъди итмоми курсҳо барои иштирок дар амалиётҳо оид ба безараргардонии минаҳо дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо сафарбар гардиданд.
Аз ҳудуди заминҳои муайянгардида маводҳо ва лавозимоти ҷангии нотаркида тоза ва безарар гардонда, ба Муассисаи давлатии Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо супурда шуданд. Танҳо соли 2022 беш аз 225 319 метри мураббаъ қитъаи замин, бо миқдори 170 мина ва 516 муҳимоти ҷангии нотаркида тоза ва безарар гардонда шуд.
Баҳри фароҳам овардани шароити маишӣ барои сарбозон дар 4 қисми ҳарбӣ хонаи вохӯрии сарбозон бо аҳли оила ва наздиконашон бо тамоми шароити зарурӣ сохта шуд. Илова бар ин, биноҳои 2 ситод бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, биноҳои 2 ситод, 5 хобгоҳ, 5 ҳаммом ва 6 ошхонаи қисмҳои ҳарбӣ тармиму таъмир  гардиданд.
 
ҲИФЗИ ЗАМИНҲОИ КИШТ АЗ ЖОЛА
Барои таъмини саривақтии ҳифзи зироатҳои кишоварзии хоҷагиҳои ҷумҳурӣ аз офатҳои табиӣ – боришоти жола  корҳои мавсимӣ моҳи марти соли 2022 оғоз шуд. Ба корҳои мавсимии хусусияти саҳроидошта 7 дастаи зидди жола, 4 стансияи радиолокатсионӣ, 28 нуқтаи мушакпарронӣ ва дигар техникаи зарурӣ  фаъолият намуда, майдони 618 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии хоҷагиҳои водии Ҳисор ва вилояти Хатлон аз офатҳои табиӣ –боришоти жола ҳифз шуд. Дар дастаи зидди жолаи Данғара 1 нуқтаи мушакпарронӣ зиёд шуд, ки майдони ҳифзшаванда 9 ҳазор гектар зиёд гардид.
 
ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Кумита як қатор ёддоштҳои тафоҳум ва нақша чорабиниҳои ҳамкориро ба имзо расонд. Аз ҷумла, ёддоштҳои тафоҳум байни Кумита ва Шурои олӣ оид ба амнияти миллии Мақомоти миллӣ оид ба идоракунии ҳолатҳои фавқулода, буҳрон ва офатҳои табиии Амороти Муттаҳидаи Араб, Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия, инчунин, байни Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита ва Институти ҳифзи шаҳрвандии Академияи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Бо мақсади таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, беҳтар намудани шароити корӣ бо ҷалби маблағгузории давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳои маблағгузор кӯшиш ба харҷ дода шуда истодааст. Аз ҷумла, дар ин давра, аз ҷониби Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Барномаи рушди СММ, Бонки осиёии рушд, Идораи СММ оид ба гурезагон ва дигар ташкилотҳо кумакҳо аз қабили таҷҳизоти техникӣ, воситаҳои ҳифзи инфиродӣ, маводҳои гигиенӣ, маводи сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ расонда шудаанд. 
 
Лашкар ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.02.2023 №: 39
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив