ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАРКАЗИ ЯГОНАИ ИТТИЛООТӢ. ТАТБИҚИ ДАСТУРУ НИШОНДОДҲОИ ПАЁМ  ДАР ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ

МАРКАЗИ ЯГОНАИ ИТТИЛООТӢ. ТАТБИҚИ ДАСТУРУ НИШОНДОДҲОИ ПАЁМ  ДАР ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ

17 октябр 2023, Сешанбе
36
0

 
Дар доираи татбиқи дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 23-юми декабри соли 2022 дар Прокуратураи генералӣ сохтори нав – Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо таъсис ёфта, ба фаъолият шуруъ кард. Ҳоло ба манзури муаррифии сохтори нав аз ҷониби Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи машғулиятҳои назариявию амалӣ, ки аз 9-уми октябр шуруъ шуд, идома доранд.

Тавре аз маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ дар ин бора хабар доданд, қарор аст, машғулиятҳо бо ҷалби кормандони мақомоти прокуратура, ки самти пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳоро назорат менамоянд, то 19-уми октябр ҷараён гирад. Дар рафти бозомӯзӣ, зарурати таъсис, мазмун ва моҳияти Марказ ба кормандон фаҳмонда шуда, мавзуъҳои муҳиме, аз қабили самтҳои асосии фаъолият, вазифа, принсип ва ваколатҳои сохтори нав, бақайдгирӣ системакунонии парвандаҳои ҷиноятии экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, таҳлил ва тадқиқот дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм, пешгирии паҳншавии маводу иттилооти экстремистӣ дар фазои интернет, вазифаву ваколатҳо дар самти пешгирии киберҷиноятҳо, таҳлилу ҷамъбасти ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, мониторинг, арзёбӣ ва пешгӯии таҳдидҳои ин зуҳурот мавриди шарҳу тафсир қарор мегиранд.
Машғулиятҳо аз ҷониби кормандони варзидаи мақомоти прокуратура, аз ҷумла муаллимони калони Донишкада, сардорони раёсатҳои Прокуратураи генералӣ ва дигар масъулон, бо усулҳои назариявӣ, интерактивӣ, амалӣ ва кор бо гурӯҳҳо гузаронда мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, Прокурори генералӣ, дар нишасти ахири матбуотии ин сохтор дар посух ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият» аз таъсиси сохтори нав дар рӯзҳои наздик хабар дода буд. Он замон Прокурори генералӣ таъкид кард, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошда, ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ (киберҷиноят) содир мешаванд, аз вазифаҳои меҳварии Марказ хоҳанд буд. 
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022) бо нигаронӣ аз вусъати ҷалби шаҳрвандон ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани ин раванди хатарнок ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш доданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо барои таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ чораҳои дахлдор андешанд.  

Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 17.10.2023 №: 206
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив