ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИДМ. ҶАЛАСАИ 77-УМИ ШУРОИ РОҲБАРОНИ ХАДАМОТИ ГУМРУК ДАР ДУШАНБЕ

ИДМ. ҶАЛАСАИ 77-УМИ ШУРОИ РОҲБАРОНИ ХАДАМОТИ ГУМРУК ДАР ДУШАНБЕ

17 октябр 2023, Сешанбе
22
0


Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 77-уми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар он роҳбарони хадамоти гумруки Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Роҳбарони мақомоти гумруки Арманистон ва Қирғизистон ба таври маҷозӣ ширкат намуданд.
Онҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории гумрукӣ, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи Созишнома дар бораи Маркази экспертиза ва тадқиқоти мақсадҳои гумрукии мақомоти гумруки мамлакатҳои аъзои ИДМ-ро, баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд. Зикр гардид, ки ҳадафи асосии ин созишнома таҳияи равишҳои ягона, ҳамоҳангсозии иттилоот, ҳамкории таҳлилӣ, илмӣ, методӣ ва амалии тарафҳо ҳангоми гузарондани экспертиза ва тадқиқот буда, масъалаи интиқоли бемамонияти молҳо аз сарҳади гумрукии мамлакатҳои ИДМ муҳим маҳсуб мегардад.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи Шурои мазкур Ёддошти тафоҳум дар бораи муттаҳид намудани мақсадҳои мақомоти гумрук доир ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба ҳамлу нақли транзитӣ, инчунин, барасмиятдарории моли зудвайроншаванда пазируфта шуд.
Дар Ёддошти тафоҳум пешниҳод гардид, ки тадбирҳои андешидашавандаи мақомоти гумрук бо мақсади содагардонии савдо, иттилоотонӣ дар бораи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар нуқтаҳои гузариш дар ҳудуди давлатҳои худ, ки ба афзоиши қобилияти гузариши онҳо равона шудаанд, муайян шаванд.
Роҳбарони мақомоти фавқуззикр, инчунин, таҷрибаи кори худро оид ба ташкили низоми пайгирии интиқоли моли транзитӣ бо истифодаи пломбаҳои навигатсионӣ баён намуданд. Низоми пайгирии сохташуда худро ҳамчун воситаи боэътимод ва универсалӣ нишон дод, ки ба назорати фосилавии интиқоли молҳо ва воситаҳои нақлиёт имкон медиҳад.
Мавзуи дигари суҳбати роҳбарони мақомоти номбурда ошкор гардидани ҳолатҳои воридоти техникаи маишӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ дар шакли ҷудогона буд, ки он боиси аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз саркашӣ намудани онҳо мегардад. Дарвоқеъ, моли нав барои воридот эълом карда мешавад, аммо қисмҳои норасида имкон намедиҳанд, ки моли воридотӣ вазифаи худро иҷро намояд. Ин вазъият андешидани тадбирҳои вокуниш ба хотири ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакатҳои ИДМ, инчунин, аз байн бурдани шароити воридоти молҳо барои шахсони воқеӣ бе пардохти боҷи гумрукиро тақозо менамояд.
Такид гардид, ки вақтҳои охир дар нуқтаҳои гузаргоҳи бисёрҷонибаи автомобилӣ дар давлатҳои ИДМ ҳолатҳои фавқулода дар амалиёти гумрукӣ ва назорати гумрукӣ ба мушоҳида мерасанд. Таваққуфи аз меъёр зиёди воситаҳои нақлиёти боркаш, бо сабабҳои гуногун, инчунин, далелҳои тасдиқи шахсони сарҳадро убуркунанда, баёнгари онанд, ки чунин ҳолатҳо ба рушди иқтидори транзитӣ мусоидат нахоҳанд кард ва то андозае эътибори хадамоти гумрукро дар байни доираҳои тиҷоратӣ коҳиш медиҳанд. Дар ҷаласа, ҳамзамон, ба омода намудани кадрҳои касбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. 
Дар ҷаласаи 77-уми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки мамлакатҳои аъзои ИДМ нақшаи кор барои соли 2024, сана ва макони баргузории ҷаласаи 78-уми Шурои мазкур, инчунин, маҷлисҳои коршиносони хадамоти гумруки давлатҳои аъзо таҳия гардид.
Сипас, байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Беларус шартҳои техникии ҳамкории иттилоотӣ ба тасвиб расиданд.
Бояд тазаккур дод, ки шартҳои техникии ҳамкории иттилоотӣ дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус оид ба низоми мусоидати савдои мутақобила байни Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Орловский, сардори Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Беларус, 11-уми октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буданд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият» 

Санаи нашр: 17.10.2023 №: 206
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив