ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Кумаки Пешвои миллат  ба зарардидагони Бадахшон

Кумаки Пешвои миллат  ба зарардидагони Бадахшон

20 феврал 2023, Душанбе
53
0
Вазъи оилаҳои аз офати табиӣ зарардида дар шаҳри Хоруғ зери назорати қатъии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. 
Шуруъ аз 17 феврал  дастрас намудани кумакҳои молиявии Пешвои миллат ба ин оилаҳо оғоз гардид. Барои ҳар як оилае, ки дар натиҷаи офати табиӣ наздикони худро аз даст доданд, 40 ҳазор сомонӣ ва ба шахсоне, ки осеби ҷисмонӣ бардоштаанд, барои ҳар кадоме 10 ҳазор сомонӣ дастрас шуд.
Тавре аз ВМКБ хабар доданд, ҳамзамон, барои ҳар як оила ёрии яквақтаи Президенти мамлакат расид. Ин кумакҳоро раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо сохторҳои дахлдор ба оилаҳо супурд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки оилаҳои зарардида худро асло танҳо эҳсос накунанд, роҳбарияти олии мамлакат дар фикри онҳо ҳастанд. 
Зарардидагон барои чунин дастгириву ғамхориҳо ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.
 
 
 
Дилрабо Мансурӣ бо ҳайати  коршиносони Бонки ҷаҳонӣ вохӯрд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаи амалишавии лоиҳаи «Миллати солим» дар Тоҷикистон, таҳти сарварии намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон Озим Севимли мулоқот намуд.
Ба иттилои маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон, дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки лоиҳаи «Миллати солим» дар доираи татбиқи Стратегияи миллии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия шудааст.
Инчунин, рӯнамоии лоиҳаи «Миллати солим» дар Тоҷикистон бо иштироки вакилон ва ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид. Ҳадафҳои пешбинишудаи лоиҳа баланд бардоштани сифати хизматрасонии ёрии аввалияи тиббию санитарӣ дар минтақаҳои интихобшуда ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи тандурустӣ мебошад.
 
 
 
Шиносоӣ аз будубоши хизматчиёни ҳарбӣ
Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз будубоши хизматчиёни қисми ҳарбии 0307-и сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал овард. 
Давлаталӣ Саид баъди шиносоӣ аз пойгоҳи моддию техникӣ ва таъминоти ғизои афсарону аскарони қисми низомӣ онҳоро ба муносибати 30-солагии Артиши миллӣ таҳният намуда, гуфт, ки боиси ифтихор аст аз оғози таърих миллати тамаддунсози мо соҳиби артиши худ буда, баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, арзишҳои давлатдорӣ ва дифоъ аз таҳоҷуми аҷнабиён қаҳрамониҳои бемисл нишон додааст. Ба ин хотир, тоҷикон ба шумули халқҳое дохил мешаванд, ки аз аввалинҳо шуда сипоҳдориро дар ҷаҳон расм кардаанд.
 
 
 
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода  бо намояндагони Сафорати Фаронса 
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони Сафорати Фаронса дар Тоҷикистонро бо роҳбарии Эрик Любедел ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.
Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо дастгирии Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон соли 2022 барои дӯстдорони забони фаронсавӣ дар Хуҷанд Ташкилоти ҷамъиятии "Алянс Франсез Хуҷанд" ташкил гардид, ки барои барқарорсозии ҳамкориҳо миёни муассисаҳои олии ду кишвар мусоидат менамояд. Аз ҷумла, бо ёрии ташкилот миёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи Экс-Махсейи шаҳри Марсел шартномаи ҳамкорӣ оид ба омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва фаронсавӣ ба имзо расид.
Эрик Любедел таъкид кард, ки сафорат барои рушди муносибатҳои дӯстона аз ҳама имкониятҳо истифода менамояд. Иттилоъ дода шуд, ки Ташкилоти ҷамъиятии "Алянс Франсез Хуҷанд" кӯшиш дорад, ки барои роҳандозии ҳамкориҳо миёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдо ва муассисаҳои олии Фаронса низ мусоидат намояд.
 
Санаи нашр: 20.02.2023 №: 39
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив