ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ.  БА РУШДИ САЙЁҲӢ ТАВАҶҶУҲ БЕШТАР МЕГАРДАД

ВМКБ.  БА РУШДИ САЙЁҲӢ ТАВАҶҶУҲ БЕШТАР МЕГАРДАД

19 октябр 2023, Панҷшанбе
87
0

 
Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим ва тақдирсози соҳаи кишоварзии мамлакат маҳсуб меёбад. Доир ба амалисозии он қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расида, иҷрои он дар асоси нақшаи чорабиниҳо роҳандозӣ гардидааст. Ҷараёни амалисозии Стратегияи мазкур дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар кадом сатҳ қарор дорад? Ба ин саволи хабарнигори «Ҷумҳурият» Синдбод Амонбеков, мудири шуъбаи рушди сайёҳии вилоят, чунин посух дод:
– Шуъбаи рушди сайёҳии вилоят ва бахшҳои он дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ҷиҳати амалисозии Стратегияи мазкур дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори соҳа пайваста чораандешӣ намуда, тайи солҳои охир корҳои муайянро ба анҷом расонданд. Дар заминаи дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ соли равон дар шаҳри Хоруғ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, дастовард ва мушкилот” (омӯзиши таҷрибаи ВМКБ) доир гардид. Дар кори он намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, АМИТ, донишгоҳу донишкадаҳо, масъулини истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, дар маҷмуъ беш аз 80 нафар устодону коршиносони соҳаи сайёҳии мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни баргузории конференсияи мазкур маҷмуаи илмӣ-амалӣ дар бахши сайёҳии вилоят, ки зиёда аз 80 мақоларо дар бар мегирифт, дастраси иштирокдорони чорабинӣ гардид. 
Дар доираи форуми инвеститсионии соҳибкории “Помиринвест-2023” бошад, дар панели сеюм вобаста ба имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа табодули афкор сурат гирифт. Дар форум байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим бо соҳибкорони инфродӣ панҷ шартнома барои ҳамкории судманд дар самти рушди инфрасохтори сайёҳӣ ба имзо расид. 
Гӯшаи сайёҳии вилоятро намояндагони соҳа дар намоишгоҳҳои бузурги байналмилалии сайёҳӣ мунтазам муаррифӣ менамоянд. Бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ, Ассотсиатсияи сайёҳии экологии фарҳангии Помир ва ширкатҳои сайёҳии ВМКБ имсол дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии ИТБ-Берлин 2023, МИТТ-2023, бозори сайёҳии Арабистон, шаҳри Дубай-2023 ва ғайра зарфиятҳои сайёҳии вилоятро муаррифӣ намуданд. 
Ҷиҳати рушди инфрасохтори сайёҳӣ низ корҳои муайян роҳандозӣ мегарданд. Боиси ифтихор аст, ки имсол дар доираи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи замонавии “Дарвоз континентал”-ро ифтитоҳ намуданд. Соли ҷорӣ, ҳамчунин, барои 26 ҳомстей ба маблағи 239456 доллари ИМА таҷҳизоти замонавӣ дастрас гардид. Айни ҳол дар ҳудуди вилоят 34 меҳмонхонаи хурду миёна, 164 ҳомстей (меҳмонсарой) фаъолият намуда, дар маҷмуъ, дар як шабонарӯз барои 2412 нафар меҳмон имконияти хизматрасонӣ доранд. 
Дар ҳудуди вилоят бештар аз 700 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст. Дар самти ҳифз ва аз нав барқарор намудани ёдгориҳои таърихӣ низ як қатор корҳо анҷом меёбанд. Аз ҷумла, бо ин мақсад, осорхонаи “Карон”, меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Ванҷ, мақбараи Шоҳ Бурҳони Валӣ, осоишгоҳи “Авҷ”, боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшону Мурғоб ва қалъаи Ямчуни ноҳияи Ишкошим аз лиҳози маблағ дастгирӣ ёфтанд. 
Айни ҳол дар вилоят 49 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамояд. Дар маҷмуъ, соли ҷорӣ ба вилоят 14 ҳазору 915 нафар сайёҳ омад, ки 4418 нафараш сайёҳи хориҷӣ мебошад. Ба вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 баробар зиёд сайёҳон омаданд ва ин шумора рӯ ба афзоиш дорад. 

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 19.10.2023 №: 208
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив