ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Путин мавзуъҳои музокирот  бо Си Ҷинпинро гуфт

Путин мавзуъҳои музокирот  бо Си Ҷинпинро гуфт

19 октябр 2023, Панҷшанбе
40
0

Путин мавзуъҳои музокирот  бо Си Ҷинпинро гуфт
Лента. ру. Президенти Русия Владимир Путин ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҷараёни музокирот  бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин вазъи Украина ва Ховари Миёнаро баррасӣ намудааст.  
Ҳамчунин, ӯ зикр кард, ки суҳбат бо Си Ҷинпин се соат идома ёфт.  Дар  рӯзномаи дуҷониба масъалаҳои зиёде мавҷуданд, аз ҷумла иқтисод, молия, ҳамкории сиёсӣ, кори муштарак дар платформаҳои байналмилалӣ.
 


Даъвати Мирзиёев аз ширкаткунандагони Форуми Пекин  

Мир 24.  Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зикр кард, ки бунёди «Роҳи сабзи абрешим» ва таҳияи барномаи васеъмиқёс, ки дар он тамоми кишварҳои ҷаҳон иштирок менамоянд, ба пешгирии фалокати экологӣ мусоидат мекунад.
«Айни замон кишварҳои минтақаи мо мушкилоти ҷиддии гармшавии глобалӣ, вайрон шудани мувозинати экологиро, ки дар шакли шароити ғайримуқаррарӣ, зуд-зуд ба амал омадани хушксолӣ ва тӯфонҳои чангу ғубор, таназзули босуръати замин ва биёбоншавӣ, аз байн рафтани гуногунии биологӣ зоҳир мекунанд, пурра аз сар мегузаронанд », – гуфт роҳбари Ӯзбекистон.
Рӯзи 18-уми октябр дар Пекин Форуми байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” расман ифтитоҳ ёфт. Дар он намояндагони зиёда аз 140 кишвар, 30 созмони байналмилалӣ ва бештар аз 4000 меҳмон ширкат доранд.


А. Гутерриш: «Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» зиндагии мардумро беҳтар мекунад»

Синхуа. "Миқёс, миқдор ва фарогирии лоиҳаҳо ва сармоягузориҳо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» метавонанд намои ландшафти иқтисод, системаҳои энергетикӣ, нақлиёт, биноҳо ва тамоми саноатро тағйир диҳанд", – гуфт Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар форуми «рушди сабз», ки дар чаҳорчӯби Форуми 3-юми сатҳи баланд оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» баргузор шуд.
"Ман саъю кӯшишҳоро барои пайваста такмил додани устувории сармоягузориҳо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» қадр мекунам", – гуфт ӯ.
А.Гутерриш таъкид кард, ки ташаббуси «Роҳи абрешими сабз», ки як қисми лоиҳаи «Як камарбанд, як роҳ» мебошад, барои суръат бахшидани рушди устувор, ки метавонад ҳаёт ва некуаҳволии одамонро ҳифз кунад,  имконият фароҳам меорад.
"Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ҷаҳон омодааст, ки таҳия ва татбиқи чунин лоиҳаҳоро дар доираи ташаббуси «Як камарбанд,  як роҳ дастгирӣ кунад", – гуфт Дабири кулли СММ.



ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР
ТАСС. Бар асари тирборони Исроил дар  Ғазза биноҳо фурӯ рехта, ҳудуди 1,3 ҳазор нафар, аз ҷумла 600 кӯдак, бедарак шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустии анклав дар Facebook хабар дод.
Мир 24. Дар Душанбе роҳҳои рушди Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуданд. Дар нишаст сарони корпусҳои дипломатии Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва Арабистони Саудӣ ширкат варзиданд. Соли равон онҳо бояд ду санади муҳимро таҳия ва қабул кунанд: стратегияи рушди иқтисодии СҲШ то соли 2030 ва стратегияи рушди СҲШ то соли 2035. Ташаббускори ин нишаст Қазоқистон буд, ки аз моҳи июл раиси СҲШ аст.
INTERFAX.RU. Бино ба иттилои CNN,  Палатаи намояндагони Конгресси ИМА натавонист дар даври дуюми овоздиҳӣ раиси навро интихоб кунад: номзади ҷумҳурихоҳ Ҷим Ҷордан боз ҳам раъйи кофӣ нагирифт.
Мир 24. Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Денис Мантуров зимни мулоқоти корӣ бо аъзои Ассотсиатсияи соҳибкорони Аврупо изҳор дошт, ки ҳаҷми гардиши мол миёни Русия ва Чин дар ҳашт моҳ ду баробар бештар аз ҳаҷми муомилоти мол бо ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Мир 24. Дар Ашқобод форуми технологии Туркманистону Италия барпо шуд, ки дар он намояндагони калонтарин ширкатҳои ҳар ду мамлакат бо ҳам вохӯрданд. Ба гуфтаи ширкаткунандагон, ин чорабинӣ ба як минбари муҳим барои соҳибкорони ду кишвар табдил ёфтааст. Дар ин ҷо метавонед на танҳо мубодилаи таҷриба ва нақшаҳо, балки ҳамкориҳои навро  инкишоф дод.


Масъули гӯша:  Сайфулло АШУРОВ

Санаи нашр: 19.10.2023 №: 208
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив