ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФИЗИКАИ ҲОЛАТИ КОНДЕНСӢ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ  МУБРАМ ДАР ДМТ

ФИЗИКАИ ҲОЛАТИ КОНДЕНСӢ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ  МУБРАМ ДАР ДМТ

26 октябр 2023, Панҷшанбе
17
0


Бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотӣ ва лабораторияи физикаи муҳити конденсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 24-уми октябр дар толори хурди ДМТ Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Масоили мубрами физикаи ҳолати конденсӣ» бахшида ба 75-солагии таъсиси ДМТ, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва 80-солагии узви пайвастаи АМИТ, доктори илмҳои физика-математика, барандаи Ҷоизаи Бюрои патентии байналмилалии Авруосиё ва Ҷоизаи АМИТ ба номи Султон Умаров профессор Шарофиддин Тӯйчиев бо ширкати бевосита ва онлайнии олимони шинохтаву сатҳи ҷаҳонии Россия, Ҷопон, Миср, Ӯзбекистон, Покистон ва ғайра баргузор гашт. 

Тавре зикр гардид, 21-уми марти соли 1947 қарори Шурои Вазирони СССР таҳти рақами 643 оид ба таъсиси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз тарафи Раиси Шурои Вазирони СССР И. Сталин ба имзо расид. Аввалин машғулиятҳо дар се факултет 1-уми сентябри соли 1948 оғоз ёфтанд. Аз давраи таъсис то имрӯз ин боргоҳи илму маърифатро 124 ҳазору 839 нафар мутахассис хатм кардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 60-солагии ДМТ (24-уми октябри соли 2008) чунин гуфтанд: «Ин боргоҳи илму маърифат ҳамчун яке аз марказҳои бузурги таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ дар рушди илму маориф ва фарҳанги кишвари соҳибистиқлоли мо нақши хосса ва бузург дорад, зеро ҳоло дар мамлакатамон соҳае нест, ки дар он хатмкардагони Донишгоҳ фаъолияти пурмаҳсул надошта бошанд. Аз ҷумла, ман низ хатмкардаи ҳамин боргоҳи маърифат ҳастам ва аз ин ифтихор дорам». Маҳз дар замони истиқлол ин маркази бузурги илмиву таълимӣ ба Донишгоҳи миллӣ табдил ёфт. Имрӯз мактабҳои илмӣ дар соҳаҳои химия, биология, геология, физикаву математика, педагогика, фалсафа, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ ва таърих, филология, шарқшиносӣ ва журналистика амал мекунанд. 
7-уми ноябри соли 2022 дар иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи СММ доир ба тағйирёбии иқлим (Миср) зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардад. 14-уми декабри соли 2022 дар ҳамин иҷлосия бо тарафдории 153 давлати аъзо ташаббус дастгирӣ ёфт, ки боиси ифтихору сарбаландии мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. 
Вобаста ба ташаббуси навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳ тадқиқотҳои илмӣ васеъ ба роҳ монда шуданд. Мудири кафедраи метеорология ва иқлимшиносии ДМТ, узви пайвастаи АМИТ Инъом Норматов дар мавзуи «Таъсири тағйирёбии иқлим ба таркиби гидрохимиявии обҳои табиӣ ва реҷаи обӣ-намакии заминҳои обёришавандаи хоҷагии қишлоқ» сухан ронда, пешниҳоди Пешвои миллатро дар соҳаи иқлим саривақтӣ маънидод кард. 
Академики АМИТ У. Мирсаидов вобаста ба ҳифзи пиряхҳо, тадқиқотҳои дар соҳаи иқлим ва тағйирёбии он суратгирифта, саҳми Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ дар пешрафти илми тоҷик ҳарф зада, тазаккур дод, ки дар ин самт фаъолияти физики машҳур профессор Шарофиддин Тӯйчиев дар омӯзиши хусусиятҳои сохти моддаҳои калонмолекулавӣ, механикаи сохтор, физикаи мустаҳкамӣ ва пластикнокии маводи полимерии композитсионӣ, технологияи полимерҳо, маводшиносии радиатсионӣ, хосияти физикии наноматериалҳо ва ғайра мондагор аст ва аз маҳсули илмии ӯ олимони ҷавони ҷаҳон дар тадқиқотҳои илмии худ фаровон истифода мебаранд. Профессор Тӯйчиев аз соли 2005 бо гурӯҳи худ дар шуъбаи физикаи муҳитҳои конденсии Институти илмию таҳқиқотии ДМТ ба омӯзиши сохтор ва хосиятҳои физикии наномаводи карбонӣ оғоз карда, назарияи олими номдори Ҷопон Эйҷи Осаваро оид ба мавҷудияти молекулаҳои фуллеронӣ дар амал собит сохта, хизмати фидокорона ба илм кард. Кори ӯ илми тоҷикро ба қуллаи шуҳрат баровард. 
Олимону муҳаққиқони соҳа  дар ҷаласаҳои ифтитоҳӣ ва бахшҳои Конфронс саҳми профессор Тӯйчиевро дар пешрафти илми ҷаҳонӣ оид ба масоили мубрами физика ва муҳити зист арзанда арзёбӣ намуданд.  

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»      

Санаи нашр: 26.10.2023 №: 212
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив