ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ. ТАҲЛИЛИ МУҲИМТАРИН СОҲАИ ИҶТИМОӢ ДАР ДОИРАИ ЯК ҲАМОИШ

ДУШАНБЕ. ТАҲЛИЛИ МУҲИМТАРИН СОҲАИ ИҶТИМОӢ ДАР ДОИРАИ ЯК ҲАМОИШ

30 октябр 2023, Душанбе
15
0


Дар Литсейи Умари Хайём бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ҷаласаи корӣ баргузор шуд.

Тавре аз сарраёсати маориф хабар доданд, дар ҷаласа Дилбар Одилзода вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни баргузории иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум аз 10-уми октябри соли 2023, вобаста ба  вазъи кадрии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, омодагии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, риояи ҳатмии сарулибоси тавсиявӣ ва дар ин замина, пешгирии фарҳанги бегона ба масъулон дастур дод, ки дар ин самт бо сохторҳои дахлдор чораҳои мушаххас андешанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе вобаста ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабии пойтахт гузориши мушаххас дод. Зикр гардид, ки таҳсилоти томактабӣ ҳамчун таҳкурсии низоми муттасил дар инкишофи зеҳнӣ ва ташаккули инкишофи шахсияти кӯдак нақши асосӣ дошта, бо ёрии волидону мураббиён кӯдак таҷрибаи иҷтимоӣ, маданияти моддию маънавии инсонӣ, сифатҳои ахлоқию инсониро аз худ намуда, шахсияташ комил мегардад. 
Айни замон дар шаҳри Душанбе 162 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 31 206 тарбиягиранда фаъолият намуда, аз ин 96 адад муассисаи буҷетӣ, 12 тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 54-то хусусӣ мебошад. Дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт бошад, 56 гурӯҳи инкишофи кӯдак фаъолият дорад. 
Ҳавасманд намудани мураббиёни навовару эҷодкори муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 3 то 10 ҳазор сомонӣ, ки дар самтҳои гуногун нишондиҳандаҳои назаррас доранд, яке аз иқдомҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 30.10.2023 №: 214
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив