ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «АСОИ САФЕД». ҲАМОИШ БА ХОТИРИ НОБИНОЁН

«АСОИ САФЕД». ҲАМОИШ БА ХОТИРИ НОБИНОЁН

30 октябр 2023, Душанбе
9
0


Ҳамасола нимаи аввали моҳи октябр дар асоси қарори СММ Рӯзи «Асои сафед» таҷлил мешавад. «Асои сафед» рамзи шахси нобино буда, он аввалин маротиба 15‐уми октябри соли 1964 дар ИМА бо ташаббуси Федератсияи байналмилалии нобиноён таҷлил гардид. Соли 1969 бошад, Федератсия ин санаро расман Рӯзи «Асои сафед» эълон намуд. 

Дар ҷумҳурии мо низ қатори дигар табақаҳои аҳолӣ дар ҳаққи нобиноён мунтазам ва пайваста ғамхорӣ зоҳир мешавад. Маврид ба зикр аст, ки дар вилояти Суғд дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла ба нобиноён таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Тибқи иттилои масъулони соҳа, алҳол дар қаламрави вилоят 1729 нафар дар қайди Ҷамъияти нобиноён номнавис шуда, ҳар нафари онҳо аз имтиёзҳои замони истиқлол бархӯрдоранд. 
Чанде пеш дар тарабхонаи “Азизӣ”-и шаҳри Истаравшан бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии нобиноён чорабинии шаҳрии  “Асои сафед” баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Фирӯза Муъминзода, як қатор меҳмонон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кормандони бахши фарҳанг ва худи нобиноён иштирок намуданд. Бо дастгирии раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода барои 219 нафар дастархони идона ороста, як қатор шахсони ниёзманд аёдат шуданд. Ба ҳамаи онҳо ба маблағи 300 ( се сад) сомонӣ кумакпулии яккарата ҷудо гардид. Дар фарҷом аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳр баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи консертӣ пешкаш гардид.

Саъдулло МАҲКАМОВ, журналист

Санаи нашр: 30.10.2023 №: 214
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив