ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ. ТАҚВИЯТИ ВАЗЪИ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ. ТАҚВИЯТИ ВАЗЪИ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

01 ноябр 2023, Чоршанбе
60
0


Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Форуми дуюми пенитенсиарӣ таҳти унвони «Рушди низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он вазири адлия, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ ва сафирони Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, роҳбари доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, корпусҳои дипломатӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ  ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд. 
Форум дар ду бахш, шарҳи иттилоотӣ вобаста ба корҳои баанҷомрасида доир ба беҳбуди шароити будубошу бо кор таъмин намудани маҳкумшудагон ва ҳолати кунунӣ дар мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.   
Музаффар Ашуриён, вазири адлияи кишвар, зимни суханронӣ иброз дошт, ки баргузории чорабинӣ идомаи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар, алалхусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва  ислоҳоти низоми  иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар мамлакат мебошад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки  аз 31-уми декабри соли 2002 мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо тамоми сохтораш аз ихтиёри Вазорати корҳои дохилӣ ба тобеияти Вазорати адлияи мамлакат гузаронда шуд.  Мақсад аз ин тағйироти сохторӣ, боз ҳам башардӯстона намудани раванди иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, бештар намудани кафолати риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии маҳкумшудагон, беҳтар сохтани шароити нигоҳ доштани шахсоне, ки дар тавқифгоҳҳои тафтишотӣ боздошт мешаванд, ба ҳисоб меравад.
Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, зикр кард, ки  дар кишвар ҷиҳати эътироф, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҳамаи самтҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Хусусан, дар самти ташаккули иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, корҳои назаррас анҷом дода шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин ҷода пайваста такмил меёбанд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар фаъолияти худ ҷиҳати мусоидат дар татбиқи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.  
Дилшод  Бобохонзода, корманди Прокуратураи генералӣ  зимни  суханронӣ  иброз  дошт, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ фаъолияти сохторҳои давлатӣ, хусусан Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи кишвар хароб гардида, шароити корӣ нигаронкунанда буд. Бо талошҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор дар ин самт беҳтар шуд, ки ин ба самаранокии фаъолияти кормандони ин раёсат заминаи хуб гузошт. 
Дар идомаи Форум иттилоъ дода шуд, ки  сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ пайваста ҳамкори намуда, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ чорабиниҳои якҷояро амалӣ менамояд. Дар ин робита, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, ЮНИСЕФ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Табибони бидуни марз, Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ шарикони доимӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳоло дар мамлакат Стратегияи ислоҳоти низоми ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ мешавад, ки дар доираи он санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти соҳаро танзим менамоянд, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда шуда, тадриҷан шароити будубоши маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мегарданд.

Шодмон АБДУРАҲИМ, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.10.2023 №: 215
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив