ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ҶУМҲУРИЯТ» – ОИНАИ РӮЗГОРИ МАРДУМ

«ҶУМҲУРИЯТ» – ОИНАИ РӮЗГОРИ МАРДУМ

21 феврал 2023, Сешанбе
55
0
Манфиатҳои миллат тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма, ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоот дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро бо фардои нек таҳким бахшанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Нақши воситаҳои ахбори омма дар беҳбуди сатҳи маърифати мардум махсус аст. Ба воситаи он сиёсати давлат дар миёни омма васеъ интишор мешавад. Инъикоси нуқтаҳои Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаҳои арҷгузорӣ ба сулҳу субот, якпорчагии мамлакат, баланд бардоштани тарбияи ахлоқии шаҳрвандони кишвар вазифаҳои асосии матбуот ба ҳисоб меравад. Сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ гуфта буд: «Қавме, ки рӯзнома надорад, ӯ гӯё забон надорад». 
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори матбуот баҳои баланд дода, дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуда буданд: «Матбуот пули устувор байни оммаи васеи халқ ва ҳокимияти давлатӣ аст. Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳо ва падидаҳои зараровар раҳоӣ мебахшад».
Қонунҳои ҷории кишвар ба ҳар як шаҳрванд, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро додааст. Ҳар фард метавонад роҷеъ ба мушкилоти муҳими ҷомеа ё масоили дигаре, ки камбудиву ноқисии самтҳои гуногуни соҳаи муайянро инъикос менамоянд, дар ВАО матлаб интишор диҳад. Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият», ки умри садсола дорад, дар баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии мардум хизмат мерасонад. Мардум сари вақт аз амру фармонҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумат ва моҳияти қонунҳои қабулкардаи парлумони кишвар огоҳӣ пайдо мекунанд.
Имрӯз нашрияи расмии «Ҷумҳурият» воқеан ҳам ба талаботи рӯзнома ҳаматарафа мувофиқ гардидааст. Ин нашрия ҳам аз ҷиҳати фосилаи чоп, ҳам аз ҷиҳати мундариҷаву муҳтаво ва ҳам ороиш ҷавобгӯи талаботи рӯзнома мебошад. Рӯзнома матлабҳои таҳлилию танқидиро воқеъбинона ба нашр мерасонад ва мардумро аз рӯйдоду воқеаҳои кишвар ва ҷаҳон сари вақт огоҳ месозад. Ҳамчунин, марому мақсади Ҳукумати ҷумҳуриро дар ҳама самтҳо ба мардум мефаҳмонад. Рӯзнома ҳафтае 5 маротиба бо теъдоди 51 ҳазор нусхаӣ аз чоп мебарояд. Он дар муттаҳидӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди фарҳанги миллат саҳми бузург мегузорад. Ҳамаи он хабару мақолаҳое, ки дар ин рӯзнома нашр мешаванд, ба нафъи мардуми заҳматкаши кишвар равона шудаанд.
Шахсоне, ки майли рӯзномахонӣ доранду аз ахбори дохилу хориҷи кишвар сари вақт огоҳ шудан ҳадафашон аст, метавонанд ба рӯзномаи дӯстдоштаи худ – «Ҷумҳурият» барои соли 2023 обуна шаванд, зеро ин ҷаридаи таърихӣ роҳнамои мардум ва пайвандгари қалбу равшангари дилҳои мардум мебошад.
 
Холназар КАСИРОВ,  
собиқадори матбуот
Санаи нашр: 21.02.2023 №: 40
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив