ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИҚДОМИ ХАЙРИ СОҲИБКОР

ИҚДОМИ ХАЙРИ СОҲИБКОР

01 ноябр 2023, Чоршанбе
31
0


Соҳибкорони бонангу номуси мо дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишварамон бо ташаббусҳои бештари худ дар пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони маҳбубамон ва боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани азизамон саҳми ватандӯстонаи хешро гузошта истодаанд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Абдуҷамил Сатторов аз зумраи соҳибкорони муваффақест, ки ӯро аксари мардуми ноҳияи Ёвон хуб мешиносанд ва эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Ӯ роҳбари ҶДММ «Балх» буда, даҳҳо  сокинони ноҳияро бо ҷойи кори доимӣ ва, ҳамчунин, маоши хуб таъмин кардааст.
Соҳибкори муваффақ, хусусан, пас аз вохӯрии Ҷаноби Олӣ бо соҳибкорон, тасмим мегирад, ки дар баробари кумаки молиявӣ ба 400 нафар ниёзманд, ҳар моҳ ба 10 нафар маъюб нафақапулӣ таъин карда,  ба сохтмону ободонии деҳаҳо ва кӯчаю маҳаллаҳо машғул гардад. Пули мошингузари байни деҳаҳои Зулмободу Дастгиракро бо саҳми сокинони маҳал ба истифода медиҳад. Ҳамзамон, дарвозаи деҳаи Зулмободро қисман бо саҳми сокинон сохта, кӯчаҳои деҳаро шағалпӯш менамояд. Соли 2010, ба мактаби деҳа барои сабзондани гулу буттаҳо аз масофаи 4,6 км об меорад. Баъдан, аз оби нӯшоӣ танқисӣ кашидани сокинони деҳаи Зулмобод ва деҳоти атрофи онро дида, ба кандани чоҳҳои амудӣ ва бо оби нӯшоӣ таъмин намудани мардум машғул мешавад. Дар ҳавлии МТМУ № 57, МТМУ № 15, кӯчаҳои сераҳолӣ, назди масҷиди 5-вақта ва бунгоҳи тиббии деҳаи Зулмобод, деҳаи Дастгираки Поён чоҳ канда, мардумро бо оби нӯшоӣ таъмин месозад.
Бо ёрии Ҳоҷӣ Абдуҷамил  дар МТМУ № 46-и деҳаи Навобод, ки дар он зиёда аз 700 хонанда таҳсил менамояд, чоҳи амудии чуқуриаш зиёда аз 60 метр канда, об бароварданд.
Овозаи оббарории Абдуҷамил Сатторов ба гӯши роҳбарияти Муассисаи ислоҳии 3/64-и маркази ноҳия низ расид ва онҳо аз соҳибкор хоҳиши ёрӣ   намуданд. Соҳибкор хоҳиши онҳоро иҷро кард ва акнун маҳбусони Муассисаи мазкур низ аз оби нӯшоӣ истифода мебаранд. 
Дар суҳбат бо соҳибкор Абдуҷамил Сатторов маълумамон шуд, ки Маҳмудхон Толибов, раиси маҳаллаи Дастгираки Поёни  деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов, ҳангоми кандани чоҳҳо, ҳам дар ду мавзеи деҳа ва ҳам дар ҳавлии муассисаҳои таълимӣ дастгирии олиҳимматона кардаанд.
– Бо чунин  мардони кордону қадрдон кор кардан хушу гуворост. Бовар кунед, муносибати хушу суҳбатҳои самимии ин полковники мустаъфӣ, ки дар давоми зиёда аз як соли раисиаш тамоми кӯчаҳои деҳаро сангфарш, ҷӯйборҳоро бетонӣ, деворҳои лойини куҳнаю фарсударо бо деворҳои аз хишти бетонӣ сохта,  иваз намудааст, касро руҳан болида  мегардонад. Кӯшиш мекунӣ, ки ҳарчи зиёдтару хубтар дар ин маҳалла чоҳҳо канию пешкаши  мардум гардонӣ. Ҳамин муомилаю муоширати хуби раиси маҳалла акаи Маҳмудхон, буд, ки ман дар ин деҳа се чоҳи амудӣ канда, об бароварда ба аҳолӣ тақдим кардам, – гуфт Абдуҷамил Сатторов.
Ин шахси саховатпеша дар чароғонкунии шоҳроҳи даромадгоҳи шаҳраки Ёвон низ саҳми худро гузоштааст. Чароғҳои замонавии гузоштаи ӯ аз назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории худи соҳибкор то гардиши тарафи МТМУ № 80 ҳар бегоҳ то субҳ ин мавзеи шаҳракро равшанӣ мебахшанд.
Ҳангоме ки ин маводро омода мекардем, ба мо хабар доданд, ки Абдуҷамил Сатторов дар МТМУ №77 воқеъ дар деҳаи 20-солагии Конститутсияи шаҳраки Ёвон низ як чоҳи амудӣ сохта ба истифода додааст. 
Абдуҷамил Сатторов дар оянда нақша дорад, ин иқдомашро дар дигар деҳаҳои ноҳия, камаш дар 20 деҳаю муассисаи таълимии дигар низ идома дода, савоби чандин ҳазор нафаронеро, ки аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, гирад. 
Ба ин соҳибкори  муваффақ, марди саховатманду кордон барори кору баракати рӯзгорро таманно менамоем.

Миралӣ МУРОД, ноҳияи Ёвон

Санаи нашр: 31.10.2023 №: 215
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив