ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ҶУМҲУРИЯТ”. САҲМИ НАШРИЯИ РАСМӢ ДАР  ТАБЛИҒИ ВАРЗИШ БЕНАЗИР АСТ

“ҶУМҲУРИЯТ”. САҲМИ НАШРИЯИ РАСМӢ ДАР  ТАБЛИҒИ ВАРЗИШ БЕНАЗИР АСТ

02 ноябр 2023, Панҷшанбе
31
0

 
Соҳаи варзиш, ҳамчун самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат, таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Хусусан, ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти варзиш беназир аст.
Маҳз бо дастгирии Роҳбари ҷавони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, замоне, ки кашмакашиҳои сиёсӣ дар кишвар идома доштанду вазъият ноором буд, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат карда, шарафи варзиши кишварро ҳимоя мекарданд. Аз ҷумла, ҳайати олимпии Тоҷикистон соли 1994 дар Бозиҳои Осиё (Ҳирошимаи Ҷопон) ва соли 1996 дар Бозиҳои олимпӣ (Атлантаи ИМА) ширкат варзида, дар аввалин иштирокаш дар Бозиҳои Осиё сазовори ду медали биринҷӣ гашт. Аз ин пеш варзишгари тоҷик Андрей Абдувалиев солҳои 1993 ва 1995 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук ширкат карда, ду медали тилло ба даст овард. 
Бо ором шудани вазъият ва фароҳам гардидани зиндагии осоишта, ки бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, соли 2003 Душанбе мизбони 5-ум Бозиҳои Осиёи Марказӣ шуд. Баъдан соли 2007 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир кардани Дави миллӣ ба тасвиб расид, ки мақсад аз он ҳифзи саломатии мардум мебошад. Соли 2009 бошад, Сарвари давлат ҳамзамон, роҳбарии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро бар уҳда гирифта, соли 2010 бо варзишгарон ва масъулони соҳаи варзиши кишвар мулоқот карданд, ки он такони ҷиддие дар рушди варзиш ва фароҳам кардани инфрасохтори соҳа гардид. Таъсиси Ҷоизаи президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ ва стипендияи якумрӣ барои ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ ташаббусҳои дигари беназири Роҳбари давлат нисбат ба варзишгарон мебошад.
Ҳамин аст, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳамчун Нашрияи расмии Тоҷикистон дар таблиғ ва рушди соҳаи варзиш ва дастоварди варзишгарон, инчунин, бартараф кардани камбудиҳои соҳа нақши муассир дорад. Дар рӯзнома гӯшаи махсуси “Варзиш” таъсис шудааст ва чун рӯзнома ҳар рӯз нашр мешавад, хонанда бо дастовардҳои соҳаи варзиши кишвар сари вақт огоҳ мегардад. Ба ҳисоби миёна дар як сол зери ин рубрика беш аз 200 хабару гузориш ва маводи таҳлилӣ пешниҳоди хонанда мегардад.
Дар баробари ин, рӯзнома ба муаррифии варзишгарони ҷавон  таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, доир ба фаъолияти варзишии собиқадорони соҳа низ саҳм мегирад. Масалан, доир ба таеквондочии ҷавон Мӯниса Ойматова (26.09.2019), муштзан Шоира Зулқайнарова (8.03.2019), паҳлавонон Сомон Маҳмадбеков (22.10.2019), Хушқадам Хусравов (20.11.2018), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (3.05.2022) матлабҳо нашр шудааст, ки баъдан онҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд. Ба унвони чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон даст ёфтани Нуралӣ Эмомалӣ, аввалин маротиба дар таърихи ҷудои кишвар медали тиллои Гранд Сламро гирифтани Темур Раҳимов, бори аввал ба Ҷоми Осиё роҳ ёфтани тими миллии футболи кишвар, нахустин маротиба дар кишвар баргузор шудани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, Гран-при оид ба ҷудо дар саҳифаҳои рӯзнома муфассал инъикос ёфтаанд. 
Дар мақола ва мусоҳибаҳои алоҳида вазъи футбол дар кишвар, хусусан ҷараёни татбиқи Барномаи ФФТ – “Орзу – 2026” (1.08.2018), рушди футбол дар минтақаи Рашт (23.10.2018), дар вилояти Суғд (22.01.2022), ҳолати имрӯзаи намуди баскетбол дар кишвар (14.02.2022), таърих ва рушди гӯштии миллии тоҷикӣ ва ғайра баррасӣ гардидаанд. 
Рӯзнома оид ба ҳолати ҳузновари Варзишгоҳи марказии ноҳияи Зафаробод матлаб нашр кард, ки пас аз он масъулони ноҳия дар пайи ободии варзишгоҳ шуданд.
10-уми августи соли равон бошад, ба муносибати Рӯзи варзишгарон шумораи махсуси рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо фарогирии матлабҳои ҷолиби соҳаи варзиш ба нашр расид. Дар ин шумора хонанда бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзиш ва варзишгарон, нақши Пешвои миллат дар рушди ҳаракати олимпӣ, андешаи мақомдорони ҷаҳонии соҳаи варзиш нисбат ба кишвари мо, марҳалаи нави рушди футболи тоҷик, байналмилалӣ шудани гӯштии миллӣ, рушди гӯштии ҷудои тоҷик дар як соли охир, се набарди се паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳонии самбо, аввалин чемпиони ҷаҳон аз Тоҷикистон ва ғолибону ҷоизадорони чемпионатҳои ҷаҳону Осиё аз Тоҷикистон ошно мегардад.   
Дар баробари таблиғи соҳаи варзиш, кормандони рӯзномаи “Ҷумҳурият” амалан ба варзиш машғул ҳастанд. Ба ифтихори ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ, мисли Наврӯз, Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, миёни кормандони рӯзнома мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд, тенниси рӯи миз, шоҳмоту шашка, нард ташкил ва баргузор мешаванд. Аз ҷумла, соли 2022 ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ, Наврӯзи байналмилалӣ, Истиқлоли давлатӣ мусобиқаҳои тенниси рӯи миз, шашкаву нард ва ҳангоми сафари кории ҳайати кормандони рӯзнома ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи майи соли 2022 бо ҳамкасбон дар шаҳри Самарқанд бозии дӯстонаи футболи хурд баргузор шуд.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳамчун Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар таблиғу ташвиқи соҳаи варзиш ва бартараф кардани камбудиҳои соҳа саҳм хоҳад гузошт. 

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”   

Санаи нашр: 01.11.2023 №: 216
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив