ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ.  ИФТИТОҲИ ҲАФТ КОРХОНАИ САНОАТӢ БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ДУШАНБЕ.  ИФТИТОҲИ ҲАФТ КОРХОНАИ САНОАТӢ БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

02 ноябр 2023, Панҷшанбе
33
0

 
ҶСК “Гулистони Душанбе”
31-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе баҳри истиқболи сазовори Ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, инчунин, дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва, дар ин замина, амалисозии саноатикунонии босуръати кишвар ҳафт корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи кориро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҶСК “Гулистони Душанбе”-ро баъд аз навсозӣ ифтитоҳ намуданд. Дар иншооти истеҳсолӣ, ҷиҳати иҷрои  супоришҳои  Роҳбари  давлат дар доираи амалӣ шудани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе технологияи муосир насб шуд.  Дастгоҳу таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ давоми солҳои 2022-2023 аз Ҷопон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия, Чин, Англия, Россия ва Туркия ворид гардид. Баъд аз навсозӣ, фаъолияти се хатти нави технологии ҳозиразамон дар ҶСК “Гулистони Душанбе” ба роҳ монда шуд, ки дар онҳо пиҷакҳои мардона ва занона, шим ва куртаҳо дӯхта мешавад.  
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои нақшаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо барои зиёдшавии теъдоди иншооти саноатӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ба ҷойи кор фаро гирифтани аҳолӣ ва рушди бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ карданд.  Айни ҳол дар ҶСК “Гулистони Душанбе” бори аввал истеҳсоли шиму костюми мардонаву занона, бо истифода аз технологияи ҳозиразамони ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ба роҳ монда шуд. Дар натиҷаи навсозии қитъаҳои омодакунӣ, поракунӣ, таҷрибавӣ, дӯзандагӣ, ҳамчунин, ворид намудани таҷҳизоти муосири техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таҳкими фаъолияти корхона шароити мусоид фароҳам оварданд. Бо васеъ гардидани имконияти корхона, ҷиҳати содироти молу маҳсулот бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ шартномаҳои ҳамкорӣ баста мешавад.  
Бо истифода аз иқтидори техникӣ, ҶСК “Гулистони Душанбе” имкон дорад дар як сол то 2 миллион либосҳои махсуси корӣ барои фаслҳои тобистону зимистон, шиму костюм, либоси мактабӣ, варзишӣ, курта ва рахти хоб, дар маҷмуъ 250 номгӯйи маҳсулот, истеҳсол намояд. Дар сурати зиёд шудани фармоиш, корхона метавонад, ки истеҳсоли маҳсулотро бештар кунад. Баъди навсозӣ дар корхона 230 ҷойи кори иловагӣ таъсис ёфта, дар маҷмуъ, ҷойи кор ба 470 расид. Дар сурати дар се баст ба роҳ мондани фаъолияти корхона, ҷойи кор ба 1200 мерасад. Барои кормандон нақлиёти хизматӣ пешбинӣ шудааст. 
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири босифат ҷалб намуданд. Дар корхона таҷҳизоти лазерӣ барои ҳаккокӣ дар матоъ, сканер барои ба таври худкор гирифтани андозаи либос, хатти технологӣ иборат аз 145 таҷҳизоти махсус барои дӯхт, дарзмолкунӣ, бандубаст ва хушкашӯии кимиёвии либос насб гаштааст. Ин имкон фароҳам овард, ки ҳар як амалиёти дӯхти либос бо истифода аз таҷҳизоти алоҳидаи худкор ба роҳ монда шавад, ки дар Тоҷикистон бори аввал ба ҳисоб меравад. Дар ҶСК “Гулистони Душанбе” аз матоъ тавассути технологияи муосир, бо андозаҳои гуногун ва мувофиқ ба дархости мизоҷон, либосҳои шинаму зебои мардонаву занона истеҳсол мешавад.  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми шаҳрдориро дар самти бунёду барқароркунии иншооти истеҳсолӣ намуна арзёбӣ карда, коргарону мутахассисонро ҷиҳати омӯзиши кор бо технологияи муосир, афзалият додан ба талаботи бозор, истифодаи имконияти васеи технологӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифат вазифадор намуданд. Имрӯз ҶСК “Гулистони Душанбе” аз биноҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасон иборат буда, аз коргоҳҳои тарроҳӣ, омодасозӣ ва поракунӣ, дӯзандагӣ, шустушӯӣ ва рангубор, такмилдиҳии намнокӣ ва бандубаст, дӯхти либос аз рӯи супоришҳои махсус, нуқтаи хизматрасонии хушкашӯӣ, буғхона, мағоза ва ошхонаи васеъу барҳаво барои 400 ҷойи нишаст иборат мебошад. 
Баъди шиносоӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намунаҳои маҳсулоти ҶСК “Гулистони Душанбе” шинос шуданд. Тайи нуҳ моҳи соли равон дар 87 корхонаи дӯзандагии мамлакат истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 фоиз зиёд шудааст, ки аз ин 21 корхона ба шаҳри Душанбе рост меояд. Дар нуҳ моҳи соли равон истеҳсоли либоси мактабӣ дар пойтахт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,9 фоиз афзудааст, ки нишондоди баландтарини рушд дар ҷумҳурӣ мебошад. Иҷрои супоришҳои Сарвари давлат доир ба дастгирии фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имкон фароҳам овард, ки соҳибкорӣ дар пойтахти мамлакат рушд кунад ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот биафзояд.
Барои рушди саноат дар пойтахти мамлакат шароити зарурӣ фароҳам аст ва дар асоси супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тавассути бунёду барқароркунии коргоҳу корхонаҳо афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин, шумораи ҷойҳои кор дар соҳа зиёд ва ба рушди дучанди иқтисодии пойтахти мамлакат замина гузошта мешавад.

Корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» 
31-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансур марҳалаи дуюми корхонаи қолинбофии ҶДММ “Қолинҳои Душанбе”-ро ба истифода дода, аз намоиши маҳсулоти корхона боздид карданд.
Марҳалаи  дуюми  ҶДММ  “Қолинҳои  Душанбе” дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Солҳои рушди саноат (2022- 2026) ба истифода дода шуд. Корхона дар доираи татбиқи саноатикунонии босуръати мамлакат, бо истифода аз фазои мусоиди сармоягузориву соҳибкорӣ, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯз Абдуллозода бунёд гардид. Бо фаъол сохтани ду хатти иловагии истеҳсолӣ дар корхонаи қолинбофӣ шумораи коргарон, ки, аксаран бонувон мебошанд, ба 600 нафар расид.
Тазаккур доданд, ки иқтидори истеҳсолии ҶДММ “Қолинҳои Душанбе”, аллакай ба ҳаҷми истеҳсолоти ширкати “Қолинҳои Қайроқум” наздик шудааст, ки ин нишона, аз хуб ба роҳ мондани тавлидоти маҳсулот ва рақобатпазир будани он мебошад. ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” дар пойтахти мамлакат ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон мағозаҳои махсус дорад, ки дар он маҳсулоти худро ба фурӯш гузоштааст. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлобу Хоруғ, Ваҳдату Ҳисор ва Бохтару Рашт низ чунин марказҳои фурӯш таъсис ёбанд, то сокинон ба қолинҳои замонавӣ дастрасии бештар пайдо кунанд. Масоҳати ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” 2,7 гектар буда, иқтидори солонаи корхона ба 4 миллиону 860 ҳазор метри мураббаъ мерасад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо фаъолияти марҳалаи дуюми корхона, иқдоми соҳибкоронро шоёни дастгирӣ арзёбӣ карда, онро намунаи барҷастаи амалисозии ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии мамлакат маънидод намуданд. Баъд аз мавриди истифода қарор додани марҳалаи дуюми корхонаи қолинбофии ҶДММ “Қолинҳои Душанбе”, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона боздид ба амал оварданд. Дар ин ҷо беҳтарин намунаҳои қолин ба маъраз гузошта шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти корхонаи саноатии мамлакат баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор карданд, ки раванди истеҳсоли маҳсулот таҳти назорат қарор гирад ва ба масъалаи тақвияти содирот таваҷҷуҳи хосса равона гардад.
Тавре масъулон иттилоъ доданд, дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар, соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли қолин ба сатҳи соли 1991 бароварда шуда, 6,4 миллион метри мураббаъро дар бар гирифт. Айни замон талабот ба қолин дар ҷумҳурӣ дар як сол 8 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳад. Давоми солҳои охир шаш корхонаи қолинбофии амалкунандаи ҷумҳурӣ бо пешрафтатарин технологияи соҳавӣ, аз ҷумла бо 26 хатти истеҳсолии ширкати «Вандевил»-и Шоҳигарии Белгия, фаъолияти худро ба роҳ монда, мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мол истеҳсол мекунанд. 
Тазаккур дода шуд, ки тайи нуҳ моҳи соли равон дар мамлакат 3 миллиону 921,82 метри мураббаъ қолин истеҳсол гашт. Ин нишондод дар нуҳ моҳи соли 2022-юм 5 миллиону 515,09 метри мураббаъро ташкил медод. Иқтидори солонаи корхонаҳои қолинбофии мамлакат 13 миллиону 700 ҳазор метри мураббаъ қолин арзёбӣ мешавад. Тайи нуҳ моҳи соли равон ба мамлакат 3 миллиону 328,8 ҳазор метри мураббаъ қолин ворид шуд, ки ин нисбат ба содирот хеле зиёд аст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёдкоронаи роҳбарияти ҶДММ “Қолинҳои Душанбе”-ро шоистаи таҳсин хонда, сохтмони корхонаи истеҳсоли қолинҳоро дар пойтахти кишвар ба мақсадҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии ҳадафи муҳими стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини ҳарчи бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ, созгор арзёбӣ карданд.

Корхонаи нассоҷии ҶДММ «Арвис»
31-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи нассоҷии ҶДММ “Арвис”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд.
Корхонаи нав, ки дар асоси технологияи замонавӣ бунёд гардид, ба истеҳсоли матои патдор, аз қабили намудҳои гуногуни сачоқ, халат барои тамоми синну сол, машғул мебошад. Корхонаи нассоҷии “Арвис” имкон дорад, ки дар як сол 3 ҳазору 600 тонна ресмони пахтагиро коркард намуда, аз он маҳсулоти патдор истеҳсол ва бо сифати баланд ва тарҳу шакли бозоргир пешниҳоди харидорон кунад.
Дар оянда содироти маҳсулоти ҷамъият дар назар дошта шудааст, зеро дастгоҳу таҷҳизоти корхона имкон медиҳад, ки маҳсулоти ниҳоии он мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол шавад.  Айни замон  корхонаи нав 500 номгӯйи маҳсулоти нассоҷиро тавлид менамояд. Иттилоъ доданд, ки ба хотири истеҳсоли маҳсулоти баландсифату рақобатпазир дар корхона дастгоҳҳои муосири нассоҷӣ аз Белгия, Олмон, Туркия, Ҷопон ва Корея насб шуданд. Корхонаи нассоҷӣ дорои коргоҳҳои тортанӣ, суфтакунӣ, бофандагӣ, рангубор, тарроҳӣ ва дӯзандагӣ буда, фаъолияти он ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, роҳандозии коркарди пахта дар дохили кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардидааст.
Туфайли ифтитоҳи корхонаи нави нассоҷӣ дар шаҳри Душанбе 600 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид, ки аксарашонро бонувон ташкил медиҳанд. Дар корхонаи нассоҷии ҶДММ “Арвис” истеҳсоли матоъ, рангубори он, нармкунӣ ва омодасозии маҳсулоти ниҳоии баландсифат роҳандозӣ шудааст.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки коргоҳи тарроҳӣ ва конструктории корхонаи мазкур имконият дорад, ки дар як шабонарӯз то 15 тонна матоъро ба таври худкор бурида, омода созад. Корхона дорои 88 дастгоҳи замонавии дӯзандагӣ, таҷҳизоти дарзмолкуниву нармкунӣ буда, маҳсулот мувофиқи фармоиши мизоҷон ва талаботи бозорҳои истеъмолӣ омода мешавад. Дар корхонаи навтаъсис шароити мусоиди корӣ дар мадди аввал қарор дошта, кормандон бо либоси корӣ ва нақлиёти хизматӣ таъминанд ва ошхонаи барҳаво бо 300 ҷойи нишаст дар ихтиёри онҳост. Ҳамчунин, ҳуҷраҳои корӣ, роҳрав ва ҳудуди бинои маъмурӣ бо шаклу услуби хос ва завқи баланд зинат ёфтааст.
Корхонаи нассоҷии ҶДММ “Арвис” дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, баҳри рушду равнақи соҳаи саноат мусоидат хоҳад кард. Дар ҳудуди иншоот мағозаи алоҳидаи фурӯши маҳсулоти ниҳоӣ бунёд ёфт, ки дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуданд.
Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хатҳои муосири истеҳсолии корхона ва сифати маҳсулоти ниҳоии он баҳои баланд дода, ба масъулон барои назорати сифат ва давра ба давра роҳандозӣ намудани содироти маҳсулот ба дигар кишварҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Корхонаи нави истеҳсолии “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” 
31-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат корхонаи нави истеҳсолии ҶДММ “Фабрикаи қаннодии Амирӣ”-ро ифтитоҳ карданд.
Иншоот дар маҳаллаи “Деҳқонобод-2”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бунёд шуда, масоҳаташ 5 гектарро ташкил медиҳад ва аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Иқтидори истеҳсолии солонаи ҶДММ “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” 27 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки корхона 35 фоизи талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти қаннодӣ таъмин намояд. Барои интиқоли маҳсулот ба дукону мағоза ва бозорҳо 15 нақлиёти боркашонӣ хизмат мерасонад. Корхона дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дорои анборҳо ва воситаҳои нақлиёти махсус мебошад. Маҳсулоти корхона, асосан, дар дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад ва аз рӯйи нақша, дар оянда бояд содирот шавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхона барои 1000 нафар ҷойи кор ташкил гардид. Ҳоло 700 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва бо маоши хуб таъмин мебошад. Таҷҳизоти корхона аз Дания, Австрия, Нидерланд, Олмон ва Италия ворид гашт. Маврид ба таъкид аст, ки айни ҳол чунин технология дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Корхона дорои ошхона бо 130 ҷойи нишаст, инчунин, бунгоҳи тиббии бо таҷҳизоти ташхисию табобатӣ муҷаҳҳаз мебошад. Бинои маъмурии корхона, ки 20 ҳуҷра дорад, бо таҷҳизоти зарурии замонавӣ таъмин аст. Ҳудуди иншоот, аз ҷумла раванди истеҳсолот, тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат мешавад. Корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Акмал Ҳомидов бунёд ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор барои бунёди чунин корхонаи калони истеҳсолӣ ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии босуръати кишвар изҳори сипос карданд. Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти ҶДММ “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” боздид ба амал оварданд. Дар растаҳои алоҳида намунаи маҳсулот ба намоиш гузошта шуд, ки бозгӯи фаъолияти пурсамари мутахассисону кормандони корхона мебошад. 
Маврид ба таъкид аст, ки “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” аз соли 2010 фаъолият мекунад ва маҳсулоти корхона дар бозор рақобатпазир буда, талабгорони зиёд дорад. Ҳоло дар корхона 135 номгӯи маҳсулот дар бастаҳои гуногун истеҳсол мешавад. Айни замон дар шаҳри Душанбе 45 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ фаъолият мекунад. Тайи нуҳ моҳи соли равон дар пойтахт 12,6 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол гардид, ки 68,6%-и маҳсулоти қаннодии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сифат ва рақобатпазирии маҳсулот, инчунин, ба роҳ мондани содироти он ба кишварҳои хориҷ ба масъулон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Корхонаи равғанбарории ҶДММ “Файзи баракат” 
31-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт корхонаи равғанбарории ҶДММ “Файзи баракат”-ро ифтитоҳ карданд.
Он аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Файзалӣ Ҳоҷиев бо мақсади дастгирии сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат ва дар доираи амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар дар масоҳати як гектар бунёд шуд. Корҳои сохтмонӣ дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ моҳи декабри соли 2022 оғоз гардида, ҳоло дар фазои тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Корхона аз ҳисоби даромади софи ҶДММ “Файзи Сомон” эъмор гардида, иқтидори солонаи он истеҳсоли 25 ҳазор тонна навъҳои гуногуни равғани босифат мебошад. Дар он 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, оянда, бо афзун намудани ҳаҷми иқтидори истеҳсолӣ, шумораи коргарон ба 100 нафар расонда мешавад.
Корхона бо мақсади таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва дорои сифати баланд таъсис ёфт. Дар корхона аз пахта, маъсар, лӯбиё ва офтобпараст равған истеҳсол ва дар зарфҳои гуногуни пластикӣ гирифта мешавад. Корхона маҳсулоти худро ба сокинон бо нархи дастрас ва нисбат ба бозор арзон пешкаш мекунад. Самти фаъолияти корхонаи “Файзи баракат” истеҳсоли равғанҳои рустанӣ ва зарфҳои пластикӣ мебошад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, ояндаи наздик содирот мешавад. Барои истеҳсоли равғани рустанӣ аз Чин, Ҷопон, Полша ва дигар давлатҳо технологияи муосир оварда, васлу насб шудааст. Дар ҶДММ “Файзи баракат” раванди истеҳсолот, асосан, аз чанд марҳала, ба монанди ҷабиши сард, софкунӣ, безараргардонӣ, ширинкунӣ ва бандубасти зарфҳои гуногунҳаҷми аз 1 то 20 - литраро дар бар мегирад. Маҳсулот аз лиҳози сифат ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯст.
Ҷиҳати беҳтар намудани сифат ва мониторинги ҳаррӯза, дар корхона озмоишгоҳи замонавӣ низ фаъолият дорад, ки мутахассисони варзидаи соҳа бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир мутобиқат ва бехатарии маҳсулотро назорат мекунанд.
 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона барои афзоиши ҳаҷми маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави кор ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани рустанӣ, ки бештар аз хориҷи кишвар ворид мешавад, маслиҳатҳои муфид доданд. Дар арафаи ифтитоҳи корхона директори ҶДММ “Файзи баракат” Давлаталӣ Ҷӯрабеков ва роҳбари ширкати чинии “Синзян Мадина Интернешнл Логистик групп Ко лимитед” Кунугули Махачи барои содироти равғани корхона ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 5 миллион доллари ИМА созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд.

Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии “Имод” 
31-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии “Имод”-и ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”-ро ифтитоҳ карданд.
Он дар масоҳати 7 гектар бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида, биноҳои зери сохтмон 40 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Баъди бунёди корхона то 850 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд. 30 фоизи коргаронро занону бонувони ноҳияи Сино ташкил медиҳад. Аксари занон ба кори техникӣ – бандубасти таҷҳизоти барқӣ машғуланд. Ҳангоми сохтмони корхонаи мазкур бошад, зиёда аз 300 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гашт.
Дар корхонаи навтаъсис дар 16 хатти истеҳсолӣ 36 намуд маҳсулот, аз ҷумла ҳисобкунакҳои барқии интеллектуалӣ, лавҳаҳои мукаммали 0,4; 6 ва 10 кВ, истгоҳҳои мукаммали трансформатори 6/10 ва 20 кВ, лифт, дари оҳании даромадгоҳҳо, обгармкунаки барқӣ ва офтобӣ, пояи хатҳои ҳавоии баландшиддат, монеадевори роҳҳои автомобилгард, хомӯшкунакҳои худкор, пояҳои оҳании мухталиф барои равшаннамоии гулгашту хиёбонҳо, болорҳои оҳании дутарош истеҳол шуда, коркарди конструксияҳои оҳании мухталиф ба роҳ монда шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 300 000 ҳисобкунаки барқии интеллектуалӣ, 10 000 лавҳаи мукаммали пастшиддати 0,4;6 ва 10 кВ, 600 истгоҳи мукаммали трансформаторӣ 6 ва 20 кВ, 24 000 дари оҳанӣ, 40 000 обгармкунаки барқӣ ва офтобӣ,  50 000 тонна пояи оҳании хатҳои баландшиддат, 130 000 метр монеадевори роҳҳои автомобилгард, 500 000 хомӯшкунаки худкор, 10 000 пояи оҳанӣ барои равшаннамоӣ, 12 000 тонна болори дутарош ва 20 000 тонна конструксияи оҳании мухталиф мебошад. Ҳамзамон, дар як сол 500 лифт истеҳсол мегардад, ки дар бастабандии он 40 фоиз қисмҳои эҳтиётӣ аз корхонаҳои ватанӣ истифода мешавад. Маҳсулоти корхона баландсифат ва рақобатпазир буда, дар бозори дохилӣ талабгорони зиёд дорад. Дар корхона хатҳои технологии муосир бо идораи барномасозии рақамӣ аз пешрафтатарин кишварҳои истеҳсолкунанда – Италия, Финляндия, Олмон, Туркия ва Чин, ворид гардидааст. Иншооти нав дорои чор коргоҳ – мукаммалсозии таҷҳизоти барқӣ, коркарди варақаҳои пӯлодӣ, коркарди конструксияҳои оҳанӣ ва руҳандуднамоӣ, мебошад. Коргоҳҳои барҳаво бо истифодаи конструксияҳои оҳанӣ ва лавҳаҳои сендвичии босифат қомат афрохтаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷҳизоти муосири корхонаи нав ва маҳсулоти он баҳои баланд дода, ба масъулон барои таъмини самаранокии фаъолият, истеҳсоли маҳсулоти баландсифат, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, рақобатпазир гаштани маҳсулот дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. Пас аз шиносоӣ бо рафти истеҳсолот, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти корхона дидан намуданд. Дар саҳни намоишгоҳ курсиҳо ва пояҳои равшаннамоӣ барои гулгашту хиёбонҳо, ороишот аз варақаҳои пӯлодӣ, гулдонҳои оҳанӣ, истгоҳҳои мукаммали трансформаторӣ, пояи хатти ҳавоии баландшиддат, монеадевор барои роҳҳои автомобилгард ва дигар намуди маҳсулоти металлӣ ба намоиш гузошта шуда буд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирӣ ёфтани сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ “Шаҳри зебои мо” 
31-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ “Шаҳри зебои мо”-ро ифтитоҳ карданд.
Корхонаи мазкур дар як баст 14 намуд маҳсулоти макаронӣ бо номи “Лазоли” истеҳсол карда, дар он 35 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид. Ин навъи маҳсулоти ғизоӣ ивазкунандаи воридот буда, талаботи аҳолӣ ба он зиёд аст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 3 ҳазор тонна маҳсулот мебошад.
Фармоишгари асосии бунёди корхонаи истеҳсоли макарон ҶДММ “Шаҳри зебои мо” буда, корҳои сохтмонӣ соли 2021 оғоз ёфт. Масоҳати бинои истеҳсолӣ 0,5 гектарро дар бар гирифта, дастгоҳу таҷҳизоти корхонаи навбунёд аз Италия харид ва насб гардид. Корхонаи истеҳсоли макарон дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 35-cолагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо мақсади таъмини бозорҳои дохилӣ бо хӯрокворӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ таъсис ёфт.
Роҳбарияти ҶДММ “Шаҳри зебои мо” тасмим гирифтаанд, ки  бо истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, бахусус навъҳои гуногуни макарон, ниёзи аҳолиро бо маҳсулоти хушсифати ордӣ бароварда сохта, барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳиссаи арзанда гузоранд. Раванди истеҳсоли макарон, тавассути хатти муосири технологӣ, аз тайёр кардани хамир, башаклдарорӣ, буридани ашёи хом, хушксозӣ, ҷудо намудан ва бастабандӣ иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ аз имкониятҳои коргоҳи истеҳсоли макарон, бо сифати баланд истеҳсол намудани маҳсулот, фаъолияти ҳамешагӣ, афзоиш бахшидани самти фаъолият ва, бо ин васила, зиёд кардани ҷойҳои корию таъмини саривақтии талаботи сокинон бо ин маҳсулоти хӯроквориро зарур шумурда, бо назардошти имкониятҳои фарохи пойтахт дар самти афзун гардондани иқтидори истеҳсолӣ, ба масъулон дастуру супоришҳо доданд. Пас аз ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли макарон, дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти корхона боздид ба амал оварданд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 31 корхонаи истеҳсоли макарон мавҷуд буда, дар нуҳ моҳи соли равон 6,3 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол гардидааст. Талаботи аҳолии кишвар ба макарон дар як сол 13,9 ҳазор тонна макаронро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе 9 корхонаи маҳсулоти макаронӣ фаъолият дорад. Тайи нуҳ моҳи соли равон дар пойтахт 3,9 ҳазор тонна маҳсулоти макаронӣ истеҳсол шуд, ки 62 фоизи маҳсулоти макаронии ҷумҳуриро дар бар мегирад. Ҳамин тавр, танҳо имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе баҳри истиқболи сазовори Ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат (2022 -2026) амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ҳафт корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи кор мавриди истифода қарор гирифт.
Бунёди корхонаҳои нави саноатӣ барои таъсиси ҷойҳои нави кор, беҳбудии сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаи саноат ва, дар маҷмуъ, равнақу ривоҷи иқтисодиёти мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Санаи нашр: 01.11.2023 №: 216
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив