ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. АФЗАЛИЯТ БА СОҲАИ МАОРИФ

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. АФЗАЛИЯТ БА СОҲАИ МАОРИФ

02 ноябр 2023, Панҷшанбе
30
0


Соҳаи маориф яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат буда, аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ он таҳти таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ба шарофати ғамхориҳои рӯзафзуни Сарвари маорифпарвару фарҳангпарвари давлат, дар гӯшаву канори гуногуни Ватани азизамон, аз ҷумла ноҳияи Темурмалик, тайи ин солҳо садҳо муассисаҳои таълимӣ бунёд ёфта, дар ин замина, сатҳи дониши хонандагон сол ба сол болотар меравад. 

Ин нуктаро ҳангоми суҳбат бо хабарнигори махсуси рӯзномаи «Ҷумҳурият» мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Темурмалик Қурбоншоҳ Асомуродзода иброз дошт.
Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон дар ноҳия, умуман, 54 муассисаи таълимӣ бо фарогирии беш аз 15 000 хонанда фаъолият менамояд, ки ба онҳо 983 омӯзгор дарс медиҳад. Тамоми мактабҳо бо таҷҳизоти ҳозиразамон, аз ҷумла компютер, принтер, сканер, видеопроектор, тахтаи электронӣ ва амсоли инҳо, таъминанд. 
Ба таъкиди  Қурбоншоҳ Асомуродзода, тибқи нақша, айни ҳол аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва дастгирии шарикони рушд, сохтмони биноҳои нави нуҳ муассисаи таълимӣ ҷараён дорад.
Дар соли нави хониш бошад, бо истифода аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар 47 муассисаи таълимӣ 580 синфхона таъмиру тармим гардид.
Зикр шуд, ки дар ноҳия Муассисаи давлатии таълимии «Гимназия барои хонандагони болаёқати ба номи Ҳокимшо Ҳафизов» фаъолият дорад. Соли таҳсили 2022-2023 ба Муассисаи мазкур 517 хонанда қабул гашт, ки аз ин шумора 298 нафарро писарон ва 219 нафари дигарро духтарон ташкил медиҳанд. Ба кори таълиму тарбия 28 нафар омӯзгор машғул мебошад. Бояд гуфт, ки дар ин соли таҳсил аз 31 хатмкардаи Муассиса 30 нафарашон ба коллеҷ ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шуданд, ки 13 нафараш духтарон мебошанд. 
Ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии омӯзгорони ҷавон  таҳти таваҷҷуҳи пайвастаи шуъбаи маорифи ноҳия қарор дорад. Аз ҷумла, соли равон ба 48 мутахасси ҷавон ба маблағи 24126 сомонӣ иловапулӣ аз рӯи  як воҳиди корӣ, ба ҳадди 10 фоизи маош, дода шуд. Ҳамзамон, бо дастгирии Вазорати маориф ва илм ба онҳо барои пешбурди фаъолияту рӯзгори хонаводагияшон қарзҳои имтиёзнок дода мешавад.  
Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, раиси ноҳияи Темурмалик Шералӣ Ҳасанзода гуфт, ки он таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва маҳз дар натиҷаи ин ғамхориҳо,  шумораи муассисаҳои таълимии томактабии ноҳия сол ба сол меафзояд. 
Шералӣ Ҳасанзода афзуд, ки ҳоло 4 муассисаи томактабӣ 312 кӯдакро фаро мегирад, ки онҳоро 17 мураббӣ  ва 15 ёвари мураббӣ таълиму тарбия медиҳанд. Инчунин, дар ноҳия 45 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 1453 дӯстрӯяк фаъолият менамояд. 
Гуфта шуд, ки  айни замон, аз ҳисоби соҳибкор Ҷамшед Қурбонов дар деҳаи Танобчии Миёна ва деҳаи Танобчии Поён аз ҳисоби соҳибкорон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия муассисаҳои томактабии хусусӣ бунёд ёфта истодаанд.
Тавре таъкид гардид, таҳсилоти иловагӣ яке аз омилҳои муҳими ғаниву васеъ гардондани донишу малака ва ҷаҳонбинии мактаббачагон, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, бедор кардани майлу рағбати онҳо ба маҳфилҳои фаннӣ, эҷодӣ, касбию ҳунарӣ ва варзиш мебошад. Айни замон дар ноҳия як муассисаи таҳсилоти иловагӣ фаъолият мекунад, ки дар он  220 нафар, аз  ҷумла 169 духтар, дар маҳфилҳои рассомӣ, дӯзандагӣ, дастони моҳир, чакандӯзӣ, муҳофизати табиат ва бофандагӣ дарси иловагӣ мегиранд, ки, бешубҳа дар оянда ҳамчун шахси соҳибҳунар ба камол расидани онҳо мусоидат хоҳад кард. 

Холназар КАСИРОВ, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 01.11.2023 №: 216
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив