ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗИНДА БА МЕҲР

ЗИНДА БА МЕҲР

02 ноябр 2023, Панҷшанбе
11
0


15-уми марти соли 2024 рӯзномаи рақами аввали кишвар – “Ҷумҳурият” ба 100-солагӣ қадам мегузорад. Ба ин хотир, дар бораи шахсе ҳарф мезанам, ки солҳои 1973-1977 сармуҳаррири ин рӯзномаи маъруф буд, ки дар он айём “Тоҷикистони советӣ” ном дошт. Ҳамчунин, ӯ қабл аз сармуҳаррир шудан, аз соли 1948 то соли 1952 хабарнигори махсуси “Тоҷикистони советӣ” (“Ҷумҳурият”) дар вилояти вақти Кӯлоб буд.
Ин инсони шариф, собиқадори матбуот, радио ва телевизион, рӯзноманигори маъруф, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Ғоиб Қаландаров аст, ки дили саршор аз меҳру муҳаббати ӯ 10-уми апрели соли 2009, дар синни 84-солагӣ аз тапидан боз монд.
Ғоиб Қаландаров фаъолияти кориашро ба ҳайси раиси Кумитаи варзиши шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) оғоз бахшида, дар рӯзномаи “Болшевики Қӯрғонтеппа” идома медиҳад. Ду сол (солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ) дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ бар зидди фашизми гитлерӣ ҷангид. Соли 1958 сармуҳаррири рӯзномаи “Сталинобод” таъин гардид. Расо 15 сол, аз соли 1959 то соли 1973 дар вазифаи хабарнигори махсуси рӯзномаи “Правда” дар Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои зиёде раисии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва тули даҳ сол сарварии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳуриро бар уҳда дошт.                           
Ғоиб Қаландаров, рӯзноманигори барҷаста, омӯзгор ва мураббии мушфиқу ғамхор, дар рушду нумӯи матбуот, телевизион ва радиои Тоҷикистон, мутахассисони ҷавон саҳми арзандаву чашмрас гузоштааст. Чун инсони комил маҳбубияту шуҳрати хосаро касб карда буд. 
Ғоиб Қаландаров дар солҳои кор дар рӯзномаи “Правда” ва ҳам “Тоҷикистони советӣ” бо Ҷаббор Расулов, сарвари ҷумҳурӣ, муносибати хуб дошт. 
– Аҷаб инсони ҳалолхӯру покниҳоде буд Ҷаббор Расулов, – мегуфт Ғоиб Қаландаров. -Борҳо ҳамроҳаш ба гӯшаю канори ҷумҳурӣ сафар кардаам. Дар тули зиёда аз сӣ соле, ки ӯро мешиносам, қаҳру ғазаб як сӯ истад, ҳатто бо овози баланд гап заданашро надидаам. Вале боре ҳини як сафарамон каме оташин шуд, ки ин қиссаи бисёр ҷолибу шуниданбоб ва ибратомӯз аст. 
Дар он айём Ғоиб Қаландаров хабарнигори махсуси рӯзномаи “Правда” дар Тоҷикистон буд. Рӯзе аз дастгоҳи Кумитаи Марказӣ хабар медиҳанд, ки дар сафари қарибулвуқуи Ҷаббор Расулов ба ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) ӯро ҳамроҳӣ мекунед. 
– Дар соати муайяншуда, – идома дод ба суҳбат Ғоиб Назарович, – ҳозир шудам. Дар саҳни паси бинои Кумитаи Марказӣ мошини хидматии Ҷаббор Расулов ҳозир буд. Вақте бо ронанда ҳол мепурсидам, Ҷаббор Расулов ҳозир шуду пас аз салому алейк бо лабони пур аз табассум гуфт: 
– Мехостам дар ин сафар Боқӣ Раҳимзодаро ҳамроҳ бигирем, Мирзо Турсунзода хабар доданд, ки Боқиҷон рухсатиашро дар зодгоҳ мегузаронад. Ҳоло ӯ дар Ғарм интизори мо. 
Дар рӯзҳои сафар Ҷаббор Расулов бо устод Боқӣ Раҳимзода дар назди аҳли заҳмат чанд мулоқот орост. Ӯ ором, самимӣ ва зебо ҳарф мезад. Ба ҳар корхона ва ё хоҷагие мерафт, устод Боқӣ дар паҳлуяш буд. Устод Боқӣ дар сухан гуфтан нодири айём буд. Дар маҳфилороӣ назир надошт. Ба сухан ҷомаи нав ба нав мепӯшонд. 
– Вақти бозгашт аз Ғарм, – афзуд Қаландаров,–  устод моро ҳамсафар шуд. Ӯ бо Ҷаббор Расулов дар нишастгоҳи ақиб ва ман дар паҳлуи ронанда озими Душанбе шудем.
Ҳине ки Кабудҷарро убур мекарданд, ҳодисае рух дод, ки интизораш набуданд. Чун мошини Ҷаббор Расулов ба Кабудҷар мерасад, аз пас садои мошини боркаше баланд мешавад. Ин садо маънои онро дошт, ки мошинро канор бигиру роҳ деҳ, то ки ман пеш бигузарам. 
Ҷаббор Расулов ба ронанда амр медиҳад, ки дар канори роҳ мошинро бидорад, то бифаҳмем, ки ронанда чӣ мехоҳад? 
Мошини боркаш баланд садо дода пеш гузашт, вале дур нарафта, дар канори васеътари роҳ истод, то ки мошини ҳукуматӣ ба роҳи худ идома бидиҳад.
Устод Боқӣ, ки дар зиндагӣ таҷрибаи бештаре дошт, аз ин манзара сахт дар ҳайрат буд. Бинобар ин ҳамроҳи Қаландаров аз мошин поён мешавад ва пеш аз он ки ӯ лаб бикшояд, аз ронандаи ҷавон бо нармӣ суол мепурсад:
– Бачам, ин чӣ коре буд, ки кардӣ?
Ронандаи ҷавон дасти рост ба сина гузошта хомӯш буд. 
– Ту ронандаӣ, бояд аз қоидаю қонуни ҳаракати роҳ бохабар бошӣ. Дар ин роҳи танги Кабудҷар, ки ниҳоят хатарнок аст, на танҳо аз мошини ҳукуматӣ, балки аз дигар мошин низ пеш гузоштан мумкин нест. Вале ту дидаю дониста, беҳурматӣ кардӣ. 
– Медонам... Маҷбур будам. Чаро ки дигар чорае надоштам. Вале гунаҳкори асосӣ ман не, балки ӯст, - гӯён ронанда даст сӯи кабина бурд.
Устод чашм сӯи кабина дӯхт, зуҳраҷабинеро дид, ки “дар ҳусн фузун зи моҳу зуҳр аст” – у “сафои нур ба Хуршеду Маҳтоб диҳад”. 
 Устод гоҳ ба духтар дида медӯхту гоҳ ба ронанда. Сипас, аз ҷавон суол мекунад:
– Ронанда ту ҳастӣ ё ин рашки қамар?
– Гап сари ин ки, – гуфт ронанда, - мо ошиқи якдигарем, тасодуфро бубинед, ки ҳамин рӯз бори нахуст паҳлуям нишасту мошини шуморо аз дур диду гуфт.
– Ту маро дӯст медорӣ?
– На танҳо дӯст медорам, балки омодаам, ки дар роҳи ишқи ту ҷонамро қурбон бикунам.
– Агар мардӣ ва маро дӯст дорӣ, – гуфт, аз ҳамин мошин пеш мегузарӣ, бигзор ба тӯйи мо Ҷаббор Расулову Боқӣ Раҳимзода фотиҳаи нек диҳанд. Чора надоштам ва ин роҳро пеш гирифтам.  
Устод Боқӣ, ки тимсоли меҳру муҳаббат буду дар ҳама вазъу ҳолат марҳамат ва шафқат ба ҷой меовард, илтиҷои ронандаро бишниду бори дигар ба чеҳраи ду дилдода нигарист ва пас аз лаҳзае рӯ ҷониби Ғоиб Қаландаров гардонду афзуд:
– Рафтем!
Ҷаббор Расулов, ин инсони дилсӯз, покизарӯзгор, аз устод пурсид: 
– Ба хайр аст?
Устод Боқӣ бо ҳамон тамкине, ки хоси ӯ буд, гуфт: 
– Ҷаббор Расулович, ин ронанда ҳам ҳуқуқ ва ҳам ҳуҷҷати аз мошини мо пеш гузаштанро доштааст. 
Сипас, ба қиссаи Лайлию Маҷнуни навшинохта пардохта, узри ронандаро мерасонад ва аз худ меафзояд:
– Ҷавон мегӯяд, ки Ҷаббор Расулович ҳам дар ҷавонӣ ошиқ шудаанд ва ҳолати маро хуб эҳсос мекунанду ба мо дуои хайр диҳанд. 
Аз ин қиссаи устод дар лабони Ҷаббор Расулов нимтабассуме пайдо мешавад ва ба ронанда ишораи рафтанро мекунад.
Ғоиб Қаландаров ҳамсоли рӯзномаи дӯстдоштааш “Ҷумҳурият” буд ва бо ин фахр мекард. 
Ёди ӯ дар дилу дидаи мо ҳамеша сабз аст.   

Карим МӮСО, нависанда

Санаи нашр: 01.11.2023 №: 216
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив