ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 10 ҶОИЗАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 10 ҶОИЗАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

02 ноябр 2023, Панҷшанбе
17
0


Тавре хонандагони рӯзнома иттилоъ доранд, чанде пеш дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид.
Озмун таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо, баргузор шуд.
Дар Озмуни мазкур 10 донишҷӯ ва як устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар 7 номинатсия ба гирифтани 3 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм мушарраф гардиданд.
Донишҷӯйи курси 4-уми факултети механикаю математика Муҳибулло Қосимов дар номинатсияи математика, Садриддин Мирзоев – донишҷӯйи курси 4-уми факултети физика аз рӯйи номинатсияи физика ва астрономия, дотсенти кафедраи химияи татбиқии факултети химия Саврибегим Ёрмамадова дар ихтироъкорӣ (байни устодону кормандон ва унвонҷӯёну докторантон)  ҷойи якумро гирифтанд.
Донишҷӯйи курси 3-юми факултети механикаю математика Шоҳин Исматов (математика), донишҷӯйи курси 4-уми факултети геология (география) Фаридун Қориев ҷойи дуюмро ишғол намуданд. Донишҷӯи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ Муҳаммадҷони Диловар дар номинатсияи математика, донишҷӯи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ Саидҷони Обидҷон аз рӯйи номинатсияи физика ва астрономия ва донишҷӯйи курси 3-юми факултети химия дар номинатсияи химия Амир Назарзода соҳиби ҷойи 3 сеюм гардид. 


ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ.  СОКИНОНИ ДЕҲАИ ХАЙРОБОДИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА 1,5 КМ РОҲИ  БАЙНИДЕҲАВИРО БЕТОНПӮШ МЕНАМОЯНД
Бо мақсади истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони деҳаи Хайрободи деҳоти Работи шаҳри Турсунзода  барои бетонпӯшкунии 1, 5 км роҳи байнидеҳавӣ ба ҳашар баромада, дар ободии маҳали зисташон саҳм мегузоранд.
Дар ин кори хайр саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва ҷавонони ватандӯсти деҳа калон буда, онҳо тасмим гирифтаанд, ки дар оянда 1 км  роҳи дорои аҳамияти маҳаллиро асфалтпӯш намоянд.
Тавре дар мақомоти шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд ҷараёни корҳои бетонпӯшкунии роҳ дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, ин гуна иқдоми ташаббускорона  шоистаи таҳсин мебошад.
Дар дигар деҳаҳои деҳоти Работ низ корҳои ободониву созандагӣ, аз қабили асфалтпӯш ва бетонпӯш намудани роҳҳо, бомаром идома доранд.

Меҳрона ЗУВАЙДОВА,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 01.11.2023 №: 216
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив