ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОНСТИТУТСИЯ. САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА САОДАТУ СОЗАНДАГӢ

КОНСТИТУТСИЯ. САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА САОДАТУ СОЗАНДАГӢ

03 ноябр 2023, Ҷумъа
198
0

 
Дар фазои сулҳу амнияти комил ва авҷи саодату шукуфоӣ мардуми шарифи Тоҷикистон, таҳти сарварии хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 6-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Конститутсия бо шукӯҳу ифтихори баланди ватандорӣ ва шукргузории комил аз дастоварду комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил менамояд. 

Ҷашни Рӯзи Конститутсия тантанаи иқболу истиқлол ва сарфарозию бахту саодати мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин иди муқаддас дар радифи санаҳои фархундаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчами давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон басо азизу мукаррам аст. Зеро, маҳз истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ, забони давлатӣ, Парчами давлатӣ ва Конститутсия ҳамчун шаш рукни ҳастӣ ва шаҳсутунҳои кохи бунёди Тоҷикистони азизу навин ба мардуми кишвар хатти саодату башоратро доданд. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон ба Конститутсия ҳамчун ба муқаддасоти миллӣ, санади сарнавиштсоз ва шаҳкитоби бахту саодат муносибат карда, бисту нуҳ сол инҷониб дар партави татбиқи меъёрҳои он баҳри таъмини ҳаёти хушбахтонаи оилавӣ ва фардои дурахшони сарзамини аҷдодии худ саъю талош менамоянд.
Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавию фарҳангии ҷомеаи мо марҳалаи нави сохтмону эъмори давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро оғоз бахшида, боиси рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат гардид. Дар ин солҳои пурбаракат, кишвари мо таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пуршараферо тай намуда, имрӯз давраи комилан нави рушду инкишофро мегузаронад. 
Лозим ба ёдоварист, ки бо таҳаввули ҳаёти ҷомеа муҳтавои арзишҳое, ки барои мардум фазои ҳамкориҳои мусолиҳатомезро фароҳам месозанд, тадриҷан мукаммалу дигаргун мешаванд ва он дар навбати худ зарурати такомули фаъолияти гуногунҷанбаи аъзоёни ҷомеаро тақозо менамоянд. Ин дигаргунию пешравиҳо ба Ватани азизамон аз бисёр ҷиҳат дар заминаи Конститутсияи кишварамон муяссар гардид, ки имсол 29-солагии қабули онро ҷашн мегирем. 
Пас аз касби Истиқлоли давлатӣ, барои давлатҳои тозаистиқлол зарурати қабули қонуни асосие пеш омад, ки ифодагари ормонҳои давлати муосир, аз он ҷумла, соҳибихтиёрии давлатдории миллӣ, модулҳои нави инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, падидаҳои нави ҳокимияти давлатӣ, инкишоф ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро доро бошанд. Дар иртибот бо ин, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши бениҳоят муҳим бозид.
Таърихи навини Тоҷикистон аз эълони Истиқлоли давлатӣ ибтидо мегирад. 9-уми сентябри соли 1991 дар таърихи бисёрҳазорсолаи тоҷикон воқеаи хушу фараҳманд рух дод – давлатдории тоҷикон эҳё гардид. Вале таҳкими давлатдории миллӣ дар натиҷаи ҷанги таҳмилӣ зери хатар қарор гирифта, хавфи аз байн рафтани он ба миён омад. 
Чунин шароити вазнини сиёсӣ талаб менамуд, ки бояд роҳи мибаъдаи рушду бақои Тоҷикистон ва хатари аз байн рафтани давлати навини тоҷикон баррасӣ ва ҳаллу фасл гардад. Бо баргузории Иҷлосияи XVI таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ин масъала роҳҳои ҳалли худро тадриҷан ёфт.
Вале муҳимтарин ва сарнавиштсозтарин дастоварди Иҷлосияи мазкур ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар як вақт ба ин шахсияти бузург ваколати Роҳбари давлат дода шуд. Аз ин рӯ, Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия, рамзи давлатдории навини тоҷикон – Парчами давлатӣ қабул карда шуд.
Замони нав, шароити нави таърихӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ қонунгузории ҷавобгӯйи вақтро талаб менамуд. Бо ҳамин мақсад, дар Иҷлосия комиссияи махсус оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол таъсис дода шуд. Дар муддати кори комиссия аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон-Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948), Шартномаи байналмилалии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон (1966), Конвенсияи Париж, ҳуҷҷатҳои Шурои машваратии Хелсинки, тамоми санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода гардиданд. Дар раванди омода намудани ин санади ҳуқуқии тақдирсоз махсусиятҳои таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва миллӣ ба эътибор гирифта шуданд. 
Бори аввал дар таърихи давлатдории миллати тоҷик матни Конститутсия бо забони давлатӣ омода шуд. Бори аввал буд, ки ғояи ҷамъияти ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститутсияро ташкил медод. Қабули он дар таърихи навини кишвар рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон гардид. 
Мувофиқи моддаи якуми Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, ҳаёти арзанда ва рушди озоди инсонро таъмин менамояд. Тули таърихи бисёрҳазорсолаи давлатдории тоҷикон бори аввал дар Конститутсия халқ ҳамчун василаи истиқлол ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ қарор гирифта, онро инчунин, ба воситаи намояндагони худ амалӣ мегардонад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он бевосита амал менамоянд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки ба меъёрҳои он мухолифанд, қувваи ҳуқуқӣ надоранд.
Дар Конститутсияи Тоҷикистон ба муносибати шахс бо давлат диққати махсус дода шудааст. Он ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон афзалият дода, масъулияти давлатро дар назди ҷомеа ва шаҳрванд баланд бардошта, ҳаёт, шараф ва номусу дигар ҳуқуқҳои табиии инсонро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ мустаҳкам сохта, онҳоро ҳифз менамояд. Таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолият дар Конститутсия вазифаи асосии давлат эълон шуда, айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи мамлакат, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф шуд. 
Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз на танҳо барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт, балки омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа ва рушду инкишофи бемайлони Тоҷикистон гардид. Ба ибораи дигар, Конститутсия ҳуҷҷати воқеан сарнавиштсоз ва саодату созандагиест, ки тақдири миллат ва давлатро муайян намуда, роҳ ба сӯйи ояндаи онҳоро мунаввар месозад. Он пояҳои истиқлол ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро таҳким бахшид, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат ва идораи давлат таъмин намуд.
Дар Конститутсия халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон кафолат дода шуд. Дар баробари ин, вобаста ба давраҳои муайяни рушди ҷамъият Конститутсия, меъёрҳои он ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ба такмил эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Бо назардошти пешрафти рӯзафзун ва талаботи дигаргуниҳои айём, инчунин, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, фардои мунаввари Ватан ва ҳаёти хушбахтонаи сокинони он ба Конститутсияи мамлакат се маротиба солҳои 1999, 2003 ва 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид шуданд. Ин тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, ба таъкиди Пешвои муаззами миллат: «Сохтор, мазмуну муҳтаво ва меъёрҳои ин санади муҳимро такмил дода, барои боз ҳам тавсеа бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, таҳкими асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, такмили низоми қонунгузории кишвар ва ба санадҳои аз ҷониби умум пазируфташуда мутобиқ гардондани меъёрҳои конститусионӣ мусоидат намуданд». 
Тағйиру иловаҳои қаблӣ (солҳои 1999, 2003) ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақозои давраҳои муайяни пешрафти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа мебошад. Аз ҷумла, дар натиҷаи ислоҳоти сохтори иқтисодиёт ва гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодиёти бозорӣ, шаклҳои гуногуни моликият, амали озоди субъектҳои хоҷагидорӣ имрӯзҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Комёбиҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногун боиси афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ гардид. Ҳамаи ин аз натиҷаи фаъолияти озоди иқтисодӣ, ривоҷи соҳибкорӣ, ҳимояи ҳамаи намудҳои моликият, бахусус моликияти шахсӣ, ки онро Конститутсияи Тоҷикистони озод кафолат медиҳад, бармеояд.
Дар робита бо ин, ба ёд овардани суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид аст, ки тазаккур додаанд: «Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад».
Имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаёти худро бе арзишҳои умумибашарӣ, ки ҳамчун меъёри ҳуқуқии зиндагии инсон қабул шудаанд, тасаввур карда наметавонанд. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол руҳу фалсафаи муносибатҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии моро тағйир дода, арзишҳои умумибашариро бо назардошти хусусиятҳои миллии кишвар ба ҳаёти сиёсиамон ворид намуд. Дар заминаи он асосҳои ҳуқуқии низоми сиёсии ҷамъият ва муносибатҳои мутақобилаи миёни давлат ва шахс муқаррар гардиданд. 
Дар Тоҷикистон ягон мафкура, аз ҷумла мафкураи ҳизбӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат, гурӯҳ ё шахсе ба ҳайси мафкураи давлатӣ ва ҳатмӣ эътироф карда намешавад. Аммо ин маънои онро надорад, ки давлат дорои мақсаду ормонҳои олӣ набошад. Давлат масъули таъмини амнияти ҷомеа ва фард буда, арзишҳои умумибашариро дар худ таҷассум менамояд, ки ин арзишҳо ба меъёрҳои конститутсионӣ табдил ёфтаанд. Тибқи принсипи гуногунандешии сиёсӣ, ҳоло дар мамлакати мо ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд ва дар ин самти ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ рух доданд. Агар соли 1991 дар мамлакат 60 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло 7 ҳизби сиёсӣ ва зиёда аз 2200 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ин баёнгари дар амал татбиқ шудани усули гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Воқеан, бо шарофати қабули Конститутсия ва татбиқи меъёрҳои он мардуми шарифи Тоҷикистон роҳи бунёди давлати нави миллии худро комилан дуруст интихоб ва таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои барҷаста ноил шуданд. Дар партави Конститутсияи мамлакат, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намудааст, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ дар масири пуршарафи созандагию бунёдкорӣ қадамҳои устувор мебардорад. Тамоми комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд, натиҷаи татбиқи самарабахши Конститутсияи Тоҷикистони маҳбубамон мебошанд. Аз ҷумла, таъмини сулҳу оромӣ, амнияти комил, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат – таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, бунёди иншоотҳои азими гидроэнергетикӣ дар мисоли неругоҳҳои «Сангтӯда 1», «Сангтӯда 2», «Роғун», «Себзор», нақбу пулҳо, авҷи рушди сохтмони иншоот, бахусус бунёди ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, иҷтимоӣ, азнавсозии инфрасохтори шаҳрҳо, рушди шукуфони пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии мамлакат, пешрафти соҳаҳои сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии шоистаи фарҳангу маданияти оламгири тоҷик, алалхусус дар заминаи он ҷаҳонишавии ҷашни фархундаи Наврӯз ва эҳёи дигар ҷашну маросими миллӣ, аз қабили Садаву Тиргону Меҳргон, пайгирона, мақсаднок ва самарабахш амалӣ намудани сиёсати давлатии забон, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва мусоидат ба омӯхтани забонҳои муоширати байналмилалии русӣ ва англисӣ, шароиту имкониятҳои мусоид барои татбиқи аслҳои озодии виҷдон, танзими анъана ва ҷашну маросим, сиёсати дуруст ва самараовари хориҷӣ, ки манфиатҳои миллату давлатро ҳимоя намуда, ба таҳкими нуфузу эътибори баланди байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамояд, эътирофи ташаббусҳои оламшумул дар самти ҳалли оқилонаи мушкилоту муаммоҳои глобалии обу иқлим – «Соли байналхалқии оби тоза», «Соли байналмилалии дипломатия ва ҳамкорӣ дар соҳаи об», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» муқаддимаи нусрату пирӯзиҳое мебошанд, ки таҷассуми татбиқи Конститутсия дар Тоҷикистони азизамон маҳсуб меёбанд.
Бо гузашти қариб се даҳсола аз қабули Конститутсия ва дастовардҳои шоистаи давлатдории навини тоҷикон собит мегардад, ки ин шаҳкитоби бахту саодат раҳнамои пешрафту шукуфоӣ барои миллату давлати Тоҷикистон мебошад. Афзун бар ин, корнома, шахсият ва фазилатҳои сиёсию маънавии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тафсири равшан ва оинаи татбиқи Конститутсияи мамлакат аст. Махсусан, дастоварди беназиру нотакрори сулҳофаринии Пешвои муаззами миллат дар таърихи инсоният то кунун такрор нашудааст. Пешвои саодатгустари халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шуданашон, ба сифати Роҳбари давлат дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Тоҷикистон, дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буданд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Президенти маҳбуби мамлакат ин қавлу қасами худро дар амал собит ва рушду шукуфоии Тоҷикистонро бо қабули Конститутсия ва бо татбиқи меъёрҳои он таъмин карданд. Бинобар ин, бо ҳидояту раҳнамоӣ ва дастури созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне: «Мо бояд ба Конститутсия ҳамчун санади муқаддас ва барномаи асосии фаъолияти давлат ва зиндагии ҷомеа муносибат намоем».
Омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани Конститутсия – ин санади сарнавиштсоз вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар – аз хурд то бузург мебошад. Конститутсия пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи моро ба сӯйи ҷомеаи пешрафта, давлати тараққикарда ва зиндагии ободу озод ҳамвор месозад. Хусусан, дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ва вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, ки метавонанд, дар пешрафти ҳар ҷомеае монеа гарданд, мо бояд ба эҳтироми Конститутсия ва риояи ҳатмии меъёрҳои он ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи мо масъул ва вазифадор ҳастем, ки пешоҳанги татбиқи аслҳои Конститутсия ва пайравони ҳақиқии Пешвои муаззами миллат дар Тоҷикистони азиз бошем. Саодати мо дар ҳамин амали ватандӯстона ифода меёбад.

Нурулло ОҚИЛЗОДА,
мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, номзади илмҳои педагогӣ

Санаи нашр: 03.11.2023 №: 217
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив