ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА БОҒИ МИЛЛӢ

ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА БОҒИ МИЛЛӢ

07 ноябр 2023, Сешанбе
23
0


5-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 
бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони сояафкану 
ороишии Боғи миллӣ шинос гаштанд.
Ҳадафи боздиди Сарвари давлат аз Боғи миллӣ шиносоӣ бо парвариши дарахтони ороишӣ, ки барои рушди корҳои ободонию сабзкорӣ ва беҳтар кардани ҳифзи муҳити зист нигаронда шудааст, мебошад. Зимни суҳбат бо боғдорон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо барои дуруст ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳо маслиҳатҳои муфид доданд.
Ниҳолҳои дар ин ҷо парваришёфта барои ободонию зебоии кӯчаву хиёбон ва боғҳову гулгаштҳои шаҳри Душанбе истифода мегарданд.
Дарахтони Боғи миллӣ барои гузарондани корҳои илмӣ, тадқиқотӣ, таҷрибавӣ ва мутобиқгардонӣ ба иқлим шинонда шудаанд. Инчунин, дар ҳамаи гармхонаҳо навниҳол ва гулҳои мавсимию бисёрсола парвариш мекунанд.  Баъди  шиносоӣ  бо нашъунамои дарахтон, дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз намоишгоҳи навъу намудҳои гуногуни дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва ороишӣ, ки аз ҷониби ҶДММ “Пайванд” ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид, дидан намуданд.
Аксари дарахтони зебою нодири ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд.
Тавре иттилоъ доданд, дар назди Агентии хоҷагии ҷангал панҷ корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварӣ фаъолият дошта, майдони парвариш 100 гектарро ташкил медиҳад. Айни замон дар онҳо 45 намуди дарахтону буттаҳои мевадиҳанда, ороишӣ  ва сояафкан ба миқдори 3 миллион бех нигоҳубин мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин шумораро нокифоя дониста, супориш доданд, ки роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳои дахлдор ва боғҳо садҳо миллион дарахтонро омода ва барои ҳифзи табиат, сабзкорӣ, ободонӣ, зебоӣ ва беҳтар кардани муҳити зист равона созанд.
Мавриди зикр аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми марти соли 2022, таҳти рақами 149, Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026 қабул гардид. Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур, тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар майдони 2542 гектари ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал бунёду барқарорсозии ҷангал ва плантатсия гузаронда шуд. Корҳо дар ин самт дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи имсола идома дода мешаванд.
Баъди шиносоӣ бо парвариши дарахтон ва боздид аз намоишгоҳ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои суҳбат бо боғдорон, дар бораи тадбирҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, татбиқи барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, бунёди боғҳои наву таҷдиди боғҳои куҳна, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, афзоиши содироти мева ба хориҷи кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави кор андешаҳои хешро баён доштанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тезондани корҳои ободонию бунёдкорӣ баҳри истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ташкилу баргузории маъракаҳои ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ба масъулон дастур дода, онҳоро ба вусъати тадбирҳои созанда ҳидоят намуданд.

Санаи нашр: 07.11.2023 №: 218-219
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив