ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВОХӮРИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН

07 ноябр 2023, Сешанбе
14
0


Дар шаҳри Ашхобод вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов вохӯрд. 
Дар рафти суҳбат вазири корҳои хориҷӣ паёму таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов расонд.
Зимни мулоқот таваҷҷуҳи вижа ба татбиқи амалии тавофуқоте, ки зимни сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон баҳори соли ҷорӣ ҳосил шуд, зоҳир гардид. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз Вазорати мазкур иттилоъ доданд. 


ҚАРЗИ ИМТИЁЗНОКИ ФОНДИ САУДИИ РУШД БАРОИ СОХТМОНИ НБО «РОҒУН»
Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон дар нишасти матбуотӣ, ки 1-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дод, ки Фонди саудии рушд барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар ҳаҷми 100 миллион доллари ИМА қарзи имтиёзнок ҷудо менамояд.
Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон изҳор дошт, ки ин лоиҳаи ҳаётан муҳими рушд бо аҳамият ба масъалаи муҳити зист дар раванди рушди босуботи мамлакат тавассути истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, аз ҷумла «энергияи сабз» саҳми бузург мегузорад. Маблағе, ки барои сохтмони НБО «Роғун» ҷудо мешавад, 50 дарсади ҳаҷми умумии маблағҳои тақдимнамудаи ин Фондро аз оғози фаъолияти он дар Тоҷикистон (соли 2002) ташкил медиҳад.


НАМОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ «РОҲИ АБРЕШИМ»
Раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода дар Форуми «Роҳи Абрешим»-и Тифлис иштирок намуд. 
АМИТ «Ховар» бо истинод ба  БМТ иттилоъ додааст, ки дар Форум намояндагони 63 давлати дунё дар ҳайати зиёда аз 2000 нафар ширкат карда, масъалаҳои мубрами минтақавӣ марбут ба иқтисодиёт, савдо, нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ, технологияҳои рақамӣ ва молиявиро дар панелҳои алоҳида баррасӣ намуданд. 


ШУРОИ ГЕНЕРАЛИИ СҶС 
Иштироки Шараф Шерализода дар ҷаласаи навбатӣ 
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар ҷаласаи навбатии Шурои генералии Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) иштирок намуд. 
Аз Сафорати Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, ки дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба такмили мавзуъҳои Конфронси 13-уми вазирони СҶС, аз ҷумла ислоҳоти Созмон, ҳалли баҳсҳо, савдо ва рушд, барномаи кории он оид ба тиҷорати электронӣ, ҷанбаҳои тиҷоратии моликияти зеҳнӣ (TRIPS), саноати ҷаҳонӣ ва занҷираи таъминот баррасӣ гардиданд.


БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ
Роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ню- Йорк Ҷамил Аҳмад бо раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода вохӯрд. 
Дар ҷараёни он масъалаҳои гуногунии биологӣ, рушди устувор, тағйирёбии иқлим, хатари офатҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд.


ШАРҲИ СЕҶОНИБАИ МАҶМУИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ
Дар шаҳри Душанбе бо иштироки  раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода шарҳи сеҷонибаи маҷмуи лоиҳаҳои сармоягузории аз ҷониби Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон маблағгузоришаванда дар семоҳаи сеюми соли 2023 баргузор гашт. 
Дар Кумитаи сармоягузорӣ шарҳ доданд, ки айни замон бо маблағгузории Бонки осиёии рушд дар ҷумҳурӣ 15 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 922,8 миллион доллари ИМА дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, обтаъминкунӣ, ирригатсия, экология ва дигар соҳаҳо амалӣ мешавад.


ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ
Дар Вазорати молия мулоқоти вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо сафири фавқулода ва мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Тоҷикистон Салман Бал баргузор гашт. 
Аз Вазорат ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки зимни вохӯрӣ маҷмуи муносибатҳои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузорӣ муҳокима гардиданд.


ИМЗОИ НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ НИҲОДҲОИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ 
Ҳайати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода дар Форуми сеюми Тошкент оид ба мубориза бо коррупсия иштирок намуд. 
Аз Агентӣ ба мо иттилоъ доданд, ки дар доираи Форум Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ӯзбекистон барои солҳои 2024-2025 ба имзо расид. 

Санаи нашр: 07.11.2023 №: 218-219
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив