ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ТОҶИКОН».  ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ...

«ТОҶИКОН».  ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ...

08 ноябр 2023, Чоршанбе
22
0


Дар таърихи ҳар қавму миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки тамоми зиндагӣ ва фаъолияти хешро ба боло бурдани худшиносию худогоҳии миллӣ ва арҷгузорӣ ба ниёгони пурифтихори хеш бахшидаанду мебахшанд. Миллати тоҷик низ дорои чунин абармардонест, ки дар ин ҷодаи пуршараф хизматҳои шоёну мондагор кардаанд ва, бешубҳа, яке аз онҳо аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб мераванд. 

Таърих гувоҳ аст, ки хидмати ин донишманди барҷаста дар назди миллати тоҷик бузург мебошад. Эҷоди китоби мондагоре ба монанди «Тоҷикон» далели ин гуфтаҳоянд. Солҳои  таълифи ин асари камназир нафарони тангназар кам набуданд, ки бо ҳар роҳу восита ба чопи он монеа эҷод менамуданд. Вале обрӯву нуфузе, ки Бобоҷон Ғафуров  миёни олимону сиёсатмадорон доштанд, имкон дод, ки соли 1972 ин асари безавол дар пойтахти давлати абарқудрати СССР – шаҳри Москва ба табъ расад. Нашри асар баҳри шинохти бештари миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуда, ба муаллифи он шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Масалан, дар ин маврид яке аз донишмандони маъруфи таърих ва фарҳанги Шарқ, муаллифи асарҳои "Мероси Эрон" ва "Бухоро" профессори Донишгоҳи Ҳарвард Ричард Фрай (ИМА) дар маҷаллаи "Америка ҳисторик-элревю" ("Ахбори муаррихони Амрико") мақолае таҳти унвони "Академик Бобоҷон Ғафуров ва "Тоҷикон"-ро навишта, ба китоб чунин баҳои баланд медиҳад: "Беназирии академик Б. Ғафуров дар таҳқиқи масъалаҳои марбут ба Осиё на танҳо аз он аст, ки ӯ фарзанди миллати тоҷик аст. Ӯ директори Институти шарқшиносии АИ СССР – бузургтарин маркази ховаршиносие мебошад, ки таҳти раёсаташ дар кӯтоҳтарин муддат муваффақиятҳои гӯшношунидро ноил гаштааст. Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари русӣ оид ба мавзуи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак, он "Тоҷикон" аст". 
Тавре дар урфият мегӯянд, бузургонро бузургон зинда медоранд. Ба ин далел, хидматҳои бузурги аллома дар назди Ватану миллат 8-уми сентябри соли 1997 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадр гардид. Дар баробари ин, ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби «Тоҷикон» аз номи Пешвои муаззами миллат ба ҳар оилаи кишвар тақдим шуд.  Бартар аз ин, соли равон ба хотири 115-солагии бузургдошти аллома Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Пешвои миллат Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ҷараён дорад.
 Мавриди зикр аст, ки дар партави сиёсати миллатдӯстонаву ватанпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи "Ҷумҳурият" дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор намуд. Мақсад аз баргузории он, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии мардуми тоҷик, бахусус воқиф шудани насли наврас бо таърихи гузаштаи хеш мебошад. Тули баргузории озмун, муаллифони зиёди дохиливу хориҷӣ перомуни таърихи пурғановати миллати тоҷик ва  бузургии олими барҷаста Бобоҷон Ғафуров андешаҳояшонро баён доштанд.
Воқеан, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад. Ва имрӯз ҳар яки мо бояд донем, ки абармардоне ба мисли Бобоҷон Ғафуров барои бунёду побарҷо мондани давлату миллат ҷонфидоӣ намуданд, то мо осуда ба сар барем. Моро мебояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, пуштибони давлату таърихи гузаштаи халқи хеш бошем. Дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иҷро ва аз сиёсати бунёдгаронаву сулҳофаронаашон ҷонибдорӣ намоем, то ба ҳадафҳои бузургамон бирасем.   

Гулнисои САЪДОНШО,  «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 08.11.2023 №: 220
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив