ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ван И: «Чин пандемияи COVID-19-ро бомуваффақият пушти сар кард»

Ван И: «Чин пандемияи COVID-19-ро бомуваффақият пушти сар кард»

21 феврал 2023, Сешанбе
29
0
Мир24. Ван И, сардори идораи комиссияи корҳои хориҷии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Чин (КМ ҲКЧ), аъзои Бюрои сиёсии КМ ҲКЧ зимни вохӯрӣ бо сардори дипломатияи Аврупо Жозеп Боррел изҳор дошт, ки Чин пандемияро бомуваффақият паси сар кард ва омода аст, робитаро бо Аврупо ва ҷаҳон пурра барқарор намояд.  
Ӯ зикр кард, ки ҷонибҳо метавонанд ба вохӯриҳои нави раҳбарони Чин ва Иттиҳоди Аврупо фаъолона омода шаванд, инчунин, механизмҳои муколамаи сатҳи баландро оид ба доираи васеи масъалаҳо ба таври васеъ истифода баранд, то ҳамкориҳоро ҳарчи зудтар ба сатҳи пеш аз пандемия барқарор созанд.
Ван И афзуд, ки Чин ва Иттиҳоди Аврупо бояд ҳамкориҳои ошкорро нигоҳ доранд ва барои таъмини суботи истеҳсолот ва занҷирҳои таъминоти ҷаҳонӣ якҷоя кор кунанд.
 
 
 
Бар асари заминларза дар Туркия тақрибан 118 000 бино фурӯ рехт, вайрон шуд ё бояд чаппагардон шавад
ТАСС. Вазири экология ва шаҳрсозии Туркия Мурат Курум гуфт, ки дар 11 вилояти аз заминларза осебдида 925 000 сохтмон тафтиш карда шуд. Ҳудуди 118 000 бино ё фурӯ рехтааст, ё хисороти ҷиддӣ дидааст ва, ё бояд бо сабаби қобили истифода набудан, фавран чаппагардон шавад.
Ба гуфтаи Курум, дар ин музофотҳо давоми сол дар таърихи ҷумҳурӣ калонтарин сохтмони манзилгоҳ анҷом дода мешавад.
 
 
 
Сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Мисри Араб
Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сиси  бо сафари расмӣ вориди ин кишвар шуд. Музокирот дар сатҳи олӣ дар Қасри Ал-Иттиҳодияи Қоҳира баргузор мешавад, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлати Ӯзбекистон.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаро дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ  ва як қатор санадҳои дуҷониба имзо хоҳанд кард.
Президенти Ӯзбекистон, ҳамчунин, бо намояндагони ширкатҳои бонуфузи Миср мулоқот менамояд. Мирзиёев дар доираи сафари расмӣ аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср дидан мекунад, ки дар он ғанитарин коллексияи осори таърихӣ ҷойгир аст.
 
 
 
Эрон ва Чин ба роҳандозии созишномаҳои баимзорасида оғоз мекунанд
ТАСС. Теҳрон ва Пекин ба зудӣ ба иҷрои тавофуқоти дуҷониба дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ба Чин имзо шуда буданд, шуруъ мекунанд. Дар ин бора муовини вазири тиҷорат, саноат ва маъдан, раиси Созмони рушди тиҷорати Эрон Алиризо Паймонпок хабар дод.
Иҷрои қарордодҳо дар давоми ду моҳи оянда оғоз мешавад. Дар саноати мошинсозӣ ширкатҳои эронӣ ва чинӣ дар ин муддат нақшаи муфассали истеҳсоли муштаракро таҳия хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Чин барои беҳбуди сифати маҳсулот ва самаранокии истеҳсолот фанновариро дар саноати мошинсозӣ ба Эрон интиқол медиҳад. 
 
Санаи нашр: 21.02.2023 №: 40
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив