ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «АМАКҲОИ БУЗУРГИ МАН»

«АМАКҲОИ БУЗУРГИ МАН»

08 ноябр 2023, Чоршанбе
25
0


Зери ин ном китоби узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Хуршеда Содиқова, ки хотираҳои наврасиву ҷавонии ӯро дар бораи шоирони халқии Тоҷикистон, устодони зиндаёд Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Лоиқ Шералӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, нависандагони халқии Тоҷикистон  Фотеҳ Ниёзӣ, Раҳим Ҷалил, Абдумалик Баҳорӣ,  Артисти халқии СССР Ҳошим Гадоев, драматурги шуҳратёр Ғанӣ Абдулло, журналистон Дадоҷон Раҷабӣ, Ҳилолиён Аскар, Баҳром Фирӯз ва дигарон дар бар мегирад, аз тариқи нашриёти «Ношир» ба дасти хонандагони соҳибзавқ расид. 
Муаллиф менигорад, ки бо ин чеҳраҳои таърихӣ дар хонаи падар – адиб, драматург, сармуҳаррири рӯзномаи «Совет Тожикистони» Ҳоҷӣ Содиқ шинос ва ҳамсуҳбат шудааст. Ӯ, аз ҷумла дар китоб менависад: «Ҳадаф аз иншои ёдномаҳо тасвири тарзу низоми зиндагии ибратомӯзи устодони сухан аст. Кӯшиш намудам, ки саҳнаҳои зиндагии «амакҳои бузургам»-ро бо диди кӯдакона, ки дар хотирам нақш бастаанд, ба хонандагон ҳикоят кунам. Дӯстони падарам ифтихори ҷумҳурӣ ва сарвати бебаҳои миллати мо буданд, ҳастанд ва мемонанд. Вақте ки Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар ва Муҳаммад Осимӣ ба аёдати падари беморам омаданд, ба назар чунин мерасид, ки гӯё чаҳор ситора аз осмон ба манзиламон фуруд омада бошад».  
Дар ёднома муаллиф яке аз воқеаҳои аҷибро ба ёд оварда, чунин менависад: «Самад Ғанӣ бо Мирзо Турсунзода дӯсти қарин ва ҳамсоя буданд. Тобистон буд. Падарам аз Хуҷанд ба бӯстонсарои Варзоб як қуттӣ зардолу оварданд. Дар назди хонаи устод Турсунзода шоирону нависандагон шоҳмотбозӣ доштанд. Вақте ки қуттии зардолу пайдо гашт, ҳама хушҳол шуд, аммо бо сабабе Самад Ғанӣ аз байни ҷамъомад баромада, сӯи бошишгоҳашон рафтанд. Устод Турсунзода ба модарам гуфтанд: «Келинҷон, мо аз қуттӣ мехӯрем, ба Самад Ғанӣ як табақча зардолу бареду фақат ба дасти худаш диҳед». Модарам ин хоҳиши устодро ба ҷо меоранд. Самад Ғанӣ аз ҷой бо қаҳр хеста, ба лаби дарё равон шуд, вале зуд баргашта гуфт:
–  Келинмулло, ман Шуморо одами дуппа-дуруст гӯям, Шумо ҳам ба найранги Мирзо фаромадед-а?
Завҷаи Самад Ғанӣ ба модарам фаҳмонданд:
–  Домулло аз зардолу қимоб, инро Турсунзода медонанд, аз ин рӯ, ҳазл кардаанд». 
 «Хулласи калом, ҳаёти он бузургон бо чунин ҳодисаҳои аҷоибу ғароиб, нотакрор ва дилангез, шӯхиҳои рафиқона, ҳазлҳои хуб як зебоии хоси худро дошт ва ташкилкунандаи ин ҳодисаҳои нотакрор аксар вақт устод Мирзо Турсунзода буданд»,–  менависад нигорандаи ёднома Хуршеда Содиқ. 

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 08.11.2023 №: 220
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив