ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 100-СОЛАГИИ НИЗОРАМОҲ ЗАРИФОВА

ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 100-СОЛАГИИ НИЗОРАМОҲ ЗАРИФОВА

08 ноябр 2023, Чоршанбе
28
0

  
“Низорамоҳ Зарифова, наҷибтарин хислат ва коре, ки инсон дар тули ҳаёти худ метавонад анҷом диҳад, хизмати шоиста ба халқу Ватан ва миллати хеш аст, ки умри бобаракати Шумо намунаи барҷастаи он аст. Тамоми ҳаёти пуршебу фарози Шумо бо таърих ва тақдири Тоҷикистони азиз вобаста мебошад. Бонуе, ки аз ҳеҷ мушкил наҳаросида, тамоми ҳаёт ва фаъолияти хешро ба рӯзгори миллати худ пайванд додааст, дарси ибрат ва ифтихори занону бонувони тоҷик ба шумор меравад. Яъне, Шумо яке аз шахсиятҳои намоёни сиёсат, иҷтимоиёт ва фарҳанги миллӣ ҳастед, ки матонат ва масъулиятшиносии Шумо имрӯз барои садҳо нафар занону бонувон намунаи фаъолияти содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, расидан ба синни мубораки садсолагиро бароятон самимона табрик мегӯям. Ба Шумо, қабл аз ҳама, саломатӣ ва давлати бардавоми пирӣ орзу менамоям. Умри садсолагӣ муборакатон бод, Низорамоҳ Зарифоваи азизу гиромӣ”.
Ин табрикоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конференсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба 100-солагии ходими сиёсию давлатӣ, собиқадори меҳнат Низорамоҳ Зарифова садо дод. Чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оила дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Чароғафрӯзи маърифат ва фарҳанги миллӣ» доир гашт. 
Нахуст, Низорамоҳ Зарифова дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон ёддошт гузошт.
Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён бо изҳори қаноатмандӣ аз фаъолияти пурифтихори Низорамоҳ Зарифова дар вазифаҳои давлатӣ, табрикоти Ҳукумати мамлакатро ба ифтихори 100-солагии соҳибҷашн қироат намуд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз дошт, ки ин бону умри наҷибу бобаракат, тамоми фаъолият ва заҳматҳои хешро сарфи некуаҳволӣ ва саодатмандии мардуми тоҷик, хизмати содиқонаву пуршараф ба Ватан ва миллати бостонии хеш намудааст. Имрӯз ин зан, ин модар, ин отифаи зебои зиндагӣ ифтихори миллат аст.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки Низорамоҳ Зарифова дар минбарҳои баланд аз мавқеи зан, саҳми он дар инкишофи илм, тандурустӣ, фарҳангу маориф, тарбияи наслҳо, пешрафту кашфиёт сухан мегуфту аз корнамоиҳои мардуми  Тоҷикистон  қиссаҳо менамуд.
Арбоби намоёни давлативу ҷамъиятӣ Низорамоҳ Зарифова зимни суханронӣ барои қадршиносӣ изҳори сипос намуда, иштирокдоронро ба дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ, тарбияи ҷавонону наврасонро дар руҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ даъват намуд.

Лола РИЗОӢ,  “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.11.2023 №: 220
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив