ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «1,6 МИЛЛИОН СОМОНӢ. ЗАРАР АЗ ҚАТЪИ БЕОГОҲИИ БАРҚ»

«1,6 МИЛЛИОН СОМОНӢ. ЗАРАР АЗ ҚАТЪИ БЕОГОҲИИ БАРҚ»

08 ноябр 2023, Чоршанбе
11
0


Бо камоли эҳтиром ба маълумотатон мерасонем, ки мақолаи Ҷовиди Аштӣ  таҳти унвони «1,6 миллион сомонӣ. Зарар аз қатъи беогоҳии барқ» («Ҷумҳурият», 26.09.23, №191) дар ҷаласаи роҳбарият ва мутахассисони филиали ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Гулистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба ҳама маълум аст, ки кори бомароми соҳаи кишоварзӣ дар минтақаҳое, ки тавассути пойгоҳҳои обкашӣ шодоб гардонда мешаванд, ба таъмини барқ вобастагии ҷиддӣ доранд. Дар мақолаи  болозикр мушкили таъмини пойгоҳҳои обкашӣ бо барқ ва кори муназзами онҳо саривақтӣ бардошта шудаст. Бояд тазаккур дод, ки зиёни ба миқдори 1,6 миллион сомонӣ гӯё бо айби таъминоти барқ ба пойгоҳҳои обкашӣ расида, ки дар мақола оварда шудааст, саҳеҳият ва таҳлили амиқро тақозо менамояд. Бешубҳа, масъалаи таъмини барқи пойгоҳҳои обкашӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, дар филиали ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Гулистон ҳанӯз дар ибтидои оғози мавсими обёрӣ мавриди муҳокима карор гирифта, нақшаи чорабиниҳо оид ба тайёрии зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқи бо пойгоҳҳои обкашӣ вобаста, таҳия ва тасдиқ мегардад. Мавриди зикр аст, ки дар вилоят 26 зеристгоҳи барқии 110-220 кВ-и дар тавозуни филиали ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Гулистон қарордошта, пойгоҳҳои обкаширо бо барқ таъмин менамояд. Нақша-чорабиниҳо оид ба омодагии зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ ба мавсими обёрии соли 2023 аз тарафи мутахассисони филиал ба пуррагӣ иҷро шуданд. 
Тибқи протоколи №4-и ҷаласаи васеи ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» аз 6-уми январи соли 2023, банди 6, роҳбарони филиалҳои ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» муваззаф гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ то охири моҳи январи соли 2023 муоинаи пойгоҳҳои обкаширо гузаронда, санади муштарак ҷиҳати омодагии пойгоҳҳои мазкур ба мавсими обёрӣ таҳия карда, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об манзур намоянд. Дар ин раванд, аз тарафи нозирони раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Суғд дар пойгоҳҳои обкашии шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров 65 санҷиш, аз ҷумла санҷишҳои муштараки ҳолати омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими обёрии соли 2023, гузаронда шуд. Камбудиву нуқсонҳои ошкоргардида аксаран ислоҳ шуданд. Самараи ин аст, ки дар дар мавсими обёрии соли 2023 пойгоҳҳои обкашии вилоят нисбат ба соли 2022 хеле боэътимод фаъолият намуданд. Дар ин ҷода саҳми босазо ва заҳмати шабонарӯзии кормандони зеристгоҳҳои барқии «Суғд-500», «Устувор», «Бӯстон», «Конибодом» ва «Ашт», танзимгарони барқ, хадамотҳои зеристгоҳҳои барқӣ, шабакаҳои баландшиддат ва ҳимояи релегӣ хеле калон мебошанд. Дар мавсими обёрии имсола дар пойгоҳҳои обкашии «Хоҷабоқирғон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинобар осебпазирӣ ва ҷиҳати пешгирии садамаҳо аз ҳисоби мутахассисони хадамоти зеристгоҳҳои барқӣ ва дифои релегӣ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуд.
Дар мавсими обёрии имсола ба пойгоҳҳои обкашии вилояти Суғд, дар маҷмуъ, 1 миллиарду 226 миллиону 525 ҳазору 122 кВт-соат неруи барқ интиқол дода шудааст. Ҳамкории муштараки барқкорон ва таъмингарони об мусбат арзёбӣ мегардад ва барои таъмини маҳсулоти озуқаворӣ ногузир мебошад. Кормандону мутахассисони филиали ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Гулистон инро хуб эҳсос намуда, минбаъд низ баҳри таъмини эътимодноки пойгоҳҳои обкашии вилоят бо барқ ҷаҳду талош менамоянд.

Аҳмадзода М. Ҳ., роҳбари филиали ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Гулистон

Санаи нашр: 08.11.2023 №: 220
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив