ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ  ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ЗАРАРДИДАИ СУРИЯ

ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ  ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ЗАРАРДИДАИ СУРИЯ

22 феврал 2023, Чоршанбе
32
0
Бо ташаббус ва дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 феврали соли 2023 ёрии башардӯстона иборат аз маводи ғизоӣ, либос, кати хоб, лавозимоти тиббии аввалиндараҷа ва дигар ашёи зарурӣ, дар маҷмуъ, 55 тонна тариқи ду ҳавопаймо ба Димишқ расонда шуд, ки он ба мардуми аз заминларза зарардидаи Ҷумҳурии Арабии Сурия тақдим гардид.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, кумакро дар Фурудгоҳи байналмилалии Димишқ муовини вазири корҳои маҳаллии Сурия Муътоз Дуҳайҷӣ ва комиссияи махсус иборат аз мақомоти зирабти Сурия қабул намуд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии башардӯстонаро сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода расман ба ҷониби суриягӣ супурд.
Зимни нишасти матбуотӣ дар фурудгоҳи Димишқ сафир гуфт, ки Тоҷикистон дар асоси пайванди муносибатҳои дӯстӣ бо Сурия дар ин лаҳзаҳои басо душвор дар канори мардуми зарардидаи Сурия мебошад ва кумаки имрӯза нишонаи таваҷҷуҳ ва сиёсати башардӯстии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муътоз Дуҳайҷӣ аз номи Ҳукумат ва мардуми Сурия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин иқдоми саривақтӣ ва хайру сахо миннатдории самимӣ баён намуд. Таъкид гардид, ки ҷониби суриягӣ ҳеҷ вақт ин амали наҷиби Пешвои миллатро фаромӯш нахоҳад кард ва ин иқдом муҳаббати Ҳукумат ва мардуми Сурияро нисбат ба Сарвари давлати Тоҷикистон тақвият бахшид.
 
 
 
ҶАЛАСАИ НАЗДИ САРВАЗИР ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ
Дар шаҳри Хоруғ дар доираи бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳайати гурӯҳи корӣ, ки бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят сафарбар гардидаанд, аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Тавре аз ВМКБ хабар доданд, Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки Ҳукумати кишвар, шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оилаҳои шахсони фавтидаро зери таваҷҷуҳи хос қарор дода, онҳо аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мешаванд. 
Иттилоъ дода шуд, ки сарфи назар аз ҳамаи чораҷӯиҳои сохторҳои масъул на ҳамаи сокинон қоидаҳои бехатариро риоя намуданд ва оқибати он бо фавти 18 нафар дар ҳудуди вилоят анҷом ёфт. 
Ба раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Низом Мирзозода дастур дода шуд, ки дар фурсати кӯтоҳтарин лоиҳаро барои барқарор намудани хонаҳои зарардида омода ва барои мувофиқа пешниҳод созанд. 
Сарвазири мамлакат бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ташкилии корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъкид намуд, ки, пеш аз ҳама, сокинонеро, ки дар хонаи хешу табор ҷой гирифтаанд, ба манзилҳои алоҳида кӯчонда, барои барқарорсозии хонаҳое, ки қисман вайрон шудаанд, тадбирҳои фаврӣ андешанд. 
Роҳбарияти ВМКБ дастур гирифт, ки ҷиҳати шаффоф тақсим намудани кумакҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хонаводаҳои зарардида дастрас мешаванд, гурӯҳи корӣ дар ҳайати сохторҳои дахлдор таъсис дода, тақсимот ҷиддӣ назорат шавад.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 22.02.2023 №: 41
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив