ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ.  МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ФФТ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ҶОМЕАИ ФУТБОЛИ КИШВАР

ВАРЗИШ.  МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ФФТ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ҶОМЕАИ ФУТБОЛИ КИШВАР

09 ноябр 2023, Панҷшанбе
9
0

 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо раисони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар, раисони шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, инчунин, аҳли ҷомеаи футбол мулоқот доир намуд. Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба вазъи имрӯзаи футбол дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Ҳолати варзишгоҳ ва зерсохторҳои футбол дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мавриди интиқод қарор гирифта, ба масъулон ҷиҳати ислоҳи ҳарчи зудтари камбудиҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон аз қувваозмоиҳои бебарори бошгоҳҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» дар Чемпионати Тоҷикистон-2023, ки дар натиҷа онҳо ба лигаи якум фуромаданд, изҳори нигаронӣ намуд. «Вақте ки ман дар «Истиқлол» бозӣ мекардам, дастаи «Регар-ТадАЗ» рақиби асосии мо дар мубориза барои медалҳои тилло буд. Мутаассифона, ҳоло ба лигаи якум меравад. Ин барои роҳбарияти «Регар-ТадАЗ» ва «ТАЛКО» хеле баҳои паст аст. Дастаи шаҳри Бохтар мактаби хуби футбол дорад. Пештар бошгоҳи «Вахш» ном дошт. Бошгоҳе, ки мактаби хуби футбол дорад ва даҳҳо бозигарро барои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон тарбия кардаасту акнун ба лигаи якум меравад, боиси нигаронист», – гуфт президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ.
Ба роҳбарони вилоятҳо, шаҳру навоҳии кишвар ҷиҳати зиёд кардани буҷети дастаҳо ва ҷалби сарпарастон супоришҳо дод.
Дастур дода шуд, ки дар варзишгоҳҳои «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд, «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар, варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан ва «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода чароғҳо насб шаванд. Ҳамчунин, ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод шуд, ки дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаҳои донишгоҳиро баргузор созанд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.11.2023 №: 221
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив