ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. АЗ МЕХАНИЗМИ МУСТАҚИЛИ МИЛЛӢ ТО ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. АЗ МЕХАНИЗМИ МУСТАҚИЛИ МИЛЛӢ ТО ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

09 ноябр 2023, Панҷшанбе
49
0


"Дар давраи истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аксар санадҳои байналмилалии вобаста ба ҳуқуқи инсонро тасдиқ намуда, ҷиҳати таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд дар сатҳи қонунгузории миллӣ ва амалияи ҳуқуқазхудкунӣ тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монд. Яке аз чунин тадбирҳо, таъсис додани механизми миллии мустақили ҳифзи ҳуқуқӣ инсон, яъне мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мебошад".

Ин нуктаро Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  зимни як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе баён дошт. Дар ин нишаст, ки бо ҳузури намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шуд, мавзуи “Муҳимияти ниҳодҳои миллии қавии ҳифзи ҳуқуқи инсон: ҷамъбасти натиҷаҳо ва харитаи роҳ барои оянда”, ки ба 30-юмин солгарди қабули Принсипҳои марбута ба ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон (Принсипҳои Париж) ихтисос ёфта буд, мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Аз ҷумла, зикр гардид, ки мавҷудият ва фаъолияти бемонеаи ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон яке аз нишонаҳои муҳими давлати демокративу ҳуқуқбунёд мебошад, ки Тоҷикистон маҳз ин роҳро пеш гирифтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки принсипҳои марбут ба мақомоти миллӣ, яъне Принсипҳои Париж бо қатъномаи бевоситаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 20-уми декабри соли 1993 қабул гардида, ҳамчун стандартҳои байналмилалӣ шартҳои ҳадди ақалро муайян менамоянд ва ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон бояд ба онҳо ҷавобгӯ бошанд.
Умед Бобозода изҳор дошт, ки таҳкими иқтидори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон яке аз ҷанбаҳои муҳими уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, дар ин самт пайваста тадбирҳои сиёсӣ-қонунгузорӣ ва амалӣ андешида мешаванд. Ин дар ҳолест, ки кишвари мо зимни пешниҳоди гузоришҳои миллии худ аз ҷониби сохторҳои дахлдори СММ ҷиҳати таҳкими фаъолияти ниҳоди миллии ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тавсияҳо гирифтааст. Ин ниҳод, дар муддати 14 соли фаъолияти худ, дар низоми ҳуқуқии давлат мавқеи сазовор пайдо намуда, ҷиҳати татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пайваста саъю талош менамояд.  
Дар идома Зафар Сафарализода, муовини сардори Раёсати кафолатҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, П. Бялик, мушовири СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Л. Монтиел, роҳбари Намояндагии рушди СММ дар Тоҷикистон, вобаста ба мавзуи мавриди назар табодули афкор карданд. 

Судобаи ФАЙЗАЛӢ, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.11.2023 №: 221
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив