ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НБО “РОҒУН”. БОНУВОН ДАР САФИ ФАЪОЛОНАНД

НБО “РОҒУН”. БОНУВОН ДАР САФИ ФАЪОЛОНАНД

09 ноябр 2023, Панҷшанбе
16
0

 
Соли 2016 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ таъсис ёфт. Озмоишгоҳ дорои чор шуъба, аз ҷумла шуъбаи назорати корҳои бетонӣ, геотехникӣ, кимиё, металл ва назорати сифати анкерҳо буда, ҳоло дар он наздики 100 мутахассис фаъолият менамояд. Аксари мутахассисон маълумоти олӣ дошта, ба таври шабонарӯзӣ дар се баст фаъолият мекунанд. 

 
Ҳар маҳсулоти сохтмоние, ки ба озмоишгоҳ оварда мешавад, бодиққат аз ҷониби мутахассисони касбӣ аз ташхис гузаронда шуда, барои истифода иҷозат дода мешавад. Дар бунёди НБО “Роғун” саҳми занон низ назаррас аст. Махсусан, занони озмоишгоҳ бо фаъолияти пурсамар дар бунёди иншооти бузург саҳмгузоранд. Яке аз чунин бонувони ботаҷриба Баҳор Давлатова мебошад. Ӯ аз соли 2007 то соли 2014 дар назорати корҳои бетонии  Неругоҳ фаъолият дошт ва баъди таъсиси озмоишгоҳ дар шуъбаи кимиё ба ҳайси муҳандиси пешбар корро идома медиҳад. 
Бонуи дигари соҳибкасб Маърифат Ғаффорова аст, ки дар шуъбаи назорати корҳои бетонӣ, бахши озмоиши хосиятҳои физикию механикии семент кор мекунад. Тавре ӯ гуфт: “Ҳар субҳ аз Обигарм бо мошинҳои хизматӣ ба озмоишгоҳ меоям. Нахустин корамон аз муайян намудани ҳавои ташхисгоҳ оғоз меёбад”. Дар шуъбаи корҳои бетонӣ аз ҳар навъи семент намунабардорӣ шуда, онро дар шакли куб 28 рӯз дар ҳаммомчаи обӣ нигоҳ медоранд ва баъди фишурдашавӣ, мустаҳкамии онро дар асбобҳои махсус аз санҷиш мегузаронанд.
– Ҷавонон неруи созандаи миллатанд ва саҳми онҳо дар ҳамаи соҳаҳо баръало ба назар мерасад. Дар бунёди НБО “Роғун” зиёда аз 6 ҳазор ҷавон ба кор ҷалб гаштааст. Чанде пеш мутахассисони ҷавон барои такмили ихтисос аз тарафи роҳбари озмоишгоҳ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафарбар шуда, соҳиби сертификат гардиданд.
Мо – ҷавонон, суханони Роҳбари давлатро сармашқи кор қарор дода, ба сифати маҳсулоту корҳо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем ва кӯшиш мекунем, ки сохтмони НБО “Роғун”-ро зудтар  бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонем, –  изҳор дошт сардори шуъбаи металл ва назорати сифати анкерҳои озмоишгоҳ Рамазон Рамазонов.
Сулҳия Ҷунайдова яке аз мутахассисони ҷавони озмоишгоҳ низ, ифтихор дорад, ки дар қатори мардҳо дар бунёди НБО “Роғун” саҳмгузор аст. 
Дар озмоишгоҳ таҷҳизоту асбобҳо ва маводҳои зарурии лаборатории баландсифати ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ ва талаботи меъёрӣ аз кишварҳои Олмон, Россия, Швейтсария, Ӯзбекистон, Италия, Ҷопон ва Эрон ворид мегарданд. Барои дурусту фоиданок истифода бурдани онҳо бештар мутахассисони ҷавон дар хориҷа аз бахшҳои махсуси омӯзишӣ гузашта, соҳиби сертификатҳои касбӣ мешаванд. 

Руҳафзо МУРОДОВА, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.11.2023 №: 221
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив