ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НУРОБОД.  ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

НУРОБОД.  ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

09 ноябр 2023, Панҷшанбе
19
0


Нуробод яке аз ноҳияҳое мебошад, ки  тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст. Дар ин давра бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ноҳия дар ҳама соҳаҳо рушд карда,  шаҳраки Дарбанд бошад,  дар як муддати кӯтоҳ симои шаҳри замонавиро гирифт. Самараи сулҳу субот ва барқарории ваҳдати миллист, ки мардуми заҳматқарини ноҳияи Нуробод бо дасту дили гарм, назари нек ба оянда ҷиҳати пешрафти Ватан пайваста талош меварзанд. 
Раиси ноҳияи Нуробод Додарҷон Ҷобирзода доир ба рушду фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ ва таъмини рӯзгори осудаи аҳолӣ, нақшаҳои минбаъдаи ободонии ин диёр дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” андешаҳояшро баён кард, ки фишурдаи онро манзури хонандаи закӣ мегардонем. 
Имрӯзҳо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба хотири беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини онҳо бо ҷойи кори доимӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад. Барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар ноҳия 227 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора то ҳол 101 иншоот сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин давра 203 нафар ба ҷои корӣ доимӣ таъмин гардид. Бо  Солҳои рушди саноат эълон гаштани солҳои 2022-2026 дар ноҳия 10  корхонаи хурди истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифт. Тазаккур бояд дод, ки раванди корҳои сохтмонӣ дар  122 иншооти дигар идома дошта, дар 4 иншоот  корҳои сохтмонӣ то ҳол оғоз нагардидаанд.
Нуробод, аслан, ноҳияи аграрӣ буда, кишоварзӣ соҳаи афзалиятнок ва муҳими мардуми рустоӣ маҳсуб меёбад. Заҳматкашони ноҳия тули нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1532 га ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо, 297 га зироатҳои техникӣ, 525 га картошка, 378 га сабзавот ва 1451 га зироатҳои хӯроки чорво кишт кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 дарсад зиёд мебошад. Зикр бояд намуд, ки ҷиҳати таъмини мунтазами аҳолии ноҳия бо маводи ғизоӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхона ва анборҳо бо мақсади захира намудан барои давраи зимистонгузаронӣ идома дорад. 
Ҷиҳати пешбурди тамоми самтҳои хоҷагии халқ, маориф  ҳамчун  соҳаи муҳими  ҷомеа эътироф мешавад. Бинобар ин, дар ноҳия ба ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои ноҳия Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифу идораҳои дахлдор мунтазам вохӯриву ҷамъомадҳо мегузаронанд. Ҳоло дар ноҳия 84 муассисаи таълимӣ, ду муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дошта, зиёда аз 848 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошад. Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимӣ  шароити таълиму тарбия беҳтар шуда, донишу афкори хонандагон  низ, рӯ ба беҳбудӣ дорад. Ҷиҳати рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ   дар ноҳия  Коллеҷи муҳандисию техникӣ бо фарогирии 152 донишҷӯ фаъолият менамояд, ки ҳамасола хатмкунандагони он аз рӯи ихтисоси муҳосиб, барқсоз, тракторчӣ, гулдӯзу зардӯз ва дигар ҳунарҳо соҳиби диплому сертификатҳо мешаванд. 
Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум қабули Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон" хеле ба маврид аст. Бо риоя намудани Қонуни мазкур  маъракаҳо камхарҷ гузаронда шуда, сатҳи зиндагӣ боло рафта истодааст. Ба хотири назорати риояи Қонун, дар ноҳия 8 комиссияи доимоамалкунанда ва 18 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дорад. Тибқи талаботи қонунгузорӣ, давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 533 маърака ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 43-то кам мебошад. Хароҷоти умумӣ дар онҳо 1 миллиону 689 ҳазору 600 сомониро ташкил дод, ки  ба ҳар як маърака 3 ҳазору 170 сомонӣ рост меояд. Вале, мутаассифона, давоми нуҳ моҳи соли 2023 дар ноҳия 10 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3-то зиёд мебошад. Қонунвайронкунандагон ба маблағи 74 360 сомонӣ ҷарима шуданд. 

Гулнисои САЪДОНШО, 
"Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 09.11.2023 №: 221
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив