ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Мулоқоти гурӯҳи дӯстони об

Мулоқоти гурӯҳи дӯстони об

10 ноябр 2023, Ҷумъа
19
0


Дар қароргоҳи СММ вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстони об доир гардид. 
Дар нишаст масъалаҳои вобаста ба об ва чорабиниҳои дарпешистода, пайгирии натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар чорабинӣ ба ҳайси панелистон муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат иштирок ва суханронӣ намуданд.


Вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои ИДМ
Дар шаҳри Москва вохӯрии 11-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид.
Аз Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба мо иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии котиби Шурои амният Насрулло Маҳмудзода иштирок намуд. Дар нишаст масъалаҳои хавфу таҳдидҳо ба амният дар ҷаҳон ва дар фазои ИДМ, таъмини суботу оромӣ дар шароити афзоиши таҳдидҳои гибридӣ баррасӣ шуданд.


Имзои созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовар ва ВКД  Россия
Байни Агентии назорати маводи нашъаовар ва ВКД Россия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. 
Хадамоти матбуоти Агентӣ иттилоъ додааст, ки зимни имзои созишнома ҷонибҳо, ҳамчунин, вазъи назорати маводи нашъаоварро дар Тоҷикистон ва минтақа муҳокима намуда, аз афзоиши қочоқи маводи муҳаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои марбут ба он изҳори нигаронӣ карданд.


Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM, ки дар пойтахти Англия шаҳри Лондон баргузор гашт, иштирок намуд. 
Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ додааст, ки дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии ватанӣ барои тавсеаи ҳамкории мустақим бо ниҳодҳои сайёҳии хориҷӣ ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонданд.


Ширкати намояндагони Тоҷикистон дар Форуми минтақавӣ

Вакилони Маҷлиси намояндагон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар Форуми минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гашт, иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш – фаъолсозии ҳамкории минтақавӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ, ҳамоҳангсозии мавқеи давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии иштироки давлатҳои минтақа дар ин самт гардид. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд. 


Татбиқи стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм
Дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа вохӯрии курсантон бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир шуд, ки дар он доир ба нақш, аҳамият ва татбиқи амалии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар мулоқот изҳор гардид, ки имрӯз таҳдиди терроризму ифротгароӣ ба сулҳу суботи давлатҳо, таъмини ҳаёти осоиштаи мардум, амнияту оромии бархе давлатҳо ва пешрафти самту соҳаҳои гуногуни ҷомеаи муосир хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудааст. Таъкид шуд, ки дар шароити пайомадҳои сиёсию идеологӣ ва таҳдиду хатарҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аҳли зиёро зарур аст ба хотири тарбияи дурусти насли наврас тамоми роҳу воситаҳои таъсиррасонро истифода баранд. 

Санаи нашр: 10.11.2023 №: 222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив