ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Бозӣ миёни «Истиқлол» ва «Персеполис» мусовӣ шуд

Бозӣ миёни «Истиқлол» ва «Персеполис» мусовӣ шуд

10 ноябр 2023, Ҷумъа
24
0


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври чоруми марҳалаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 дар гурӯҳи «Е» бо дастаи «Персеполис»-и Эрон мусовӣ (1:1) бозӣ кард.
Вохӯрии дастаҳо 7-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар дақиқаи 30-юм бозигари тими меҳмон Маҳдӣ Туробӣ гол зад. Дар дақиқаи 74-ум легионери африқоии “Истиқлол” Сенин Себай ҳисобро баробар кард.
Дар бозии дигари гурӯҳ тими “Ан-Наср” (Арабистони Саудӣ) бар дастаи “Ад-Дуҳайл” (Қатар) бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.
Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии даври чоруми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ан-Наср” бо 12 хол дар мақоми аввал, “Персеполис” бо 7 хол дар зинаи дуюм, “Истиқлол” бо ду хол дар ҷои сеюм, “Ад-Дуҳайл” бо як хол дар мақоми чорум қарор доранд.
Бозии навбатии дастаи «Истиқлол» дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 27-уми ноябр дар сафар муқобили “Ад-Дуҳайл”-и Қатар баргузор мешавад. 


БОКС
9 медали муштзанҳои ҷавон дар Чемпионати Осиё
Дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон оид ба бокс дар Чемпионати Осиё, ки аз 23-юми октябр то 3-юми ноябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир гашт, 9 медал ба даст оварданд.
Тибқи иттилои Конфедератсияи бокси Осиё, дар чемпионат миёни наврасон 220 варзишгар (147 писар, 73 духтар) ва миёни ҷавонон 215 варзишгар (137 писар, 78 духтар) аз 22 давлати қора ширкат карданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 24 варзишгар (13 наврас, 11 ҷавон) намояндагӣ карда, 1 медали нуқра, 8 биринҷӣ ба даст оварданд.
Медали нуқраро миёни наврасон Ҷаҳонгир Камолов дар вазни -46кг сазовор шуд. Мансурхуҷа Муминов (-48кг), Билолҷон Иксанов (-50кг), Абубакр Ғафуров (-66кг), Зиёратшо Қосимов (-70кг), Фариноз Абдуллова (-52кг), Мино Аъзамзода (-60кг) миёни наврасон, Меҳроҷ Суфиҷонов (-48кг) ва Баҳромбек Ҳотамов (-71кг) миёни ҷавонон медали биринҷӣ гирифтанд.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадр шуданд. Ба барандагони медали тилло 1000 доллари ИМА ба барандагони медалҳои нуқраву биринҷӣ мутаносибан 500 ва 250 доллари ИМА тақдим гардид.


ҶУДО
Набимуҳаммад Хоркашев – чемпиони ҷаҳон миёни собиқадорон
Аз 31-уми октябр то 3-юми ноябр дар шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон баргузор шуд.
Тибқи маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқот 1011 варзишгар аз 68 давлат ширкат карданд. Тоҷикистонро 21 паҳлавон миёни мардон намояндагӣ намуда, ба гирифтани 1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ даст ёфтанд.
Рақобатҳо аз рӯи синну сол дар 9 гурӯҳ доир гаштанд. Паҳлавони маъруфи кишвар Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни +100кг (30-49-солаҳо) соҳиби медали тилло, дар ҳамин гурӯҳ Мақсадшо Бердиев дар вазни -90кг сазовори медали нуқра, Ҳабибулло Маҷидов дар вазни -81кг (65-70-солаҳо), Хайрулло Назриев дар вазни +100кг (55-69-солаҳо) ва Беҳрӯз Сабзалиев дар вазни +100кг (35-59-солаҳо) соҳиби медали биринҷӣ гаштанд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 10.11.2023 №: 222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив