ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР  ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ

ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР  ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ

13 ноябр 2023, Душанбе
6
0


10-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия иштирок карда, сухан ронданд.
Пас аз иҷрои Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиёни паради низомӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни касбиашон – Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик гуфтанд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо амри фармондеҳи парад ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик гузашти ҳарбӣ оғоз гардид.
Дар паради ҳарбӣ кормандони раёсату шуъбаҳо, хадамот, ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ ширкат варзиданд.
Мавриди зикр аст, ки, дар баробари мардон, занону бонувони тамоми шохаҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар паради низомӣ фаъолона иштирок карда, бо марши тантанавӣ қадам заданд.
Дар майдони сафороӣ, инчунин, шумораи зиёди техникаҳои гуногуни зиреҳпӯши ҷангӣ ва навъҳои мухталифи автомашинаҳои ҷангию хизматӣ гузошта шуда буданд.

Санаи нашр: 13.11.2023 №: 13
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив