ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СУЛТОН АБДУРРАҲМОН АЛ-МАРШАД

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СУЛТОН АБДУРРАҲМОН АЛ-МАРШАД

13 ноябр 2023, Душанбе
16
0


11-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Риёз бо раиси Фонди  рушди саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад вохӯрданд.
Аз вазъи кунунии ҳамкории судманд бо Фонди рушди саудӣ изҳори қаноатмандӣ шуда, зарурати идомаи он  барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон таъкид гардид. Ҷиҳати иштироки Фонди рушди саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, хусусан Неругоҳи барқи обии “Роғун”, дастгирӣ ва мусоидат ба маблағгузории сохтмони он, фикру мулоҳизаҳои судманд баён гаштанд. Ҳамчунин, мусоҳибон идомаи ҳамкории босамари Тоҷикистону Фонди рушди саудиро дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла иншооти соҳаи маориф ва тандурустӣ, дар кишвари мо таъкид карданд.
Ҷонибҳо  барои идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тиҷорату сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ,  омодагӣ  ва ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Изҳори итминон шуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Фонди рушди саудӣ минбаъд низ ба таври назаррас густариш меёбад.

Санаи нашр: 13.11.2023 №: 223
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив