ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТУХМИПАРВАРӢ. ЧАРО МУҲИМТАРИН БАХШИ КИШОВАРЗӢ ҲАНӮЗ ҲАМ МУВАФФАҚ НЕСТ?

ТУХМИПАРВАРӢ. ЧАРО МУҲИМТАРИН БАХШИ КИШОВАРЗӢ ҲАНӮЗ ҲАМ МУВАФФАҚ НЕСТ?

14 ноябр 2023, Сешанбе
75
0

Дар шароити ҷумҳурии камзамини мо танҳо тавассути истифодаи пурмаҳсули тухмиҳо ва нигоҳубини дурусти зироатҳо ҳосили дилхоҳ гирифта, амнияти озуқавориро таъмин намудан имконпазир аст. Аз ин рӯ, барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва, дар ин замина, таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (24-уми январи соли равон) Вазорати кишоварзиро вазифадор карданд, ки якҷо бо Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сохтору мақомоти дахлдор ба масъалаҳои истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмини хоҷагиҳо бо тухмии баландсифати ба иқлим мутобиқ диққати аввалиндараҷа диҳанд. 


 
Зарурати рӯ овардан ба ин масъала бе ваҷҳ нест, зеро бо афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани талабот ба маводи озуқа муҳим аст, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас ва муассир роҳандозӣ гарданд. Бо вуҷуди имкониятҳои васеъ, мутаассифона, мушкилиҳо дар ин самт зиёданд. Аз ҷумла, норасоии навъҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ (пахта, ғалла, лӯбиё, картошка, сабзавот, хӯроки чорво), паст будани пойгоҳи моддию техникии ташкилотҳои илмии соҳавӣ ва хоҷагиҳои тухмипарварӣ, суст ба роҳ мондани назорати сифат, сертификатсияи тухмӣ, норасоии мутахассисони варзидаи соҳа, пурра иҷро нашудани барномаҳои давлатии соҳаи тухмипарварӣ, ҷудо нагардидани маблағҳое, ки дар асоси барномаҳо барои рушди соҳа ҷудо шудаанд, ҳанӯз зиёд ба чашм мерасанд. Муҳимтар аз ҳама хоҷагиҳои тухмипарварӣ то ҳол талаботи хоҷагиҳои деҳқониро бо тухмии сертификатсияшуда пурра таъмин карда наметавонанд, ки боиси паст гаштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ шудааст. Ҳамкории олимон (селексионерҳо) бо кишоварзон ҷиҳати кашфи навъҳои нави  зироатҳои полизӣ, пахта, ғалла ва картошка ҳамоно беҳбудӣ мехоҳад.  

 
Профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Мақсадулло Исмоилов, гуфт, ки ин масъала бештар ба фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва масъулияти роҳбарон вобаста аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ, новобаста ба теъдоди зиёди хоҷагиҳои тухмипарварӣ, барои пешрафти соҳа корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад. Сол ба сол тухмиҳои хушсифати навъҳои зиёдеро аз хориҷ ворид намуда, ба хоҷагиҳои истеҳсолӣ ва пешқадам дастрас мегардонад. Яъне, вазифаи асосии хоҷагиҳои тухмипарвариро  иҷро мекунад. Албатта, олимони соҳа кӯшиш доранд, ки навъҳои наву серҳосил кашф созанд, вале корҳои селексионӣ ва тухмипарварӣ бе пойгоҳи мустаҳками моддию техникӣ, таҷҳизоти лабораторӣ, пардохти ҳаққи муаллифии олимон хеле мушкил аст, чунки ин кор муҳлати зиёдро талаб мекунад. 

Ҷӯрахон Азизов, сардори раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзӣ, яке аз сабабҳои асосии норасоии тухмиҳои хушсифати серҳосили ба касалиҳо ва иқлим тобоварро дар таъмин набудани хоҷагиҳо бо тухмии гурӯҳи суперэлита ва элита рабт дода, чунин гуфт: 

– Дар ҳақиқат, хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ ба талаботи имрӯза пурра ҷавобгӯ набуда, роҳбарони онҳо низ барои истеҳсоли тухмӣ кам таваҷҷуҳ менамоянд. Аз ин рӯ, дар ҷумҳурӣ норасоии тухмии хушсифат мавҷуд асту ҳар сол, ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо, тақрибан 40-50 дарсади хоҷагиҳо бо тухмии репродуксионӣ таъмин мегарданд. 

Ҳосилнокии зороатҳо ба гурӯҳи тухмӣ вобастагии калон дорад. Ба хотири таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии сертификатшуда, дар ҷумҳурӣ 128 хоҷагии тухмипарварӣ фаъолият менамояд. Мутаассифона, хоҷагиҳое вуҷуд доранд, ки бо ном тухмипарвар ба қайд гирифта шудаанд, аммо то имрӯз  мушахассан кореро дар ин самт анҷом надодаанд.  Аз ҷумла, тайи солҳои охир хоҷагиҳои тухмипарварии “Сорбон”, “Салом” ва “Самар-М.М”-и ноҳияи Восеъ, ҶДММ “Зафар-2004”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҶДММ “Файзи Ёвон”-и ноҳияи Ёвон, Кооперативи истеҳсолии “Бахтиёри Аҳмад”-и ноҳияи Панҷ, “Абдурасул”-и ноҳияи Ҷайҳун, Ассотсиатсияи илмӣ-истеҳсолии ба номи Раҳмон Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, хоҷагиҳои деҳқонии “Тӯйчибой”-и шаҳри Истаравшан, ба номи Ибодулло Меликмуродови ноҳияи Шаҳринав, “Зувайд”-и ноҳияи Сангвор, “Оби лурд”, “Пандовчӣ”-и ноҳияи Нуробод ва “Шумон”-и шаҳри Ҳисор тамоман дар самти истеҳсоли тухмӣ фаъолият надоранд. Сабаби фаъолият накардани хоҷагиҳои мазкур аз тарафи раисони ноҳияҳо  таҳти таҷдид қарор додани заминҳои ин  хоҷагиҳо, қарздор будан аз андоз ва ғайраҳо ба ҳисоб меравад. 

– Барои ихтирои як навъи зироат, аз ҷумла гандум, селексионер дар парваришгоҳҳои таҷрибавӣ 7-8 сол омӯзиш гузаронда, навъи тайёршударо номгузорӣ карда, ба Комиссияи давлатии навъсанҷӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзӣ месупорад. Тайи се-чор сол дар стансияҳои Комиссияи давлатии навъсанҷӣ, ки дар минтақаҳои ҷумҳурӣ пойгоҳҳо дорад, дар шароити заминҳои обӣ ва лалмӣ омӯзиш гузаронда мешавад. Навъи беҳтарин, ки ҳосилнокиаш баланду ба касалиҳо устувору сифатнокиаш хуб аст, ҳамчун навъи ояндадор ҳисобида мешавад, – иброз дошт Раҳмон Саидзода, директори Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон. 

То соли 2004 хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ аз имтиёзҳо бархӯрдор буданд. Бо ҷорӣ гардидани низоми андози ягона аз имтиёзҳо маҳрум шуданд.  Имтиёзҳое, ки дар моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тухмипарварӣ” муқаррар гардидаанд, аз ҷумла ҷудо кардани маблағҳои давлатӣ, ҷуброни хароҷот барои истеҳсоли тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элита, додани қарзҳои имтиёзнок, мавриди амал қарор намегиранд. Маблағҳои субсидӣ (кумаки молиявӣ), ки барои тухмипарварии ибтидоӣ, элита ва истеҳсоли тухмиҳои репродуксияи якум ва дуюм дар моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар гардидаанд, барои хоҷагиҳои тухмипарварӣ ҷудо намешаванд. Бе дастгирии давлат ва додани имтиёзҳо ба истеҳсолкунандагони тухмии кишоварзӣ рушди тухмипарварӣ мушкил аст. Нокифоя будани маблағ барои селексия, риоя нашудани талаботи агротехникӣ ва дастурҳои илмию методӣ, аз ҳад зиёд будани теъдоди хоҷагиҳои тухмипарварӣ, бе назардошти талаботи истифодабарандагон истеҳсол намудани тухмӣ, хусусӣ будани аксар хоҷагиҳои тухмипарварӣ низ аз мушкилиҳои дигари соҳа мебошанд. 
Хурсандшоҳ Раҳматов, роҳбари кооперативи тиҷоратии “Авесто-5”-и ноҳияи Қубодиён ва Шавкат Холов, роҳбари кооперативи тиҷоратии “Самир С”-и шаҳри Турсунзода, ки самти фаъолияташон истеҳсоли тухмии пахта ва ғалладона мебошад, изҳор намуданд, ки барои инкишофи тухмипарварӣ дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ эҳсос мегардад, вале нарасидани таҷҳизот ва техникаи парвариши тухмӣ, нархи гарони нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ ва фоизи баланди қарзҳои бонкӣ, имкон намедиҳанд, ки соҳа бештар рушд ёбад.

Хоҷагидорону деҳқонони кишварро айёми киштукор сифати пасти тухмиҳои воридотӣ, аз ҷумла навъҳои ғалладона ва картошка, нигарон намудааст, ки паҳлуи дигари мавзуъ мебошад. Ҳанӯз қисми зиёди деҳқонон аз навъҳои тухмии воридотӣ истифода мебаранд. Чаро деҳқонон аз тухмиҳои маҳаллӣ кам истифода мебаранд? 

Ҷӯрахон Азизов иброз дошт, ки тухмии навъҳои хориҷӣ нисбат ба ватанӣ ҳосилноканду дар асоси тавсияи мутахассисони Вазорати кишоварзӣ ва назорати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба ҷумҳурӣ ворид мегарданд. 
Мақсадулло Исмоилов мегӯяд, ки бояд тухмии навъҳои маҳаллӣ нисбат ба хориҷӣ бартарӣ дошта бошанд. Зеро навъҳои маҳаллӣ вобаста ба шароити минтақа парвариш шуда, минтақабобанд ва онҳо ба ҳамон шароит мутобиқанд. Инчунин, аз нуқтаи назари генетикӣ ва экологӣ тоза буда, дорои генҳои шаклдигаркардашуда набуда, тавассути онҳо маҳсулоти аз нуқтаи назари экологӣ тоза ва ба саломатии инсон безарар истеҳсол мешаванд. Тухмии зироатҳое, ки аз хориҷ ворид мегарданд, бояд дар асоси технологияи пешқадам (интенсивӣ) парвариш ёбанд ва дар шиносномаи навъ ин нишондод навишта мешавад. 
Директори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Алиф Толибов, гуфт, ки барои рушди соҳа ва истеҳсоли тухмиҳои хушсифат пойгоҳҳои моддию техникии хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва таҷрибавӣ бояд мустаҳкам бошанд. Инчунин, ҳамкорӣ миёни муассисаҳои илмӣ бо хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва хоҷагидорону фермерон вусъат гирад. 
Аз гуфтаҳои зикргардида мақоли «Аз дони пӯсида ва тухмии фарсуда ҳосили хуб нарӯяд» ба зеҳн мерасад. Месазад, ки масъулони соҳа ва раисони шаҳру ноҳияҳо, ба масъалаи захираи тухмии босифати ватанӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд ва дар иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» саҳм бигиранд. 

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”

 

Санаи нашр: 14.11.2023 №: 224-225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив